суббота, 26 октября 2013 г.

Устод профессор Сайидраҳмон Сулаймонӣ

Ҳ О Л Н О М А

(муфассал)

Доктори илми филология, профессор Сайидраҳмон Сулаймонї 26-уми октябри соли 1947 дар ноҳияи Тоҷикободи Љумњурии Тољикистон таваллуд шудааст.
Баъди хатми мактаби миёна соли 1964 ба шуъбаи арабии факултети таърих ва филологияи Донишгоњи давлатии Тољикистон ба номи В.И Ленин дохил гардида, соли 1969 онро ба итмом расонидааст.
Баъд аз хатми Донишгоњ соли 1969 то 1970 ба сафи Армияи Советї ба њайси тарљумон-афсари њарбї даъват гардида, аз соли 1970 то соли 1971 дар Љумњурии Арабии Яман ба сифати тарљумони њарбї аз забони арабї ба забони русї кор кардааст. Баъди бозгашт аз сафи Армияи Советї солњои 1971-1972 ба њайси муаллими забони арабї дар мактаби миёнаи №53-и шањри Душанбе ифои вазифа намудааст.
Аз соли 1972 то соли 1974 дар кафедраи филологияи араби Донишгоњи давлатии Тољикистон ба њайси лаборанти кафедраи мазкур кору фаъолият кардааст. Њамзамон дар соли 1974 ба шуъбаи аспирантураи назди кафедра дохил гардида, соли 1979 онро бомуваффаќият ба итмом расонида, дар њамин сол дар мавзўи «Асосњои лингвистии топонимика дар асари «Мўъљаму-л-булдон»-и Ёќути Њамавї (XIII)» дар Пажўњишгоњи ховаршиносии АИ Иттињоди Шўравї рисолаи номзадиро дифоъ намудааст.
Аз соли 1974 то соли 1979 дар кафедраи филологияи араби факултети шарќшиносии Донишгоњи мазкур ба њайси ассистенти кафедра кор кардааст. Баъди њимояи рисолаи номзадї аввал ба њайси муаллими калони кафедраи мазкур ва сипас ба сифати иљрокунандаи дотсенти њамин кафедра то соли 1980 фаъолияти илмї ва педагогї намудааст.
Аз соли 1980 то 1983 ба Љумњурии Ироќ сафари хидматї намуда, ба њайси тарљумон-референти Мушовир доир ба равобити иќтисодии сафорати Иттињоди Шўравї дар Љумњурии Ироќ кор кардааст.
Баъди бозгашт аз сафари хидматї солњои 1983-1985 дар кафедраи филологияи араби факултети шарќшиносии Донишгоњи давлатии Тољикистон ба њайси иљрокунандаи дотсенти кафедраи мазкур кор кардааст. Аз соли 1985 бо даъвати Раёсати Академияи Илмњои Љумњурии Тољикистон ба њайси корманди калони шуъбаи тарљума ва тањияи осори фалсафии мутафаккирони тољику форс ба Пажўњишгоњи фалсафа ва њуќуќи АИ ЉТ даъват гардида, аз соли 1992 то соли 2005 дар вазифаи мудири Шуъбаи тарљума ва тањияи осори фалсафии мутафаккирони тољику форс кору фаъолият намудааст.
Баъди њимояи рисолаи докторї дар мавзўи «Тањаввули истилоњи фалсафї дар забонњои арабї ва тољикї дар пояи мероси фалсафии Ибни Сино» дар соли 1997 ва идомаи фаъолият дар Шуъбаи тарљума ва тањияи осори фалсафии мутафаккирони тољику форс то соли 2005 дар њамин Шуъба иљрои вазифа намудааст.
Дар соли 2005 ба тариќи озмун ба њайси мудири кафедраи филологияи араби факултети шарќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон ба кор оѓоз намуда, то 2012 дар ин вазифа фаъолияти илмї-педагогии худро идома додааст.
Дар њоли њозир Сулаймонов С. ба њайси профессори кафедраи филологияи араби факултети забонњои Осиё ва Аврупои Донишгоњи миллии Тољикистон кор карда истодааст.
Фаъолияти илмї ва иљтимоии д.и.ф. Сулаймонов С. ба се соња таќсим кардан мумкин аст:
1). Номбурда аз соли 1972 то кунун бо фосилањои мухталиф дар кафедраи филологияи араб ба њайси муаллими забони арабї дарс гуфта, садњо шогирдонро дар ин давра тарбия намуда, аз фанњои муњими забоншиносии араб аз ќабили: «Забони арабї», «Мадхали тахассус», «Таърихи шарќшиносї», «Мулаххаси матбуоти даврии араб», «Матнњои махсуси фалсафї, забонї, таърихї, љуѓрофї», «Забоншиносии араб ва методологияи он» ва фанњои дигар дарс гуфтааст.
2). Соњаи дуюми фаъолияти доктори илми филология Сулаймонов С. тарљума ва тањияи осори фалсафии мутафаккирони тољику форс аз забони арабї ба забонњои тољикї ва русї ва аз забони форсї ба забони русї мебошад. Љойи тазаккур аст, ки Сулаймонов С. дар солњои фаъолияти кории худ дар Пажўњишгоњи фалсафа ва њуќуќи АИ ЉТ дар байни солњои 1985-2005 ва баъд аз он то њол асарњои зерини Ибни Сино: «Њикмати машриќия», «Њидоя», «Ибора» аз «Китобу-ш-шифо», маљмўи «Осори ирфонї ва динии Ибни Сино» (20 рисола), аз љумла рисолањои: «Њудуд», «Андар ахлоќ», «Тафсири Ибни Сино ба бархе аз сурањо ва оятњои Ќуръон», «Андар ишќ», «Саломон ва Абсол», «Њай ибни Яќзон», «Рисолаи тайр», «Илми ладунї», «Андар салот», «Фирдавс дар моњияти инсон», «Андар њузн», «Аршия дар сифоти Аллоњтаоло» ва ѓайраро ба забони тољикї тарљума намуда, дастраси муњаќќиќон ва хонандагон гардонидааст. Њамчунин мавриди ишора аст, ки асари «Њикмати машриќия»-и Ибни Синоро, ки дар байни доирањои илм доир ба пайдоиш ва интишори он дар фалсафаи исломї гуфтугузорњои мухталиф ва мутаноќиз вуљуд дошт, аз нусхаи факсмиллии дастхатї бори аввал дар таърихи фалсафаи тољик ба забонњои  тољикї ва русї тарљума намуда, дастраси олимону хонандагон гардонидааст. Љойи ишорат аст, ки доктори илми филология Сулаймонов С. дар тарљумаи осори мутафаккирони тољику форс сањми барљаста дошта, бо ќалами ў чунин осори машњури Ибни Сино бори аввал ба забони русї тарљума гардидаанд: «Восточная философия», «Руководство по философии», «Книга спасения», «Родники мудрости», «Книга спасения», «Об остолковании» из «Книги исцеления», «Силлогизм» из «Книги исцеления», «О софистических опровержениях» из «Книги исцеления», трактаты: «Об определениях», «Комментарии к некоторым сурам Корана», «Об этике», «О любви», «Живой сын Бодрствующего», «Саламан и Абсал», «О птицах», «Касыда о душе», ки дар солњои 2005, 2006, 2008, 2009, 2010, 2011 дар нашриёти «Дониш»-и АИ ЉТ ба чоп расидаанд. Ѓайр аз ин осор Сулаймонов С. маљмўаи осори фалсафии Умари Хайёмро, ки аз љониби Юшкевич ба забони русї тарљума гардида буданд, тарљумањои тољикии онњоро илова намуда, матни асили осори фалсафии Умари Хайёмро ба забонњои тољикї-форсї ва арабї дар зимни тарљумањо замима намуда, соли 2003 дар нашриёти «Ирфон» онро ба чоп расонидааст. Ѓайр аз ин аз љониби Сулаймонов С. рисолаи «Аршия»-и