Фарҳангнигорӣ

Нигоње ба фарњангнигорї дар забоншиносии тољик.
Њар касе шуд, аз забони худ људо,
Бенаво шуд, гарчи дорад сад наво.
Дар илм ин нукта пазируфта шудааст, ки тараќќии њар миллату мулк тараќќии забони он мулку миллат аст ва асоси пешрафти забон тартиб додани фарњангњои љомеи он аст, ки се шохаи  забон такаллум, насру назмро дар бар дорад. Бењуда набудааст, ки донишмандону файласуфон, сиёсатмадорону муаррихон ва умуман зиёиёни ќавму миллатњои мухталиф наќш ва маќоми фарњангњо ва луѓатномањоро дар раванди камолоти маънавии халќњои мухталиф ба сурати алоњида таъкид кардаанд. Маорифпарвари бузурги фаронса Волтер мегўяд:
«Фарњанг – љањони њастї мебошад, ки дар тартиби њуруфоти алифбо мураттаб гардидааст».
Дар љойи дигар Готфанд Герман ишора мекунад:
«Ду чизро њамеша тартиб додан душвор будааст: таълифи фарњангномањо ва тартиб додани ќонунњои грамматика».
Маќсади банда дар ин як гузориши кўтоњ мавриди баррасї ќарор додани таърихи фарњангнигорї ва навъњои мухталифи он – дар забоншиносии муосири тољик нест, зеро ин масъала дар шаклњои мухталиф дар тањќиќоти фарњангнигорони ховаршиноси хориљї ва пажўхишњои донишмандони мањаллї то дараљае мавриди тањќиќ ќарор гирифтааст. Он чи дар ин љо ба диќќати донишмандони мўњтарам иброз кардан мехоњам, вазъи имрўзаи фарњангнигорї дар забони муосири тољик ва бархе аз пешнињодоти мушаххас дар ин љода, ки онњоро дар муддати зиёда аз 20 – солаи тартиб додани «Фарњанги арабї – тољикї» андўхтаам.
Агар ба таърихчаи тартиб додани фарњангњои тафсирии тољикї як назари иљмолї андозем, мебинем, ки гомњои аввалин ва љиддї дар ин љода, аз љониби устод Садриддин Айнї њанўз дар солњои 30 – уми ќарни гузашта гузошта шуда буданд, зеро чуноне аз номаи устод Айнї аз таърихи 2 июли соли 1938 ба номи директори Нашриёти давлатии Тољикистон Пўлодов берун меояд, ў дар ин сол, ба гуфтаи худи устод «Луѓати нимтафсилии забони адабии тољик» ба чоп омода гардида буд, вале бо сабабњои маълум дар он замон луѓат рўйи чопро надид ва дар нихояти кор, дар зимни осори мунтахаби устод соли 1976 дар нашриёти «Ирфон» ба табъ расид. Гоми муњими дигаре, ки дар ин љода дар даврони Шўравї ба анљом расид, тартиб додани «Фарњанги забони тољикї» аз тарафи гурўњи муаллифон буд, ки маводи он дар пояи адабиёт ва сарчашмањо аз асри Х то ибтидои асри ХХ гирдоварї гардида, буд. Ин фарњанг низ воќеан, дар њаёти фарњангї ва илмии миллатамон як падидаи арзишманд ба эътибор мерафт ва меравад, зеро чуноне баъди чопи ин Фарњанг дар соли 1969 дар Маскав,(ки муддати ќариб 40 сол гузоштааст,) њанўз њам дар забоншиносии тољик гоми мушаххасе, барои тартиб додани «Фарњанги муосири тафсирї ва меъёрї» - и забони тољикї, гузошта нашудааст, дар њоле Тољикистони соњибистиќлол, ки забони давлатї – забони тољикї як рукни муњими се рукни њастии он мебошад, ба пурќувват кардан чї дар сатњи давлат ва чї дар сатњи муассисањои илмї ва фарњангї ниёз дорад.
