Абўалӣ ибни Сино

 «КИТОБИ ЊИДОЯ»
Шайхурраис  Абўалӣ ибни Сино ал-Бухорӣ
Ба номи Худованди  бахшояндаи мењрубон
Баробари азиз, Алї! Худованд  туро бо тавфиќ шод гардонда, роњнамо ва нигањдорат бошад, хайру осоишро насибат гардонда, ќалбатро  бо хирад равшан намояду  бо марњамати  бепоёни  худ, аз офатњои  рўзгору  њаводиси замон эминат созад.
             Сипас  бигўям, ки ман дар ин тазкира  (китоб), бо алфози мўљаз ва иборањои  равшан улуми  њикматро  гирд овардам, то ки баъди  аз бар кардан ва аз худ кардан душворат осон ва судат фаровон гардат.
Хайр ва шарр.
                   178. Бидон, ки сурати маводи[1]  унсурии олам аз зоти онњо набуда, балки тобеи мабдаъњост,[2] лекин суратњо ѓарази мабдаъњо нестанд, зеро чизе, ки буду набудаш ба фоил вобаста аст як чиз буда, ѓараз нест, балки вуљуди  ѓараз бояд аз фоили бењтар, авлотар ё фоиданоктар пайдо гардад, ки дар њаќиќат ё гумон вуљуд  дорад. Ва умуре, ки ба воситаи  чизи ѓайри  худ камол  намеёбанд ба ин сифат амал намекунанд,[3] балки вуљуди онњо  вуљудест, ки аз вай манфиат сар мезананд. Чуноне ба ваљње  аз њаќиќат /манфиат/ содир мешавад, зеро сињат  /њаќиќат/ дар зоти  худ барои  ин камол намеёбад, ки аз вай ѓайри  худаш истифода  бара два вуљуди он сињат  нест-њарчанд њоли он умур  аз ваљњи дигар, мисли њоли  сињат нест, зеро он умур хайрро тааќќул карда, аз судури он аз худ розианд. Вале умурро сабабе њангоми анљом  додан  тааќќул кардааст, агар омодагї /дар пазирандаи феъл/ мављуд бошад, дар њоле  сињат  ин тарз нест.
                   179. Аммо вуљуди шарр дар умур ба таври нодир ва аразї аз мабдаъњои  онњо содир мешавад. Агар вуљуди чизе, ки дар он шарр нест ба вазъњои аз мабдаъњои бошад, хайр дарк карда шуда вуљуди он лозим мешавад. Вуљуди чизе, ки вуљуд  надорад, њамин тарз аст, ки ба хайр  вобаста аст, вале вай  тарзест, ки бо вай шарре  њамроњ ва тобеъ аст- њарчанд аксари  њолатњо ва ѓояти зотии он чиз  хайр аст,-монанди њоли оташ, ки куллро такмил  дода, ба чизи аз он  пайдошаванда  нафъ мебахшад. Ин њолат дар вай чунон аст, ки баъзе ашёи  нафсиро низ  месўзад. Пас ин њолат вуљудест, ки бар адами он дар аќл  сазовори  бартарї шудааст. Њарчанд хосияти  вай тарзе хайр аст, ки аз он мумкин аст офате сар занад. Њар чизе арзандагии вуљудаш дар аќл афзал дониста мешавад, кофист, ки њангоми  зарурати судураш аз мабдаъњо[4] пайдо шавад ва аз онњо судур мекунад.
Мўъљизањо.
180. Нафсњои инсонї /аз љињати ќудрат/ монанди муфориќот буда, маддањои  унсурї дар бадан тобеи онњост, њатто дар тасаввуроти онњо  гарм карданњо, сард карданњо ва бухор карданњое ба амал меояд, ки баъзе узвњо зинда мешаванд. /Ашёи табии/ аз маънињои табиие  пайдо намешавад, то ки мабдаи ин /њолат/ ќувваи табии бошад, монанди ин ки гармї ба воситаи гармї ва сардї ба воситаи сарди пайдо мешаванд.[5] Пас, аз њаќиќат дурр нест, баъзе  нафсњои ќавї ба ин мерасанд, ки  моддаи берун аз бадан ба онњо тобеъ мегардад, зеро вай  аз табиати бадан ва моддаи онњост ва моддаи олам ваќте  ба онњо тобеъ мегардад, ки ба онњо умури муфориќ муносиб гарда два он чиро, ки дар вай интибоъ меёбад, тасаввур намояд. Пас, дар олам мўъљизањое њодис мешаванд, ки  аз ба  мабдаъњои  гармї, хунуки ва ѓайра вобастаанд, њар гоњ онњо табии бошанд.[6]
Дуо ва њидоят.