Садриддини Шерозї ба забони русї тарљума гардида, дар соли 2004 бо номи «Небесная мудрость» дар шањри Алмаато ба чоп расидааст. Њамчунин дар њамин шањр дар солњои 1997, 2002, 2004 китобњои зерин бо таќризњои олимони шинохтаи Љумњурии Ќазоќистон ба чоп расидаданд: «Житие Имама Хусейна» (Сайидљаъфар Шахиди), «Подобный весенним цветам. Новый взгляд на жизнь и личность великого пророка ислама», «Бог в исламской философии» (Мухаммад Таки Месбах-и Йезди). Дар соли 2003 бошад, асарњои зерини Ибни Сино: «Восточная философия», «Руководство по философии», трактаты «Об определениях» ва «Об этике» дар шањри Ашќободи Љумњурии Туркманистон ба чоп расидаанд. Њамчунин Сулаймонов С. дар тањияи осори фалсафии мутафаккирони тољику форс фаъолона иштирок намуда, асари «Зоду-л-мусофирин» ва «Рисолаи њикматї»-и Њаким Носири Хусрави Ќубодиёниро омода намуда, ба муносибати љашнвораи 900-солагии зодрўзи мутафаккир ба чоп расонидааст ва аксари рисолањои фалсафии Афзалиддини Кошониро барои чоп тањия кардааст, ки њанўз ба чоп нарасидаанд. Њамчунин рисолаи «Аќидату-л-аќоид»-и Насираддини Тўсиро ба забони русї тарљума кардааст, ки њанўз ба табъ нарасидааст. Аз корњои љолиби дигаре, ки Сулаймонов С. ба анљом расонидааст, тарљума аз забони арабї ба забони тољикї ва тањияи яке аз асарњои мутафаккирони каломии фалсафаи тољик Мавлоно Љомии Сонии Ќаротегинї «Мазњари кул», «Эътиќоднома», «Фарзи айн», «Ќитъа, байт, шеърпорањо»-ро дар зимни осори мунтахаби вай омода намуда, соли 2005 ба чоп расонидааст.
Љойи ишорат аст, ки дар њоли њозир д.и.ф. Сулаймонов С. яке аз тарљумонњои фаъол ва ташвиќгарони осори фалсафии Ибни Сино буда, ба тарљумаи осори њанўз тарљуманашудаи Шайхурраис машѓул мебошад ва то њол бо ќалами ў панљ љилди осори мутафаккир ба забонњои тољикї ва русї, ки зикри онњо дар боло гузашт, чоп гардида, дастраси пажўњишгарон ва њаводорон гардидааст.
3). Самти сеюми фаъолияти Сулаймонов С. тањќиќ ва пажўњиш дар соњаи забоншиносии араб ва тољик, фарњангнигорї, фарњанги исломї ва фарњанги арабї мебошад. Аз мавзўъњои аввалини тањќиќот, ки Сулаймонов С. дар ибтидои фаъолияти илмии худ машѓул гардид, омўзиши осори љуѓрофияшиносони араб ва арабизабон аз нигоњи забоншиносии араб мебошад. Номбурда дар пояи мероси љуѓрофии яке аз саромадони љуѓрофияи араб, яке аз асосгузорони илми топонимика ё худ илм дар бораи номњои љуѓрофї Ёќути Њамавї дар асоси маводи асари бисёрљилда ва бисёр муњими ў «Муъљаму-л-булдон» («Луѓати алифбоии кишварњо») бори аввал дар шарќшиносии Шўравї ва шарќшиносии Тољикистон дар мавзўи «Асосњои лингвистии топонимика дар асари «Муъљаму-л-булдон»-и Ёќути Њамавї (XIII)» дар соли 1979 дар Институти ховаршиносии АИ Иттињоди Шўравї дар шањри Маскав аз миёни кадрњои мањаллї дар соњаи забоншиносии араб рисолаи номзадї њимоя кард. Баъдтар Сулаймонов С. доираи тањќиќоти илмии худро васеъ намуда, дар самтњои мухталифи забоншиносии араб ва тољик тањќиќот бурда, махсусан самти тањќиќоти худро ба забони илм ва фалсафаи арабу тољик равона кард. Дар натиљаи тарљумаи адади зиёди осори фалсафии мутафаккирони араб ва арабизабони тољику форс ва махсусан Шайхурраис Ибни Сино ба забонњои тољикї ва русї ба тањќиќи таърихи пайдоиш, такомул ва истиќрори истилоњи фалсафї дар забонњои арабї ва тољикї машѓул гардид. Натиљаи тањќиќи чандинсолаи осори фалсафии Ибни Сино ба забонњои арабї ва тољикї сабабгори он гардид, ки Сулаймонов С. дар соли 1997 дар мавзўи «Тањаввули истилоњи фалсафї дар забонњои арабї ва тољикї дар пояи мероси фалсафии Ибни Сино» бори аввал дар арабшиносии тољик рисолаи докторї омода карда, дар њамин сол онро дифоъ намуд. Ѓайр аз ин, номбурда баъди њимояи рисолаи докторї теъдоди зиёди маќолањо, гузоришњо ва маърўзањо омода намуда, онњоро дар маљаллањои илмї, конфронсњои байналмилалї ва мањаллї пешкаш кардааст. Сулаймонов С. барои таълими забони арабї як дастури таълимї бо номи «Очерки мухтасари сарф (морфология)-и забони арабї (2006)», «Китоби хониш (2006)» ва «Матнњои баргузида барои ќироат (2013)»-ро омода карда, ба чоп расондааст.
Аз корњои бисёр муњим ва замонавии д.и.ф Сулаймонов С. омода кардани аввалин фарњанги шомили муосири забони арабї мебошад, ки чопи аввали он бо номи «Фарњанги арабї – тољикї (2005) (беш аз 70 000 калима)» ва чопи дуввуми он «Фарњанги шомили арабї – тољикї (2010) (зиёда аз 100 000 калима)» аз чоп баромада, дастраси оммаи хонандагон гардид. Њамчунин, шакли мухтасари фарњанги мазкур бо номи «Фарњанги васити арабї – тољикї (30 000 калима)» дар соли 2008 аз чоп баромад, ки ин фарњанг чи аз љињати сохтор ва чи аз љињати мавод камназир буда, бо назардошти бозёфтњои забоншиносии муосир ва фарњангнигории арабї тартиб дода шудааст. Љойи тазаккур аст, ки дар њоли њозир д.и.ф. Сулаймонов С. ба тартиб додани «Фарњанги шомили алифбоии арабї – тољикї – русї (зиёда аз 120 000 калима)» машѓул мебошад, ки он на танњо дар арабшиносии тољик, балки дар ховаршиносии рус низ њамто надорад. Ѓайр аз ин, д.и.ф. Сулаймонов С. барои тартиб додани «Фарњанги муосири тољикї – арабї (40 000 калима)» машѓул буда, як бахше аз он ба сомон расидааст ва умед њаст, ки дар солњои наздик ба чоп расида, дастраси њаводорон гардад.
Њамзамон д.и.ф. Сулаймонов С. дар соли 2011 барои таълифи «Фарњанги шомили арабї – тољикї» ва баъди муњокимаи он бо иштироки гурўњи мутахассисон аз Донишгоњи Ќоњира, Донишгоњи ал-Азњар, Маркази забонњо ва Академияи забони арабї, дар соли 2012 ба њайси узви вобастаи Академияи забони арабї дар Ќоњира интихоб гардид.
Хизматњои д.и.ф. Сулаймонов С. дар тарљума ва тањќиќи осори мутафаккирони арабизабони форсу тољик ба назар гирифта шуда, соли 2003 бо медали "Хизмати шоиста" ва соли 2011 барои омода кардани "Фарњанги шомили арабї – тољикї" ва њамчунин фаъолияти илмї – педагогї ба муносибати 20-солагии истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон бо унвони "Арбоби илм ва техника" сазовор гардидааст.
   

