вторник, 25 октября 2022 г.

Аксҳо аз ёдҳо


 Ёде аз гузашта

Ин акс соли 1966 дар шаҳри Душанбе гирифта шудааст.

Аз тарафи чап раҳмати Падарам Маҳмуд Идиев донишҷӯи курси чорӯми донишгоҳи педагоги ва ҷиянашон устод Сайдраҳмон Сулаймони хонандагии синфи 11 

Падари бузургворам инсонҳои донишмандро бисёр дӯст медоштанд. Ҳамеша талқин мекунанд ба ҳама наздикон, ки илму дониш омӯзед. Чунки инсонҳои босаводро Худованд дӯст медорад.

Касе, к-ӯ ба дониш тавонгар бувад, Зи гуфтору кирдор беҳтар бувад.(Тӯсӣ).

Мавлуд муборак

Сирати олим

Имрӯз яке аз ахтарони шарқшиносии тоҷик олими шинохтаи илму фарҳанги тоҷик, устоди гиромиқадр, Падари бузургвор Саидраҳмон Сулаймонов ба сини мубораки 75 расидаанд.
Шахсан барои ман имрӯз рӯзи хурсанди аст, чунки устод Сайдраҳмон Сулаймони барои мо ҳаққи Падари доранд. Ҷияни дӯстдоштаи раҳмати Падарам буданд. Баъди даргузашти Падар то имрӯз ҳамеша барои мо ҳамчун Падар роҳнамою роҳбар ҳастанд. Дар симои ин марди бузург ва олими беназир ман як дунёи беканори илмро мебинам. Ифтихор дорам ва шукрона мекунам бо чунин Падар.
Падари гиромиқадр Шуморо бо фарорасии мавлуди хуҷастаатон самимона таҳният мегӯем. Бароятон, қабл аз ҳама умри дарози бехазон, толеи баланд ва хушбахтии ҷовидонаро таманно дорем. Мо ҳама шуморо дӯст медорам.

Илоҳо ҳарду хушбахти замину осмон бошед,

Ҳар он чи  дар ҷаҳон хуб асту зеботар ҳамон бошед.


 

четверг, 13 октября 2022 г.




АХТАРИ ШАРҚШИНОСОНИ ТОҶИК

Илм ояд ҷаҳлҳо расво шавад, офтоби илм чун тобон шавад, мушкили олам барот осон шавад. Ин мисраҳо аз «Асрор-уш-шуҳуд»-и мутафаккири машҳури ирфонии асрҳои ХУ-ХУ1-и тоҷик Шамсуддин Муҳаммад Лоҳиҷӣ мебошад, ки дар бораи мақоми илм дар ташаккули маърифатӣ-ахлоқӣ ва рушноии зиндагию аз ҷаҳлу гумроҳи наҷотёбии инсон фармудааст. Ин мисраҳои омӯзанда ба зиндагии олими тавоною заҳматкаши тоҷик, ки яке аз шарқшиносони номдори замони муосир ба ҳисоб меравад Саидраҳмон Сулаймонов рабт дорад. Олими шинохтаи илму фарҳанги тоҷик Саидраҳмон Сулаймонов мутаваллиди ноҳияи Тоҷикобод буда, пас аз хатми мактаби миёна таҳсилоти хешро дар факултети таърих ва филологияи тоҷик, шуъбаи арабии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон идома медиҳад. Устод С. Сулаймонов аз соли 1972 то соли 1985 ба сифати устод ва баъдан ба унвони дотсенти кафедраи филологияи арабии факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба кори таълимиву илмӣ ва мутарҷимӣ машѓул шудааст. Соли 1970-1971 дар Ҷумҳурии Арабии Яман ва соли 1980-1983 дар Ҷумҳурии Ироқ ба унвони мутарҷим кор кардаанд. Устод Саидраҳмон Сулаймонов солҳои 1985-1992 ба сифати ходими калони илмӣ ва соли 1992-2005 мудири «Шуъбаи тарҷума ва таҳияи мероси фалсафи»-и Пажуҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ шуда фаъолият намудаанд. Баъдан ба вазифаи мудири кафедраи филологияи арабии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2005-2012) интихоб шуданд.
  Дар баробари ин ӯ Узви ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, аъзои ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон ва Либиё (Ливия), аъзои Шурои дифои рисолаҳои номзадӣ ва доктории илмҳои филологӣ, Узви вобастаи Академияи забони арабӣ дар Қоҳира мебошад.  
 Профессор Сулаймонов Саидраҳмон дар соҳаи забон, забони фалсафаи тоҷик, фарҳанги арабӣ ва арабӣ-тоҷикӣ, адабиёти тоҷикӣ – арабӣ ва дастурҳои таълимӣ ва инчунин тарҷумаҳои илмӣ аз арабӣ ба тоҷикӣ корҳои зиёде анҷом додааст. Аз ҷумлаи «Фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ» дар ду ҷилд (2004-2005), «Фарҳанги васити арабӣ-тоҷикӣ» (2008), монографияи «Ташаккули забони фалсафаи тоҷик» (1997), дастури таълимии бо номи «Дастури мукотиботи бозаргонӣ ба забони арабӣ ва тоҷикӣ» (1999), «Очерки мухтасари сарф (морфология»-и забони арабӣ», 2005), таҳқиқу тарҷума аз арабӣ ба тоҷикии «Мавлоно Ҷомии Сонии Қаротегинӣ» (2005), «Фарҳанги шомили арабӣ-тоҷикӣ» (2011) ва ѓ.
   Профессор Сулаймонов Саидраҳмон як қатор тарҷумаҳои илмӣ аз арабӣ ба забони тоҷикӣ низ анҷом додаанд. Омар Хаййм: «Философские трактаты» (2002), Садруддин-аш-Ширази: трактат «Небесная мудрость» (Алмаата, 2004).
   Саҳми профессор Саидраҳмон Сулаймонов дар тарҷимаву таҳияи осори мутафаккири бузурги тоҷик Абуалӣ ибни Сино аз арабӣ ба тоҷикӣ ниҳоят арзанда аст. «Ҳикмати машриқия», «Ибора» ва «Ҳидоя» (аз «Китоб-уш-шифо», Осори ирфонӣ ва маънавии Ибни Сино, ки 20 рисоларо дар бар гирифта, солҳои 2005, 2006, 2008, 2009, 2010 ва 2011 таҳия ва нашр шудаанд.
   Ба таври мухтасар мо ҷавҳаре аз заҳматҳои ин шахсияти заҳматкашу бо лаёқатро баён намуда, гуфтанӣ ҳастем, ки маҳз саъю талош ва меҳнати ҳалолу омӯзиши фаъоли илму фарҳанг ӯро ҳамчун ахтари шарқшиносони тоҷик ба аҳли илму адаби ҷаҳони башар муаррифӣ менамояд, ки дар айни замон як намунаи дарси ибрат ба аҳли илму адаби ҷавони муосир ҳам шуда метавонад.
   Профессор Саидраҳмон Сулаймоновро ба рӯзи камолоташон табрик гуфта, ба Он кас ва аҳли байташон саломативу сарсабзӣ орзу менамоем ва умедворем, ки боз дар соҳаи илму фарҳанг ва шарқшиносии тоҷик бо осори минбаъдаи хеш мардуми тоҷикро сарбаланд мегардонад.
         