181. Њар гоњ нафси шариф талаби хайр намояд ва Худованди таоло мекунад, зеро фариштагон  аз ин /амр/ бохабаранд ва медонанд, ки шахси ба /даргоњи/ Оллоњ дуо ва тавозуъ кунанда, ба воситаи њаюату омодагии худ шоистаи имкони вуљуди ин хайр аст. Пас, вуљуди  ин умур дар модда  ин тасаввуротро  ба амал меорад ё аз дуогар тасаввуре ба амал меояд, ки аз роњи њидоят барои тадбир равона шудааст. Дар натиља дар ќуввањое, ки ба ин амр саъй мекунанд, монеа  ва зиддият пайдо мегардад. Ва ин мабдаъњо аз даъватњо  аз мунфаил намегарданд, балки агар дар ин љо  инфиоле бошад њам, аз тасаввуроте ба амал меояд, ки пештар  аз ин мабдаъњо  вуљуд доштанд. Дуо  дар ин љо илтимоси  содиќона ва нияти тасаввури  ин дуогар аст, чунки  ў ин њаќро дорост ё худ  тасаввури мављуд барои ин /амр/ чизест, ки дар вай тасаввуре ба амал меояд, ки њаќиќаш нисбат ба чизе, ки ў илтимос  кардааст, чуни наст ва шоистагии вуљуди он бар нестиаш бартар дониста мешавад. Ва аввалњои ин тасаввурот  сабабњои  /вуљуди/ дуввуми онњо буда, вуљуди дуввуми онњо тасаввуротеанд, ки авлотар вуљуди онњост. Ин сабабњои дуввум[7] сабабњои судури ин вуљудотанд.[8]
182. Њидоя чизест, ки содир шуда, дурусттарии роњ дар њар амре ва бењтар ин тариќа барои  дуруст кардани он дар љанбањои олї мављуд аст. Њидоятгар файзро барои сабабе, ки дар ќобил мављуд аст, намепазирад. Гоњо нафс тазарруъ /зориро/ барои он намепазирад, ки барои  ќабули ин њидоят омодагии комил дошта бошад, монанди фикр, ки фоидаи  он омодагии пурра барои пазируфтани файзест, ки аз таъсири маърифат ба амал меояд ё барои сабабњое истифода мешавад, ки ба ѓаразњои  омодагии зиёд дошта вобастаанд. Пас, агар тазарруъ набошад чизе пайдо  мешавад, ки  буда наметавонад. Њар чи дар назди  фариштагон тасаввур  мегардад, ба ваљње  хайре нест, ки вуљудаш бар адам афзал бошад бошад –вай  хайрест доимо вуљуд дорад, монанди сињатї, ки аќидаи  хайри бемор аст. Балки вољиб аст, ки он чи сабаб аст, њамроњи  омодагии ќобил ва барои пайдоиши мабдаъњои онњо бошад, то ки сабаб ѓолиб нашавад, зеро гоњо файзеро файзи дигаре монеъ мешавад, агар сабаб ѓолиб бошад.
Фасли панљум.
Маърифат.
Њадс.
183. Фикр њаќро њадс[9]  карда, хайрро ба тезї мефањмад, лекин вай ба воситаи зиёдат ва нуќсон дар њадсу фањми тез ихтилоф дорад. Њамаи чизњои /номаълум/ ба воситаи дарки њадди авсат  бе таълим  дониста  мешаванд. Пас, љоиз аст, яке аз нафсњои, ки ба воситаи ќувваи ќудсия  табиш меёбад, аз ибтидо  то интињои умур, ба сабаби сахт  пайвастанаш ба аќлњои фаол њадсро давом дихад. Пас, агар тарафи нуќсон мављуд бошад, аз  њаќиќат  дурр нест, ки љињати зиёдат низ вуљуд дорад. Ин /њолат/ нубувати маъќулот[10] аст.
Хоббинї.
184. Аз сабаби он ки тахаюли инсон ва ќуввањои ботиниаш аз њис рў мегардонанд ва ба фариштагоне мепайванданд, ки зотњои онњо гўё суратњои маъќули вуљуд буда, маънињои куллиёт ва ояндаро дар бар мегиранд, дар њолати хоб /низ/ ў љузъиёти ояндаро дарк намуда, он суратњоро тасаввур мекунад ва ба /ќувваи/ зикр мебахшад.