المؤلف
1) ولد المؤلف الدكتور سيدرحمن سليماني يوم 10\5\1947 في ناحية تاجيك آباد في جمهورية تاجيكستان.
2) تخرج في كلية الاستشراق ق فى سطور
سم اللغة العربية وحصل على شهادة التخصص فى اللغة العربية وآدابها من جامعة دوشنبهِ في عام 1969.
3) حصل على شهادة الماجستير في اللغة العربية و آدابها من معهد الاستشراق أكاديمية العلوم السوفياتية عام 1979.
4) حصل على شهادة الدكتوراه في اللغة و آدابها من جامعة دوشنبه سنة 1997.
5) هو حالياً مدير قسم اللغة العربية في جامعة دوشنبه الحكومية القومية.
أهم البحوث والمؤلفات:
- ياقوت الحموي أول مؤسس لعلم التسميات الجغرافية وذلك أطروحة لنيل شهادة الماجستير. مسكو، عام 1979.
- استقرار المصطلح الفلسفي في اللغة العربية والتاجيكية استناداً إلى مؤلفات لابن سينا الفلسفية وذلك أطروحة لنيل شهادة الدكتوراه في العلوم الأدبية واللغوية. دوشنبه، عام 1997.
- تشكل اللغة الفلسفية التاجيكية، رسالة علمية، دوشنبه، 1997. 
- مجموعة من المقالات في علم اللغة العربية والتاجيكية والحضارة الاسلامية.
- دستور المكاتبات التجارية في اللغة العربية، كتاب صدر باللغتين العربية والتاجيكية في دوشنبه، عام 1999.
- نبذة موجزة عن الصرف العربي. دوشنبِه. 2005.
- المعجم العربي – التاجيكي. في مجلّدين، دوشنبِه. 2005.
- معجم سليماني الوسيط. دوشنبِه. 2008.
- قواعد الصرف و النحو العربين في أوجز أشكالهما. دوشنبِه. 2008.

نشاط الترجمة

- عمر خيام. الرسائل الفلسفية. الترجمة و تحضير إلى اللغتين التاجيكية والروسية. دوشنبه. 2002.
- ترجمة الرسالة العرشية ملا صدر الدين الشيرازى الى اللغة الروسية، أَلْمَا أَتَا 2003.
- ترجمة مجموعة آثار ابن سينا الفلسفية من العربية الى اللغة التاجيكية وهى: الحكمة المشرقية، الهداية، كتاب النجاة، الآثار الدينية والعرفانية، كتاب العبارات من كتاب الشفاء، رسالة الحدود، تفاسير ابن سينا القرآنية، رسالة الأخلاق، كتاب عيون الحكمة، حي بن يقظان، سلامان و ابسال، قصيدة العينية. دوشنبه، 2005.
- ترجمة مجموعة آثار ابن سينا الفلسفية من العربية الى اللغة الروسية وهى: الحكمة المشرقية، الهداية، كتاب النجاة، الآثار الدينية والعرفانية، كتاب العبارات من كتاب الشفاء، رسالة الحدود، تفاسير ابن سينا القرآنية، رسالة الأخلاق، كتاب عيون الحكمة، حي بن يقظان، سلامان و ابسال، قصيدة العينية. دوشنبه، 2005.
- ترجمة رسالة قواعد العقائد لنصيرالدين الطوسي الى اللغة الروسية.
- مولانا جامي الثاني القراتيكيني وكتابه مظهر الكل. تحقيق وترجمة، دوشنبه. 2005.
- مجموعة مقالات عن الفلسفة الاسلامية الى اللغة الروسية.

الأنشطة الثقافية

- عضو اتحاد المستشرقين.
- عضو جمعية الصداقة الليبيّة والتاجيكستانية.

Корҳои таҳқиқшуда


§  Ёќути Њамавї асосгузори илми топонимика. (Рисолаи номзадї, М., 1979).
§  Ташаккули истилоњи фалсафї дар забонњои тољикї ва арабї дар пояи мероси фалсафии Ибни Сино. (Рисолаи докторї. Душанбе, 1997).
§  Ташаккули забони фалсафаи тољик. Душанбе, (монография) 1997.
§  Маљмўаи маќолањо доир ба забоншиносии арабу тољик ва фарњанги исломї.
§  Дастури мукотиботи бозаргонї ба забони арабї ва тољикї. (Дастури таълимї), Душанбе, 1999.
§  Мавлоно Љомии Сонии Ќаротегинї. (Тањќиќ ва тарљума аз арабї ба тољикї). Душанбе, 2005.
§  Очерки мухтасари сарф (морфология)-и забони арабї. Душанбе, 2005.