Муродова Т.,
 
номзади илмҳои фалсафа,
ходими пешбари илмии
Шуъбаи таърихи фалсафаи
Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва
 ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови  АМИТ
(Мавод аз саҳифаи Машраби Абдулло аз Фейсбук гирифта шудааст )

 

ЭҲДО БА УСТОД САЙЙИДРАҲМОН СУЛАЙМОНӢ

 


ЭҲДО БА УСТОД САЙЙИДРАҲМОН СУЛАЙМОНӢ

Тавон дарёфт аз тафсири осори Сулаймонӣ:

Шукӯҳи илми тоҷик нест кам аз илми юнонӣ.

Чу андар муҳтавову ҳаҷми осораш биандешӣ,

Яқин донӣ, ки ҳаст аз дудаи рахшони Сомонӣ.

Гаҳе бо мантиқи Сино ба умқи илм раҳ ҷӯяд,

Гаҳе бо “Ибни Яқзон” аст дар ҳолоти ирфонӣ.

Ҳамеша дар хати пеши сухан буда ба чандин хат:

Хати бишкаставу кӯфиву настаълиқу райҳонӣ.

Аҷамро хатми даъвӣ шуд ба майдони сухансанҷӣ,

Арабро зеби дафтар шуд чу “Фарҳанги Сулаймонӣ”.1

Ба тавфиқи илоҳӣ шуд бурун аз чоҳи мушкилҳо,

Ба илми худ Азизи Миср шуд ин Юсуфи сонӣ.2

Чи гавҳарҳо бароварда зи баҳри “Ҳикмати Машриқ”,

“Ҳидоятҳо” фароз оварда бас аз илми раббонӣ.

“Махориҷ-ал-ҳуруф”-и Пури Синоро ба тоҷикӣ

Чунон орост, ки гӯйӣ чунин будаст бунёнӣ.

Забони ҷумла мурғонрову мӯронро ҳамедонад,

Ба аҳди худ Сулаймонест бо таҳзиби қуръонӣ.

Ало шоир, ба як умр он чи ӯ оварда дар дафтар,

Ду умрат гар диҳад Яздон, ту онро хонд натвонӣ.Намонда дар замони худ зи лутфи ҳодиён берун,

Расида ҳамчу Хизри раҳ ба нуристони раҳмонӣ.

Арабдон асту тоҷикзода дар илми ҷаҳон машҳур,

Ба мавлид Тоҷикободӣ, ба мавтин Тоҷикистонӣ.

Рустами Ваҳҳоб.

Сайдраҳмон Сулаймони

 Муҳаққиқ, мубаллиғ ва мутарҷими осори илмии Шайхурраис Ибни Сино Сухан гуфтан дар бораи яке аз арабшиносони маъруфу ангуштшумор, доктори ил...