185. Агар нафс ором буда, онро /ќувваи/ мутахайила бесаранљом насозад баъди /аз хоб хестан/ њоли худро ба ёд меорад. Агар /ќувваи/ мутахайила чун одаташ  ба нафс  чизеро њикоят намояд,-чуноне вай ягон мизоље ва тасаввури амри гузаштаеро бо чизњои монанд ва муќобили он њикоят мекунад, ки њикоят  кардан табиати /ќувваи/ мутахайила аст, - дар ин њолат чизеро њикоят мекунад /меорад/, ки дар хоб  дидааст. Гоњо ин чиз дар /ќувваи/ мусаввира ќарор гирифта асли он нест  мегардад ва ба таъбире  эњтиёљ пайдо мегардад, ки ба он ба воситаи тахаюле  мурољиат мешавад, ки муќобили љузъњои њикоятшудаи љузъњоест, ки  барои аввал  дар хоб дида шуда буданд, агар хоббинї аз ин ду љинси /пештара/ набошад.
Вањї ва рўияти мулк.
186. Барои њамин њам агар тахаюли инсон ќавї ва ќудрати нафсаш васеъ бошад, њавос моњияти ќувва /фикрии/ ўро пахш  мекунанд, балки афзал он аст, ки дар њолати бедорї бо малоик  пайвандад. Пас, аз љузъият эњтиёт шав, ки  гоњо дар назари инсон фариштагон дар ѓайри сураташон  дида мешаванд. Агар мутахайила аз чизе огоњ ёбад, пас сурати чизњоеро њикоят менамояд, ки дар нафс аз вай берун меоянд ва ба њисси  муштарак омада дар он ќарор  мегиранд. Ва хосияти њисси муштарак дар ин аст, ки суратњоро аз берун ва њам аз дарун мепазирад, агар онњо дар вай  мустањкам  ќарор гиранд-лекин на монанди  шахси тундмизољ, дар пеши чашмаш  танњо чизеро мебинад, ки тахаюлаш ба он ќодир аст. Ва ин њолат  ба сабаби  заъфи  аќлаш  аст, ки онро тахаюл пахш карда аст. Аммо ин заъф ба сабаби  ќувваи тахаюли ў ва шиддати таљаллии ќувваи  малакия  аст, ки бар вай аз дохилу берун, ѓайб ва шањодат  нур бахшида, ќисме аз мудрики  аќлии назарї ва амалии ўро ба тахаюл  ва дигарашро  ба њис  овардааст, зеро он чи дар тахаюл  ба амал меояд, дар њисси муштарак  интибоъ меёбад. Ва ин њолат  идрок  аз дохил  буда, мо инчунин хориљро дарк менамоем, агар дар њисси муштарак тасаввур ёбад. Пас ин инсон  метавонад суратњои аљиби фариштагонро бинад, ки дар ў  тасаввур мегарданд. Њар гоњ њидоят ба вољиб пайваст гардад, дар ботини ў ќарор мегирад. Пас, ў ба воситаи фармону манъњое хитоб мекунад, ки онњо шунида мешаванд.
Вуљуби нубувват.
187. Пас /аќлњои осмонї/ се табаќаи анбиёро ташкил медињанд ва монанд ба онњо нубуввате мављуд аст, ки дар навъи инсонї вуљуд дорад. Азбаски  тадбири маданї ба ваљње  мутлаќ аст, ки  умуман коинот вуљуд надоранд,-аз љумлаи онњо инсон –магар аз унсурњое, ки пайдо мешаванд, пас коинот  аз ин унсурњо  ба вуљуд  меоянд. Агар /тадбири маданї/ мутлаќ  бошад, пас инсон  бе мушоракат  /бо дигарон/ вуљуд  дошта наметавонад. Пас, як кас санъати /њунари/ хўрдану  нўшиданро, ки дар ў мављуд набуданд, танњо ба воситаи саноат /илм/ ба даст меорад, балки  эњтиёљ ба ин амр пайдо мегардад, ки кулл барои њар як  кулле  амал кунад, ки дар /тадбири маданї/ баробар /њисса/ доранд. Ин амр аз роњи маданият  ва дастаљамъї дар доду гирифт, ки адолатро  фарз дорад, ки истилоњ ва тавотуъро  ќабул надорад, зеро њар дуи он мебинад, ки адл[11] чи њаст.