 Тарљумањои илмї аз арабї ба забони тољикї


§  Омар Хаййам: «Философские трактаты» (комментария и подготовка текста к издании). Душанбе, 2002.
§  Садруддин аш-Ширази: трактат «Небесная мудрость». Алмаата, 2004.
§  Осори Ибни Сино: «Њикмати машриќия», «Њидоя», «Ибора»  аз «Китобушшифо», маљмўи «Осори ирфонї ва динии Ибни Сино» (20 рисола), аз љумла рисолањои: «Њудуд», «Андар ахлоќ», «Тафсири Ибни Сино ба бархе аз сурањо ва оятњои Ќуръон», «Андар ишќ», «Саломон ва Абсол», «Њай ибни Яќзон», «Рисолаи тайр», «Илми ладунї», «Андар салот», «Фирдавс дар моњияти инсон», «Андар њузн», «Аршия дар сифоти Аллоњтаоло» ва ѓ. Душанбе, 2005, 2006, 2008, 2009, 2010, 2011.

Фарњангномањо

§  Сулаймонї. С. Фарњанги арабї – тољикї (70 000 калима). Душанбе, «Эр-Граф», 2- љилд, 2004-2005.
§  Сулаймонї. С. Фарњанги васити арабї – тољикї (30 000 калима). Душанбе, «Нур», 2008.
§  Сулаймонї. С. Фарњанги шомили арабї – тољикї (100 000 калима). Душанбе, «Эр-Граф», 2011.
§  Сулаймонї. С. Фарњанги шомили алифбоии арабї – тољикї – русї (120 000 калима). (зери табъ)

Фаъолияти илмї ва фарњангї

§   Аъзои љамъияти дўстии Тољикистон – Шоњигарии Арабистони Саудї.
§   Аъзои љамъияти дўстии Тољикистон – Либия.
§   Аъзои Шўрои дифои рисолањои номзадї ва докторї доир ба илми филология.
§   Узви вобастаи Академияи забони арабї дар Ќоњира. (Љумњурии Мисри Араб).




Донишманди тоҷик Саидраҳмон Сулаймонов ба узвияти Академияи забони арабӣ дар 
Қоҳираи Мисри Араб пазируфта шуд.

Заҳмати 22 сола дар таҳия ва таълифи «Фарҳанги арабӣ - тоҷикӣ», доктор Сайидраҳмон Сулаймонов, мудири кафедраи забони арабии факултаи шарқшиносии ДМТ-ро узви Академияи забони арабӣ гардонид.

Ба ин тартиб арабшиноси тоҷик Сайидраҳмон Сулаймонов, нахустин донишманди забони арабӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, ки ба узвияти Академияи забони арабӣ, ки мақараш дар Қоҳираи Мисри Араб аст, пазируфта шуд.

Маҳз хадамоти шоёни ин донишманди то
ҷик дар рушди илми шарқшиносии тоҷик 
боиси он шуд, ки Фарҳангистони бонуфуз ва мӯътабари ҷаҳони ислом аз вай қадршиносӣ кунад ва ӯро дар қатори беҳтарин арабшиносони ҷаҳон ворид созад.
Сайидраҳмон Сулаймонов,  дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, ки «мояи ифтихорам аст, ки заҳматҳои чандинсолаам барабас нарафт ва дар ниҳоят аз сӯи як муассисаи илмии ҷаҳонӣ қадр шуд. Минбаъд низ талош хоҳам кард, то саҳми худро дар рушди улуми шарқшиносӣ, ба хусус фарҳанги забони арабӣ бигзорам.»
  
Ин ҳам дар ҳоле, ки ба таъкиди доктор Сулаймонов, таҳия ва таълифи «Фарҳанги арабӣ -тоҷикӣ» дар ҳаҷми 2, 5 ҳазор саҳифа, ки муддати 22 сол болои он кор кардааст, ӯро ба узвият дар Акадлемияи забони арабӣ мушарраф гардонид.
Афзун бар ин, ин донишманди то
ҷик дар муддати беш аз 40 соли фаъолияти илмӣ, беш аз 100 асар, рисолаву мақола ва дигар осори адабиро таълиф кардааст.

Пас аз «Фарҳанги араб
ӣ-тоҷикӣ», тарҷумаи 5 ҷилди осори Абуалӣ ибни Сино аз дигар корҳои шоёни ин арабшиноси тоҷик ба шумор меравад. Ин аст, ки Сайидраҳмон Сулаймонов рисолаи доктории худро дар соли 1999 дар мавзӯи «Таҳаввули истилоҳи фалсафӣ дар забонҳои арабӣ ва тоҷикӣ дар пояи мероси фалсафии Абу Алӣ Ибни Сино» ҳимоя кардааст.

Доктор Сайидраҳмонов аз соли 1972 то 1985 дар Донишгоҳи Миллии То
ҷикистон ва баъдан то соли 2004 дар Академияи Улуми Тоҷикистон фаъолияти илмӣ-пажӯҳишӣ кардааст. Аз соли 2005 то кунун фаъолияти худро дар факултаи шарқшиносии ДМТ давом дода ва ҳоло дар мақоми мудири кафедраи забони арабӣ ифои вазифа дорад.

Доктор Сулаймонов, ният дорад, то «Фарҳанги нави араб
ӣ-тоҷикӣ
» -ро дар шаклу мазмуни тоза таълиф намояд.

суббота, 15 июня 2013 г.

Илму олим ҳамчу меҳру моҳ бувад



ЗАМИМАҲО БА ФАРҲАНГ

مَعْلُومَاتٌ مُخْتَصَرَةٌ عَنِ الأَقْطَارِ الْعَرَبِيَّةِ
МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР
ДАР БОРАИ  КИШВАРІОИ АРАБ[1]

Љањони имрўзаи араб зиёда аз 20 кишварро дар бар гирифта, забони давлатии онњо забони адабии арабї «اللُّغَةُ الْعَرَبِيَّةُ الْفُصْحَى» мебошад. Давлатњои араб инњоанд: Бањрайн, Марокаш, Тунис, Алљазоир, Либия, Судон, Амороти Муттањидаи Араб, Миср, Сурия, Фаластин, Лубнон, Ироќ, Арабистони Саудї, Яман, Кувайт, Урдун, Ќатар, Умон.
Аз лињози сиёсї њамаи давлатњои араб дар ташкилоти љањонии «جَامِعَةُ الدُّوَلِ الْعَرَبِيَّةِ»  («Лигаи давлатњои араб»), ки 22 марти соли 1945 таъсис ёфт, муттањид гаштаанд.
Љумњурии Мисри Араб -  – جُمْهُورِيَّةُ مِصْرَ العَرَبِيَّةُ марказаш шањри Ќоњира буда, дар ќисмати шимолу шарќии Африќо ва нимљазираи Сино дар Осиё воќеъ гаштааст. Масоњаташ – 1001,4 њаз.км. мураббаъ. Забони давлати - арабї. Воњиди пулї - љунайњи мисрї. Аксари мутлаќи ањолиро мусулмонон ташкил медињанд. Давлати мустаќил аз 28 феврали 1922. Муњимтарин шањрњо: Ќоњира, Искандария, Бурсаъид, Сувайс, Асвон.
Љумњурии Ироќ الْجُمْهُورِيَّةُ الْعِرَاقِيَّةُ - - дар ќисми љанубу ѓарбии Осиё воќеъ гашта, масоњаташ 434,9 њаз.км мураббаъ аст. Марказаш-шањри Баѓдод. Воњиди пулї - динор. 80 % ањолиро арабњо. 17% - курдњо, 2% -туркњо, боќї - арманњо ва форсњо ташкил медињанд. 96 % пайравони дини ислом мебошанд. Забонњои давлатї арабї ва курдї мебошанд. 3 октябри соли 1932 давлати соњибистиќлол гардидааст. Муњимтарин шањрњо: Баѓдод, Басра, Киркук, Сомаро, Сулаймония, Наљаф, Карбало.
Љумњурии Сурияи Араб الْجَمْهُورِيَّةُ الْعَرَبِيَّةُ السُّورِيَّةُ  - марказаш шањри Димишќ буда, дар Шарќи наздик воќеъ аст. Масоњаташ 185,2 њаз.км мураббаъ; 90 % ањолиро арабњо ташкил дода, дар он љо курдњо, арманњо, черкасњо, сурёнињо ва яњудиён зиндагї мекунанд. Забони давлатї - арабї. Арзи миллї - лираи суриягї. Мусулмонон 85 % ва масењиён 15 % ањолиро ташкил медињанд. 17 апрели соли 1946 соњибистиќлол гардид. Муњимтарин шањрњо: Димишќ, Њалаб, Њимс, Лозуќия, Њамот, Даръо.
Љамоњирияи Арабии Сотсиалистї Халќии Либияأَلْجَمَاهِيرِيَّةُ الْعَرَبِيَّةُ اللِيبِيَّةُ الشَّعِبِيَّةُ الاشْتِرَاكِيَّةُ - дар ќисми шимолии ќорраи Африќо воќеъ гардида, марказаш шањри Троблус, масоњаташ – 1759,5 њаз.км.мураббаъ, забони давлатї - арабї, аксарияти мардум арабњо ва эътиќодашон ислом аст. Воњиди пулї - динор. 24 декабри соли 1951 соњибистиќлол гардид. Муњимтарин шањрњо: Троблус, Банѓозї.
Љумњурии Лубнон أَلْجُمْهُورِيَّةُ اللَّبْنَانِيَّةُ - дар соњили Бањри Миёназамин воќеъ буда, масоњаташ 10,4 њаз.км мураббаъ аст. Марказаш - шањри Байрут. Забони давлатї - арабї. Арзи миллї - лираи лубнонї. Аксари ањолї пайрави ислом ва аќаллият пайравони  масењиятанд. 22 ноябри соли 1943 истиќлол ба даст овардааст.
Мамлакати Урдунии Њошимї  أَلْمَمْلَكَةُ الأَرْدُنِيَّةُ الْهَاشِمِيَّةُ - дар Шарќи Наздик воќеъ гардида, масоњаташ ба 97, 7 њаз. км мураббаъ баробар аст. Марказаш шањри Аммон. Забони давлатї - арабї, эътиќод - ислом. Воњиди пулї - динор. Ѓайр аз арабњо, ки аксариятро ташкил медињанд, черкасњо, форсњо, туркњо, арманњо ва курдњо истиќомат доранд. 26 майи соли 1946 соњибистиќлол гардидааст.
Љумњурии Демократии Судон جُمْهُورْيَّةُ السُّودَانِ الدِّيمقراطيّةُ -   - дар ќисмати шимолу шарќии Африќо воќеъ гардида, масоњаташ 2505,8 њаз. км мураббаъ аст; 48 % ањолиро арабњо, 30 % - зангиќабилањо, 6 % нўбињо ва ѓ. ташкил медињанд.  Пойтахташ - шањри Хартум. Воњиди пулї - љунайњи судонї. Забони давлатї - арабї. Эътиќоди аксари ањолї ислом буда, пайравони масињият 10 % сокинони ќисмати љанубии мамлакатро ташкил медињанд. 1 январи соли 1956 соњибистиќлол гардидааст. Муњимтарин шањрњо: Хартум, Амдурмон, Бурсудон.
Љумњурии Халќї-Демократии Алљазоир   - أَلْجُمْهُورِيَّةُ الْجَزَائِرِيَّةُ الدِّيمِقْرَاطِيَّةُ الشَّعَبِيَّةُдар ќисмати шимолу ѓарбии Африќо воќеъ буда, масоњаташ 2381, 8 њаз.км мураббаъ аст. Марказаш - шањри Алљазоир. Њайати ањолиро аксаран арабњо, боќимонда - барбарњо ва аврупоиён ташкил медињанд. Забони давлатї - арабї, эътиќод - ислом. Воњиди пулї - динор. 5 июли соли 1962 соњибистиќлол гардидааст. Муњим- тарин шањрњо: Алљазоир, Њарон, Сайда, Ќустанина.
Мамлакати Маѓриб ё Љумњурии Марокаш أَلْمَمْلَكَةُ الْمَغْرِبِيَّةُ - дар ќисми шимолу ѓарбии Африќо воќеъ гардида, масоњаташ 163,6 њаз. км мураббаъ аст. 97% ањолиро арабњо ва барбарњо ва боќиро фаронсавиён ва испонињо ташкил медињанд. Пойтахт - шањри Работ. Воњиди пулї - дирњам. Забони давлатї - арабї, эътиќод - ислом. 20 марти соли 1956 соњибистиќлол гардид. Муњимтарин шањрњо: Работ, Дорулбайзо, Марокаш, Фос, Танља, Ќунайтара.
Љумњурии Тунис أَلْجُمْهُورِيَّةُ التُّونِيسِيَّةُ - дар ќисмати шимолии Африќо ќарор дошта, масоњаташ  163,6 њаз. км мураббаъ баробар аст. Аксари мутлаќи ањолї - арабњо. Пойтахт - шањри Тунис. Воњиди пулї - динор. Эътиќод - ислом. 20 марти соли 1956 соњибистиќлол шудааст.
Арабистони Саудї أَلْمَمْلَكَةُ الْعَرَبِيَّةُ السُّعُودِيَّةُ - дар нимљазираи Арабистон воќеъ гардида, масоњаташ 2149,7 њаз. км.мураббаъро ташкил медињад. Њайати ањолиро асосан арабњо, арабњои бодиянишин ва ањли кишварњои дигари араб, бахусус, яманињо ташкил медињанд. Пойтахт - шањри ар-Риёз. Воњиди пулї - риёли суудї. Забони давлатї - арабї. Эътиќод - ислом. 23 сентябри 1932 расмаи давлати мустаќил шудааст. Муњимтарин шањрњо: Риёз, Љида, Макка, Мадина, Тоиф, Њойил, Зањрон.
Љумњурии Арабии Яман  أَلْجُمْهُورِيَّةُ الْعَرَبِيَّةُ الْيَمَنِيَّةُ - дар ќисмати љанубу ѓарбии нимљазираи Арабистон воќеъ гардида, масоњаташ 531, 5 њаз. км мураббаъ (ин масоњат баъди якљо шудани Ямани шимолї бо љануби он дар назар дошта шудааст). Аксарияти ањолї арабњо буда, пойтахти кишвар шањри Санъо аст. Воњиди пулї - риёл. Забони давлатї - арабї, эътиќод - ислом. Ин љумњурї баъди пош хўрдани имератории Усмонї соли 1919 истиќлол ба даст овард. Муњимтарин шањрњо: Санъо, Адан, Саъда, Њудайда, Салиф, Таъиз, Маъриб.
Давлати Кувайт - دَوْلَةُ الْكُوَيْتِ - дар ќисмати шимолу ѓарбии халиљи Форс воќеъ гашта, масоњаташ ба 17,8 њаз.км. мураббаъ баробар аст. Аксарияти ањолиро арабњо, ќисмати боќимондаро форсњо, њиндуњо, покистонињо ва ѓ. ташкил медињанд. Марказаш - шањри ал-Кувайт. Воњиди пулї - динори кувайтї. Забони давлатї - арабї, эътиќод - ислом. 19 июни соли 1961 соњибистиќлол гардидааст. Муњимтарин шањрњо: Кувайт, Ањмадї.
Давлати Ќатар دَوْلَةُ قَطَرْ - дар њудуди халиљи Форс воќеъ гардида, масоњаташ баробар ба 11,3 њаз.км мураббаъ аст. Марказаш - шањри Давња. Забони давлатї - арабї, эътиќод - ислом. Воњиди пулї - риёл. 3 сентябри соли 1971 соњибистиќлол гардид.
Давлати Бањрайн - دَوْلَةُ الْبَحْرَيْنِ - дар њудуди Халиљи Форс воќеъ буда, масоњаташ 622 њаз.км мураббаъро ташкил медињад. Сокинонаш асосан арабњо, њамчунин эронињо, њиндуњо, покистонињо мебошанд. Забони давлатї - арабї, эътиќод - ислом. Марказаш - шањри Манома. Арзи миллї - динор. 15 августи соли 1971 истиќлол ба даст овардааст.
Давлати Амороти Муттањидаи Араб دَوْلَةُ الإِمَارَاتُ الْعَرَبِيَّةُ الْمُتَّحِدَةِ - давлати федералї (иттињодї), ки 7 иморат: Абу Забї, Дубай, аш-Шориќа, Аљмон, Умм ул-Ќайвайн, ал-Фуљайра ва Раъс ул-Хаймаро дар бар мегирад. Масоњат – 83,6 њаз. км мураббаъ. Сокинонаш аксаран арабњо, ќавмњои дигар аз Эрон, Њиндустон, Покистон, Яман ва мамолики Африќо буда, марказаш шањри Абўзабї аст. Забони давлатї - арабї. Диёнат - ислом. Воњиди пулї - дирњам. 2 декабри соли 1971 соњибистиќлол гардидааст.
Салтанати Умон سَلْطَنَةُ عُمَان - дар ќисмати љанубу шарќии нимљазирањои Арабистон воќеъ буда, масоњаташ баробар ба 212 њаз. км.мураббаъ аст. Марказаш - шањри Масќат. Забони давлатї - арабї. Воњиди пулї - риёл. Диёнат - ислом. Соли 1913 истиќлол ба даст овардааст. Муњимтарин шањрњо: Масќат, Зуфор, Фуњуд.
Љумњурии Исломии Мавритания  أَلْجُمْهُورِيَّةُ المُورِتَنِيَّةُ الإِسْلاَمِيَّةُ - дар ќисми шимолу ѓарбии Африќо воќеъ буда, масоњаташ баробар ба 1030, 7 њаз. км мураббаъ аст. Аксарияти мутлаќ 75 % арабњо ва маврњо. Марказаш - шањри Нувоќшут. Забонњои давлатї - арабї ва фаронсавї. Воњиди пулї – динор. Эътиќод - ислом. 28 ноябри соли 1960 соњибистиќлол гардидааст.
Дар тамоми кишварњои араб забони ягонаи давлатї забони арабї буда, њамчунин забонњои инглисї, фаронсавї, испонї, итолиёї дар баъзе кишварњо истифода мегардад.
Дар баробари забони адабии арабї, ки он забони радио, телевизион, рўзномаю маљаллањо, коргузории давлатї ва адабиёту њунар аст, њамчунин лањљањо вуљуд доранд, ки умдатарини онњо лањљањои мисрї, суриягї ва ироќї мебошанд.