188. Балки њамаи одамон ба мумайизе эњтиёљ доранд, ки хосият дошта бошад одамон аз пай он раванд. Инчунин эњтиёљ аст, ки ин инсон амсоли худро бо ваъда ва зурї ба /амре/ вазифадор намояд. Пас вай бояд, ки  њамаро бо саноати мављуд , маќбул ва хавфноки хеш  ошно намуда, ба онњо фаризањои  бор гардонад њар гоњ одамон аз паи иљрои он бошанд ва зикри Худованд ва он  инсони мумайиз[12] намоянд, агар ў  вафот  карда бошад, дар акси њол  базудї  ўро ва он чи ў ба вуљуд овардааст, фаромўш  менамоянд. Њамаи ин умур дар маъќул  вољиб  ва дар вуљуд  мумкин аст, дар њоле вуљуд тобеи маъќул аст. Пас, нубувват, ки иллати суботи навъи инсон аст, мављуд аст ва агар вай намебуд, инсон вуљуд намедошт.
Фасли шашум.
Саодат
Анвои лаззатњо ва мартабаи онњо:
189. Чуноне камоли њар мудрике њосили чизи даркшавандаи мувофиќи ўст, /њамин тарз / лаззат /камоли/ ќувваи шањвония, ѓалаба аз ќувваи ѓазабия ва орзу /камоли/ ќувваи вањмия мебошад. Ва монанд ба ин /камоли/ ќувваи нотиќа тасаввур ба воситаи аќли кулл  аст, то ки донистани худро худ ба худ /чизи/ рўњоние гардонад, ки дар вай  њар вуљуде. Ки дар олами берун њас, аз он ба ваљњи /шакли/ аќлї пайдо шавад. Ва идроки ќувваи нотиќа афзалтар буда, чизи даркшавандаи он таъсири бузургтару шиддатноктар дорад. Пас, лаззати ќувваи нотиќа ва муќобили он, њарчанд камол наёбад њам – бузургтар аст.
Вобастагии шуур ба лаззат баъди заволи монеа.
190. /Ин амр, ки/ чиз ба воситаи камоли лазизаш табиатан ба сабаби эътирози офате, ки хоси он чиз аст, аз лаззат гирифтан моннъ намешавад, чуноне /њоссаи/ завќ монеи лаззат бурдан ба воситаи ширинї мешавад далели ин нест ки агар он монеа  бардошта шавад лаззат он њис нашавад. Агар ќувваи дорика ба сабаби монеае алами набудани /лаззатро ба воситаи камоли лазизаш табиатан/  њис накунад, монанди  шахсе, ки њиссиётро аз даст додаст пас ўро набудани лаззат аламнок намесозад. /Њосаи завќ/ агар аз чизи зидди худ лаззат барад,- монанди касе, ки  дар  меъдааш  омезиши баде мављуд  асту  аз чизи  тез  лаззат мебарад ё дар димоѓаш омезиши њасту аз чизи бад хўшаш меояд- далели он нест, ки он чи ба воситаи он азият пайдо мешавад азият нест ва он чи аз вай лаззат бурда мешавад лазиз нест.
Вобастагии саодат ба камоли аќлї.
191. Аљабо, лаззати хушбахтоваре, ки ба малакути аъло пайваст аст, њаќќи мањз ва чизеро, ки аз он берун меояд, мушоњида менамояд. Алами сахт бошад, муќобили лаззати хушбахтиовар аст, агар огоњ ёбад, ки барои чи ба воситаи вай камол меёбад. Зеро шуур ба воситаи чизе, ки ќувваи нотиќа камол меёбад, худ ба худ равшан набуда, балки вай чизи камолдињандаро ба даст меорад ва агар онро да даст орад камоли матлуб баъди ин ба даст намеояд, дар њоле касб дар олами абади мемонад.