[1] Маълумотнома дар асоси китобњои: «Брук С.И. Население мира. Этнодемографический справочник». – М., «Наука», 1986; Новейшая   история арабских стран Африки 1917-1987. – М., «Наука», 1990; دليل الأقطار العربية. العدد الثامن. بغداد، 1972-73. – омода гардидааст. Бо назардошти ин ки њайати ањолї њамеша таѓйирёбанда аст, аз овардани он сарфи назар кардем.

СОЛШУМОРќ (ТАЅВИМ)
ДАР ЗАБОНИ АРАБќ[1]
Истилоњи «таќвим», ки аз решаи феъли навъи дуввуми арабии قَوَّمَ  ва масдари он تَقْوِيمٌ  ба маъноњои «барпо кардан, барафроштан»; «бањо (ќимат)-гузорї кардан»; «росту дуруст (ислоњ) намудан» гирифта шудааст, дар истилоњи ахтаршиносї (нуљумї) ба маъноњои «солшуморї», «гоњшуморї», «таърихнигорї», «солнома», «гоњнома», «календар» (ба маънои дафтари ќайди ќарзњо), ки дар истилоњи имрўза ба њамон маънии «солшуморї» меояд, истифода мегардад.
Дар кишварњои араб солшуморињои гуногун истифода мешаванд. Вале солшумории њиљрии ќамарї таърихи тўлонитар дошта, он њанўз аз оѓози ислом истифода мегардад. Солшумории њиљрии ќамарї дар њоли њозир дар бисёр кишварњои љањон аз љумла дар Яман, Урдун, Кувайт, Либия, Лубнон, Индонезия, Покистон, Умон, Арабистони Саудї, Алљазоир, Сурия, Судон, Мавритания, Миср, Тунис ва ѓ. истифода бурда мешавад.
Ѓайр аз солшумории њиљрии ќамарї дар бархе аз кишварњои исломї (Эрон, Афѓонистон, Туркия ва ѓ.) солшумории њиљрии шамсї низ мавриди истифода ќарор дорад. Солшумории њиљрии шамсї на аз 16 июл, чуноне дар таќвими њиљрии ќамарї маъмул аст ва на аз 1 январ, чуноне дар солшумории мелодї одат шудааст, балки аз 21 март, яъне аз ваќти баробаршавии шабу рўз оѓоз меёбад.
Солшумории њиљрии ќамарї аз солшумории њиљрии шамсї, ки бар асоси њаракати Замин дар гирди Офтоб мураттаб гардидааст, ќадимтар аст.
Дарозии моњи ќамарї ба 29 шабонарўзу 12 соату 44 даќиќа 3,8 сония баробар аст. Дарози соли њиљрии ќамарї тахминан 354 шабонарўз аст. Моњи ќамарї иборат аз 29-30 рўз аст, яъне њафтаи моњ ба чањор њолати Моњтоб вобаста мебошад:
 

                     1) њилол (моњи нопурра)                        (ду њафта)

                     2) бадр (моњи пурра)                              (ду њафта)
                        
                     3) бозгашт аз бадр то њилол           



Соли 638 халифа Умар ибни Хаттоб (раз) солшумории њиљрии ќамариро дар дастгоњи давлат ва умури давлатдорї љорї намуд, ки  оѓози он ба 16 июли соли 622, яъне рўзи њиљрати пайѓамбари ислом - Муњаммад (с) аз Макка ба Мадина рост меояд.
Моњњои њиљрии ќамарї аз ин ќароранд:
         1. اَلْمُحَرَّمُ  - муњаррам (30 рўз). Дар ин моњ ва моњњои 7-ум, 11-ум ва 12-ум аз рўйи одати динии арабњо њаргуна шабехун ва љангу лашкаркашињо манъ будааст. Ин моњ ба моњи январ рост меояд.
         2. الصَفَرُ  - сафар (29 рўз). Бисёр ваќт арабњо дар ин моњ дучори бемории тоун гардида, рангу рўяшон дар асари он беморї зард мегардид. Ба моњи феврал рост меояд.
         3. رَبِيعُ اَلأَوَّلِ  - рабиъ-ул-аввал (30 рўз) буда, ба моњи март рост меояд.
         4. رَبِيعُ الثَّانِي  - рабиъ-ус-сонї (29 рўз) буда, ба моњи апрел рост меояд.

«Р а б и ъ» дар арабї бањорро гўянд, вале арабњо то ислом дар маънои он ду моњи тирамоњро дар назар доштанд, зеро онњо ба фасли тирамоњ рост меомаданд.

         5. جُمَادَى الأُوْلَى    - љумод-ал-уло (30 рўз) буда, ба моњи май рост меояд.
         6. جُمَادَى الآخرة   - љумод-ал-охира (29 рўз) буда, ба моњи июн рост меояд.

«Љ у м о д»  аз феъли جَمَدَ  - «ях к.», «карахт ш.» гирифта шудааст. Ин моњњо ба мавсими сардињо ва яхбандии об, яъне зимистон рост меомаданд.
        
7. رَجَبٌ – раљаб (30 рўз), аз феъли амри шакли љамъ اِرْجَبُوا - яъне «аз љангу ѓорат  даст кашед» гирифта шудааст. Ба моњи июл рост меояд.
8. شَعْبَانُ  - шаъбон (29 рўз), аз феъли تَشَعَّبَ «ба шоњањо таќсим ш.», «људо ш.» гирифта шуда, аъроби то ислом дар ин моњ ба шабехун, ѓорат ва куштор даст мезадаанд. Ба моњи август рост меояд.
9. رَمَضَانُ  - рамазон (30 рўз) аз феъли رَمَضَ «гарм б.» ва «гарм ш.» берун шуда,  маънияш моњи гарм аст. Ба моњи сентябр рост меояд.
10. شَوَّالٌ – шаввол (29 рўз), аз феъли شَالَ «хест», «бархост», «бурд» гирифта шуда, маънои «таваќќуф накун!»-ро дорад. Ба моњи октябр рост меояд.
11. ذُو الْقَعْدَةِ – зулќаъда (30 рўз), аз феъли قَعَدَ «дар хонањо бинишин!», «нишин!» баромадааст. Ба моњи ноябр рост меояд.
12. ذُو الْحِجَّةِ  - зулњиљља (29/30 рўз), аз феъли حَجَّ «њаљ к.», баромадааст. Ба моњи декабр рост меояд.
Ѓайр аз ин, њар як аз дувоздањ ќисми доираи фалак, ки офтоб дар муддати як сол дар атрофи он мегардад, «бурљњои фалак» номида мешаванд:
1. جَدْىٌ - љадй (бузѓола) 29 (30) буда, ба моњњои эронї ба дай ва моњњои аврупої ба декабр-январ мувофиќ меояд.
2. دَلْوٌ  - далв (дўл) 29 (30) рўз буда, ба моњњои эронї ба бањман ва ба моњњои аврупої ба январ-феврал мувофиќ меояд.
3. حُوتٌ - њут (моњї) 29 (30) рўз буда, ба моњњои эронї ба исфанд ва ба моњњои Аврупої ба феврал – март мувофиќ меояд.
4. مِيزَانٌ  - мизон (тарозу) 30 (31) рўз буда, ба моњњои эронї ба мењр ва ба моњњои аврупої ба сентябр – октябр мувофиќ меояд.
5. عَقْرَبٌ  - аќраб (каждум) 29 (30) рўз буда, ба моњњои эронї ба обон ва ба моњњои аврупої ба октябр – ноябр мувофиќ меояд.
6. قَوْسٌ  - ќавс (камон) 29 (30) рўз буда, ба моњњои эронї ба озар ва ба моњњои аврупої ба ноябр – декабр мувофиќ меояд.
7. سَرَطَانٌ  - саратон (харчанг) 31 (32) рўз буда, ба моњњои эронї ба тир ва ба моњњои аврупої ба июн – июл мувофиќ меояд.
8. أَسَدٌ  - асад (шер) 31 (32) рўз буда, ба моњњои эронї ба мурдод ва ба моњњои аврупої ба июл – август рост меояд.
9. سُنْبُلَةٌ  - сунбула (хўша) 30 (31) рўз буда, ба моњњои эронї ба шањривар ва ба моњњои аврупої ба август – сентябр рост меояд.
10. حَمَلٌ  - њамал (барра) 30 (31) рўз буда, ба моњњои эронї ба фарвардин ва ба моњњои аврупої ба март – апрел рост меояд.
11. ثَوْرٌ  - савр (барзагов) 31 (32) рўз буда, ба моњњои эронї ба урдибињишт ва ба моњњои аврупої ба апрел – май рост меояд.
12. جَوْزَاءُ  - љавзо (дупайкар) 31 (32) рўз буда, ба моњњои эронї ба хурдод ва ба моњњои аврупої ба май – июн рост меояд.