192. Дар нафси муфориќ њайатњои инќиёдие њосил мешавад, ки барои ќуввањои бадан малакањоанд. Агар нафсњо муфориќат ёбанд њам, гўё  муфориќ нестанд, зеро ба зоти хеш омезиш наёфта, балки омезиши онњо ба воситаи њайатњост. Агар онњо муфориќат ёфта, ба воситаи  ин њайатњо монеи ба камол  расидан гарданд дар бадани дунёвии худ буда наметавонанд ва машѓули  њолатњои худ мегарданд ва бадани вай рўзи  растухез  бо мизољ  ва таркиби  дигар аст. Пас, вай монанди шахси  бењисс мебошад, ки бо дур шудани он каратї вай месўзад ва ба воситаи чизе, ки вуљуд дорад, азият мекашад, лекин ин њолати ѓарибест, ки танњо феъли он боќї монда, худаш нест мегардад.
193 Аммо нафси оммие, ки сирати шаръиро  мехоњад, дар тахаюли савобу зидди он боќї мемонад, иќоб низ бар њамин минвол аст. Пас, нафс саодати хаёлї дорад ва муќобили он шавоќати хаёлї аст, њарчанд хаёлии сирф нест.
Камолњои аклї ва њиссї.
194. Бигузор, њар як одам дар љустуљўи камол бошад, то ки нисбати умурро ба мављудоти  муфориќ тасаввур намояд. Пас, ба ин камолоти пурра аз роњи муфораќат омода мегарданд. Бигузор, ба ин камолот њайатњои баданї алоќаманд набошанд, то ки ин ќуввањо чун восита истифода шаванд: чун шањват барои хулќи  иффат  ё ѓазаб  барои хулќи  шуљоат. Зеро тавассут аз ваљње салб буда, њар ки муфориќ гуфта дар ин њолат  мемонад, ба лаззати  абадї дохил мегардад ва дар он  њайати  љамоле  интибоъ меёбад, ки дар вай таѓири  њаќќи аввал ва он чи баъди вай  меояд мушоњида намешавад. Пас, њама чиз дар зоти њаќќи аввал тасаввур мешавад ва вай чун зоташ азбаски нафси нотиќа аст, малики њаќиќист, њарчанд вай дар бадан њис намешавад.
195. Ширинї, мулоимї, бўи хуш ва манзараи зебо аз кимолотеанд, ки ба умури паст дохил буда, алњол бар мо ѓолибанд ва мо тасаввур мекунем, ки  ба љузоињо лаззати дигаре нест, чуноне писарбача гумон дорад, ки аз бозие, ки  ў машѓул аст, чизи ширинтаре нест. Чизеро, ки лаззатпарастогн афзал медонанд, барои онњо навъе аз девонагист.
Саодати ухравї.
196. Њарчанд мо кайфияти /њаќиќии/ лаззате ухравиро тасаввур нанамоем њам, собит будани онро медонем. Њељ агар лаззати љимоъро њис накунад, пас љимоъ лаззате  надорад. Гум шудани тасаввури лаззати љимоъ ба вуљуди лаззати љимоъ монеъ нест. Зеро чуноне мегўянд, дар умури дунёвї лаззати ухравї мисоле /монанде/ дорад ва бартараф кардан ишак мушкил аст,агар вай зоњир гардад.
198. Агар шахси фозил сиратеро ихтиёр менамуд, ки масъалаи њайат дар вай пўшида монад ва ба лаззати њисси иваз мегашт-чунки њар як лаззат њиссист,- он ваќт вай он лаззатро ихтиёр  намекард. Пас, њалли  ин амр дар назди ў  дар ѓояти лаззат  аст. Бо вуљуди ин ки хаёли заифи лаззати  ухравї  аз тасаввури шомеа  ва зоиќа  дуртар аст. Агар хоњї донї, ки машѓулият ба лаззатњои ботинї ва алами онњо аз чизи монанди онњо аз њисси зоњир пурќувватар аст, пас ба /њолатњои/ аксари одамон диќќат дењ, ки оё онњо ѓарази лаззати табии ё ламсї ва ё љимоъиро бар њиљлу ё чизи бад афзал медонанд ё не, њарчанд  дар ин љо  алами маъмулї нест? Чуноне мебинї одамон  тоќати инро  надоранд ва онњо  даъвоњои  ѓалаба ва хатарњоеро, ки барои зикр огоњї меоранд, бар њар лаззат афзалтар медонанд, балки бар њаёт  низ. Аз ин љо онњо побанди ќуввањои баданианд.
199. Њамаи мањсусотро аз ин ќиёс магир. Ва бидон, ки шабоњат бар абадиёт мавќеи шарифтар ва арзиши бештар нисбат ба зикрест, ки бори гарон аст ва хиљле, ки нафрат меорад.
200. Бадани мабъус[13] њар гоњ хушбахт бошад хушнудиро  аз лаззатњои баданї ва њар гоњ бадбахт бошад аз аламњои баданї мебинад. Дар асл бошад лаззату азият ду чизи рўњонианд, ки њар кадоме дар љои худ  болиѓтар аз дигарест, балки  нисбате надоранд.
Худованд оварандаи рањмат аст.
Охири фанни чањорум[14] аз китоби «Њидоя»: батафсил нигошта онро ба чопи илмї  омода сохтааст, гирифтаем. Чунин тариќа аз як тараф корро осон мекарда бошад, аз љињати дигар имкон  медињад, ки хизмати тањиягари ин асари Ибни Сино Муњаммад Абду аз рўи адолат таќдир карда шавад.
Дастхатњои «Китоби њидоя» дар китобхонањои  «Айя-София» дар зери раќами 2475 ва Нури Усмония-4894, ки онњоро муњаќиќон Ќанавотї, Забењулло Сафо, Яњёи Мањдавї ва дигарон зикр кардаанд, мањфузанд. Мо тарљумаи худро аз рўи чопи илмие, ки онро доктор Муњаммад абду дар асоси муќоиса ва баррасии дастхатњои мазкури асари  Ибни Сино тањия  кардааст, ба анљом  расонидаем. Инчунин тавзењоте, ки ба асар омода сохтаем асосан, дар асоси шарњу тафсири тахиягари китоб омода кардаем.
Агар тањќиќи асарро аз маќсади асар оѓоз намоем, чунин дармеёбем, ки «Китоби њидоя»-ро Ибни Сино ба бародари худ Алї бахшида онро чун роњбаланди зиндагии ў ба ќалам додаст. Ибни Сино мегўяд: «…Бародари азиз, Алї ! Худованд туро бо тавфиќ шод  гардонад, њодию нигањдор ва судбахшат бошаду ќалбатро бо хирад равшан карда, аз офати дањру њаводиси замон эминат созаду сазовори рањмати бепоёни худ намояд.
Сипас бигўем, ки дар ин тазкира /китоб/ улуми њикматро бо алфози  мўљаз ва иборањои  равшан гирд овардам, то ки њангоми дарёфтан ва фањмидан душворат  осон ва судат бештар гардад...» «Китоби њидоя» аз аввалин асарњое нест, ки онро Ибни Сино ба бародараш бахшида буд. Ў китобе бо номи «Ќасидаи муздавиља дар мантиќ» доштааст, ки дар чанд абёти он аз бародараш Алї ёд меорад.
Ѓайри ёддошти сарчашмањо Абуубайди Љузљонї дар «Таворих аш-Шайх» доир ба маќсади «Китоби њидоя» меоварад; «Китоби њидоя» њикматро дар бар гирифта, онро њангоми мањбусї дар ќалъаи фардљон таълиф кардааст. /Ин асар/, ки ба бародараш Алї бахшида шудааст, ба ихтисор  ќисмњои /гуногуни/ њикматро шомил аст.
Ибни Сино  баъди соли 1024 аз мањбусї озод шудан мантиќи «Шифо» ва риїзиёти он ки чор китоби мухтасар «Ал-Маљистї», «Иќлидис»  «Ал-Арисмотиќї» ва «Ал-Мусиќї»-ро дар бар мегирад, ба итмон мерасонад. Дар роњ њангоми њамлаи Алоуддавла ба Собурхост соли 1026 ќисмњои ў «Китоб-аш-шифо»: «Китоб-ан-набот», «Китоб ал-њайвон»-ро ба итмом расонида, онњоро дар шакли мухтасар бо номи «Наљот» тартиб дод. Аз ин љо маълум мегардад, ки мушафаккир «Китоб –аш-шифо»-ро дар чињилу њафтсолагї ба анљом расонидааст. Аз ин љињат метавон санаи таълифи «Китоби њидоя»-ро соли 1023 њангоме, ки сини ў ба чињилу чањор  расида буд, муайян кард. Дар ин давра, Ибни Сино на танњо чун табиб, балки њамчун файласуфи камолёфта шуњрат дошт, зеро то давраи оѓози таълифи «Китоби њидоя» дар љодаи фалсафа, ба воситаи асари аз њама мукаммал ва муњимми фалсафиаш «Кито баш-шифо» таљрибаи бой њосил карда буд.  Гарчанде «Китоби њидоя» пеш аз асари мукаммалу мўљази Ибни Сино «Ишорот ва танбењот» таълиф шуда бошад њам, метавон онро мухтасари њамаи фалсафаи ў шумурд, ки онро басо мўљаз баён кардааст.