Соли 622 м. пайѓамбари ислом Муњаммад (с) аз Макка ба Мадина њиљрат карданд. Муњољирати пайѓамбар ду њафта аз 24 моњи сафар (рўзи баромадани ў аз Макка) то 8 рабиъ-ул-аввал (рўзи наздикшавї ва ќарор гирифтанаш шаб дар атрофи Мадина) давом карда, 9 рабиъ-ул-аввал ба Мадина дохил гаштанд. (Њарчанд дар адабиёти илмї наздикшавии Муњаммад (с) ба атрофи шањри Мадина 12 рабиъ-ул-аввал, яъне 1-24 сентябр нишон дода шудааст). Аз рўйи солшумории онваќта рўзи 1 моњи Муњаррам ба рўзи љумъа (одина)-и 16 июли 622 м. рост омада буд. Аз ин рў, њиљрати пайѓамбар (с) дар муддати аз 8 то 21 сентябри соли 622м. ба вуќўъ пайваст.
Дар њолати шуморидан ва бозгардон кардани солшумории њиљрии ќамарї (الهِجْرَةُ  шакли мухтасараш هـ ) ба солшумории њиљрии шамсї ё худ мелодї (مِيلاَدُ الْمَسِيحِ шакли мухтасараш م) фарќиятњои зеринро ба назар бояд гирифт:
1) солшумории њиљрии ќамарї аз шаби 15 июл ба 16 июли соли 622, яъне соли 621 ва 6 моњу 15 шабонарўз баъдтар аз солшумории мелодї оѓоз меёбад:
2) соли њиљрии ќамарї, ки одатан иборат аз 354 шабонарўз ва соли кабисаи он баробар ба 355 шабонарўз аст, таќрибан 11 шабонарўз кўтоњтар аз соли њиљрии шамсї мебошад. Аз ин рў, солшумории њиљрии шамсї, ки њоло истифода мешавад, аз њиљрии ќамарї аќиб монда, 33 соли њиљрии ќамарї ба 32 соли њиљрии шамсї баробар аст.
Мутобиќи ин солшуморї соли 2005 ба соли 1426 њиљрии ќамарї ва ба соли 1384 њиљрии шамсї баробар аст.
Дарёфти соли њиљрии шамсї осон буда, аз роњи кам кардани 622 аз соли мелодї њосил мегардад, чунончи:
                                         1990 - 622 =  1368 њ.ш.
Њарчанд роњи дарёфти солшумории њиљрии ќамарї душвортар аст, вале роњи осони дарёфти он дар ќиёс бо солшумории мелодї ба тариќи зайл аст. Чуноне ки маълум аст, солшумории њиљрии ќамарї дар њар сад сол аз солшумории мелодї се сол пеш меравад. Аз он љо ки аз оѓози ислом њазору чорсад сол сипарї шудааст, пас дар ин муддат солшумории њиљрии ќамарї аз солшумории мелодї ба миќдори чилу ду сол пеш гузаштааст. Аз ин рў, аз солшумории мелодї соли њиљрати пайѓамбари ислом (с) - соли 622 -ро тарњ намуда, онро ба адади 42, ки пешравии солшумории њиљрии ќамариро аз солшумории шамсии ќамарї дар давоми 1400 соли вуљуди ислом нишон медињад, љамъ менамоем ва соли дилхоњи њиљрии ќамариро дарёфт мекунем.
Мисол: Пурсида мешавад, ки соли 1930 мелодї ба кадом соли њиљрии ќамарї рост меояд. Барои ин аз соли мелодии 1930 шумораи 622-ро тарњ намуда, ба баќияи он адади 42-ро зам мекунем ва соли дилхоњи њиљрии ќамариро натиљагирї мекунем. Яъне:
                         1930 - 622 = 1308 + 42  = 1348 њ.ќ.
ё ки:
                         1999 - 622  = 1378 + 42  = 1419 њ.ќ.
ё ки:
                         2008 - 622  = 1386 + 42  = 1428 њ.ќ.
Бозгардонидан аз њисоби њиљрии ќамарї ба солшумории мелодї аз роњи акси тариќаи боло сурат мепазирад. Яъне:
                         1419 - 42  = 1378 + 622  = 1999
Илова ба солшумории њиљрии ќамарї ва шамсї дар кишварњои араб моњњои зерин мавриди истифода ќарор доранд:
        كَانُونُ الثَّانِي        январ              - يَناَيِرُ
                  شُبَاطُ             феврал           - فِبْرَايِرُ
                    أَذَارُ             март                - ماَرْسُ
                نِيسَانُ             апрел              - أَبْرِيلُ
                    أَيَّارُ             май                  - ماَيُو
             حَزِيرَانُ            июн                 - يُونيُو
                تَمُّوزُ               июл                 - يُولِيوُ
                  آبُ                 август            - أُغُسْطُسُ
               أيْلُولُ               сентябр          - سِبْتَمْبِرْ
   تِشْرِينُ الأَوَّلُ            октябр            - أُكْتُوبِرْ
     تشرينُ الثَّانِى          ноябр              - نُوفِمْبِرُ
   كانُونُ الأَوَّل              декабр            - دِسَمْبرُ

Солшуморї иборат аст аз рўз -  يَوْمٌ; (љ. (أيَّامٌ; њафта - أُسْبُوعٌ  
(љ. أَساَبِيعُ); моњ- شَهْرٌ (љ. (شُهُورٌ; сол سَنَةٌ  (љ. (سَنَوَاتٌ;  сада (ќарн) قَرْنٌ  (љ. قُرُونٌ)
Фаслњои сол бо калимањои فَصْلٌ  (љ. (فُصُولٌ  ва مَوْسِمٌ  (љ. (مَوَاسِمُ  ифода шуда аз ин ќароранд:رَبِيعٌ  бањор; خَرِيفٌ  тирамоњ, пойиз; صَيْفٌ  тобистон; شِتَاءٌ  зимистон, дай. Одатан, пеш аз номи њар моњ калимаи شَهْرٌ  - «моњ» илова мегардад, мисли: فيِ شَهْرِ تَمُّوزَ - дар моњи июл, فيِ شَهْرِ آبَ дар моњи август ва ѓ.


[1]  Солшуморї дар забони арабї асосан, бо истифода аз баъзе сарчашмањо ва аз рўйи китоби В.В. Цыбульский. Современные календари стран Ближнего и Среднего Востока. Синхронистические таблицы и пояснения – М., «Наука», 1964 омода гардидааст.

Сайдраҳмон Сулаймони

 Муҳаққиқ, мубаллиғ ва мутарҷими осори илмии Шайхурраис Ибни Сино Сухан гуфтан дар бораи яке аз арабшиносони маъруфу ангуштшумор, доктори ил...