Чуноне ќайд кардем «Китоби њидоя»  њарчанд аз таълифоти мухимми Ибни Сино ба шумор меравад, вале тањќиќи он аз назари муњаќќиќон дурр мондааст. Ба чунин асари мўљазу хурди Ибни Сино «Уюн њикмат» агар файласуфони шинохта Фахриддини Розї ва Ибни Лабудї шарњњо навишта бошанд ва Абдурањмон Бадавї дастхатњои зиёди онро ишора карда тањќиќ карда бошад, пас «Китоби њидоя» аз чунин таваљљуњ бархурдор набудааст. Њатто носихон њам чандон онро рўбардор накардаанд, ки натиљаи он дастхатњои нодиру камшумори он аст.
Китоби њидоя аз љињати тартиб ва табаќабанди мисли дигар асарњои ў «Донишнома», «Ишорот ва танбењот» , «Наљот», «Китоби аш-шифо» ва дигар асарњои ўст, ки бо мантиќ оѓоз ёфта, сипас табиёт ва илоњиёт  оварда мешаванд. Вале  ин асар бо вуљуди хурдњаљмиаш бештар ба «Шифо» шабоњат дошта, вале аз он њам дар як љињат фарќ дорад. Айнияти «Китоби њидоя» бо «Китоби аш-шифо» дар ин аст, ки вай мавзўъњои зеринро шомил аст, ки онњо то андозае дар «Шифо» зикр ёфтаанд: Муќаддима, боби аввал  мантиќ, маќулот, иборот, ќиёс, бурњон, љадал, хитоба, шеър, суфистиќо /муѓолата/; боби дуввум табииёт, маънии самоъ, маонии само, маонии кавну фасод, осори улвия, маъодин, нафси наботї, нафси њайвонї ва ќуввањои он, нутќ /нафси нотиќа/; боби саввум илоњиёт маънињои омм, Оллоњ-вољибулвуљуд, фариштагон-аќлњо ва нафсњои самовї, алоќаи фариштагон ба якдигар ва олами заминї, маърифат  ва саодат. Фарќияти  «Китоби њидоя» ва дигар асарњои мазкури Ибни Сино аз «Шафо» дар ин аст, ки риёзиёт танњо дар «Китоби аш-шифо» оварда шудаасту бас.
Дар муќаддимаи «Китоби њидоя» гарчанде таъкид кардааст: «дар ин китоб љамъи илмњои њукматро гирд овардаам», вале се навъи он: мантиќ ва ќисматњои он, табииёт бо аќсомаги ва илоњиётро зикр карда, аз риёзиёт чизе наовардааст. Вале дар охири асари мазкур мегўяд: «фанни охи рва чањоруми Китоби њидоя». Аммо ин таъкиди мутафаккира бо њаќиќат созгор нест, зеро дар асар на чањор илм, балки се фан ба истиснои риёзиёт оварда шудааст. «Китоби њидоя» аз аввалини асарњое нест, ки Ибни Сино дар он ќисмати риёзиётро истисно карда бошад. Дар муќаддимаи «Наљот» гарчанде Ибни Сино таъкид менамояд, ки риёзиётро бо ќисматњояш: њандаса њисоб, фалак, ва мусиќї зикр намудааст, дар асл ў  танњо мантиќ, табииёт ва илоњиётро ишора кардаасту бас. Тањиягари китоби Ибни Сино  Муњаммад Абду дар ин бора таъкид, мекунад:-«Муњаќиќон бигузор  бидонанд, ки  сарукор доштагон ба китобњои Шайх аз ќадим ин љониб риёзиёт ва ќисматњои онро партофтаанд». Ва ин муњаќќиќ сабаби чунин муносибатро дар ин мебинад, ки риёзиёт илмест, ки ба вай чизе илова кардан душвор аст ва барои њамин Ибни Сино  ба шарњи он дар «Китоби аш-шифо» кифоят варзидааст ва чуноне мебинем ў аз тањќиќи риёзиёт дар аксари асарњои худ «Уюн ал-њикмат», «Ишорот ва танбењот» ва њатто «Њикмати машриќия» худдорї  кардааст. Дар ин бобат дар муќаддимаи «Њикмати машриќия» мегўяд: «Риёзиёт илме нест, ки дар вай ихтилоф бошад. Чизеро ки дар «Китоби аш-шифо» овардем, бо вуљуди такрораш дар ин љо меоварем». Аз ин љо мо ба як хулосаи муњим  меоем, ки дар аксари асарњои Ибни Сино, аз он љумла, дар «Китоби њидоя» низ як илми  асосии  фалсафаи  вай- риёзиёт ноќис аст,  ки ин камбудї гоњ ба хоњиши худи Ибни Сино ва гоње ба иродаи муњаќќиќони  ў ба амал омадааст.
Њамин тарз Ибни Сино дар «Китоби њидоя» низ як ќисми илми аслии назарї риёзиётро дар ин љо  зикр накардааст.



[1] Маќсуд њаюлои олами унсурист.
[2] Мурод аз мабдаъњо  дар ин љо, љизест, ки љавњарњои  аќлии  муфориќ  ва нафсњои самовї мебошад.
[3] Матлаби љумла ин аст, ки умур барои тањќиќи ѓарази худ амал  намекунанд.
[4] Яъне аќлњои муфориќ ва нафсњои љирмњои осмонї.
[5] Яъне таѓиротњое, ки дар мизољ рўй  медињанд ва њаракати узвњо  тобеи онњост, аз таъсироти  табии хориљї рўї надода, балки аз тасаввуроти нафсонии дохилї пайдо мешаванд.
[6] Яъне он чи аз тариќи мўъљиза ба амал меояд метавонад амсоли  он аз роњи табии пайдо шавад. Лекин фарќи онњо дар ин аст, ки маншаи њолати аввал тасаввуроти нафси ќавї буда, аз њолати дуввум мабдаъњои  табиист.
[7] Тасаввуротњое, ки баданашон авлотар аст.
[8] Мабдаъњои муфориќ ва нафсњои осмонї.
[9] Дар «Наљот» Ибни Сино мегўяд: «Зако ќувваи омодагии њадс аст. Њадс бошад њаракатест, ки барои расидан ба њадди авсат, агар матлабе пеш гузашта шуда бошад, равона шудааст. Ё барои расидан ба њадди анбар равона шудааст, агар њадди авсат муайян гашта бошад. Умуман, /њадс/ ба тезї аз маълум ба маљњул  гузаштан аст».
[10] Ибни Сино дар Наљот ин навъ нубувватро ин тарз тавсиф кардааст: «Ин навъ нубувват болотарин навъи нубувват буда, болотарин ќувваи нубувват  аст ва ин ќувваро  бењтар аст, ки ќувваи ќудсия номида мешавад, ки болотарин мартабањои ќувваи инсонї аст».
[11] Мусанниф гуфтанї њаст, ки дар њар љомеае бояд ќонунњо барои  барќарории адл амал кунанд. Ў дар ин бобат дар «Наљот» мегўяд: «Дар муомила бояд суннат /шариъат/ ва адл пайдор бошанд. Суннаму адолат бояд тањќиќкунандаи хешро дошта бошанд. Ва ин  амр бояд тарзе бошад, ки одамон тавонанд бо њамдигар мурољиат намуда, суннат онњоро ба ин водор созад. Тањќиќкунандаи ин бояд инсон  бошад. Љоиз нест, ки ба мардум ва афкори онњо беэътинои зоњир…»
[12] Дар «Наљот» ин њолатро ин тарз шарњ дода аст: «Пас вољиб аст, ки набї мављуд бошад ба вай бояд инсон бошад. Ў бояд дорои хусусиятњое бошад, ки дигарон надошта бошанд, то ки мардум дар ў чизеро ёбанд, ки аз дигарон фарќ дошта боша два муъљизањоеро доро бошад ки аз онњо хабар додаем..»
[13] Явм ал-баас-яъне рўзи растухез.
[14] Њарчанд дар охири асари «фанни чањорум»-и  китоби њидоя гуфта шуда бошад њам, дар асл он иборат аз се  илм  аст: мантиќ, табииёт ва илоњиёт.

















Комментариев нет:

Отправить комментарий

Сайдраҳмон Сулаймони

 Муҳаққиқ, мубаллиғ ва мутарҷими осори илмии Шайхурраис Ибни Сино Сухан гуфтан дар бораи яке аз арабшиносони маъруфу ангуштшумор, доктори ил...