Дар айни замон агар ба худи анъанаи луѓатнигорї ё худ фарњангнигорї дар адабиёти форсизабон назар андозем, мебинем, ки ин риштаи муњими фарњанг ва забоншиносии тољик таърихи тўлонї дошта, мувофиќи шањодати сарчашмањо тартиб дода шудани аввалин фарњанги забони форсї (тољикї) «Луѓати фурс» - и Асадии Тўсї дар соли 1085 оѓоз ёфтааст, њарчанд бегуфтугў решањои он ба даврони пештар тааллуќ доранд, ки намунаи он боз њам мувофиќи гувоњии сарчашмањо ба охири асри IX ва оѓози асри Х «Фарњанг» ё «Рисолаи Абўњафси Суѓдї» - яке мусиќишиносон ва оњангсозони њамон даврон будааст. Љойи тазаккур аст, ки шеър дар таърихи адабиёти форсї мавќеи авлавият дошта, чуноне аз таърихи адабиёти халќамон маълум аст, аксари фарњангномањо ё ба сурати шеърї нигошта шудаанд ё аксари мутлаќи мисолњоро барои тасдиќи маънои дилхоњ дар либоси шеър оростаанд. Дар адабиёти илмї ин аќида собит гардидааст, ки асосгузори шеъри форсї (тољикї) устод Рўдакї низ бо номи «Тољ – ул – масодир фи луѓати – л - фурс» фарњанге эљод кардааст.
Илова бар ин, агар мо ба таърихи бурду бохтњои донишмандони форсизабон ба ду соњаи муњими адабиёти форсї (тољикї): луѓатнигорї ва тартиб додани дастурњои забони форсї (тољикї) нигарем мебинем, ки дар ин љода камтар таваљљўх шудааст. Барои бедалел сухан нагуфтан агар ба таърихи эљоди луѓатномахо дар шаклу тартиби мухталиф дар адабиёти форсї дар ќиёс ба забоншиносии араб нигарем мебинем, ки ин корњо камтар ба чашм мерасад ва чунин њолро дар тартиб додани дастур ё грамматикаи забони форсї низ мушоњида мекунем, ки то аввалњои асри XIV (чањордањ), то таълиф гардидани «Чањор гулзор» - и Хоља Њасани Ансорї дастури мукаммалеро пайдо карда наметавонем. Дар айни њол, як падидаи шигифтовареро дар таърихи адабиёти форсї мушоњида менамоем, ки аксари мутлаќи фарњангнигорони бузурги араб Фирўзободї, Розї ва нањвнигорон чун Сибавайњ, ал – Кисої, адабиётшиносон чун Ибни Муќаффаъ ва Абдулњомиди Котиб њамагон аз лињози нажод эронитабор будаанд, њатто Мавлоно Абдурањмони Љомї, ки яке аз саромадони адабиёти тољик буд, асаре бо номи «Фавоиди зиёия» барои писари худ ба забони арабї эљод кард. Албатта, банди хўрдагир ба мавќеи донишмандони мазкур нестам, вале «аёнро њољат ба баён нест» ва вазъи имрўзаи фарњангнигорї дар забоншиносии тољик рўшангари он аст, ки ин риштаи муњими адабиётамон њанўз аз замони кўњан камтар мавриди таваљљўњи донишмандон ќарор гирифтааст, ки сабабњо ва баёни илмии он аз чорчўби гузориши мо берун аст ва тањќиќи мустаќилро таќозо дорад. Табиист, ки саволе пеш меояд, ки фарњангњои чун «Ѓиёсу – л – луѓот», «Чароѓи њидоят», «Мунтахабот», «Сироњу ќироъ», «Бурњони ќотеъ», «Бањори аљам» ва ѓайра оё луѓатњои забони форсї (тољикї) нестанд. Барои љавоб ба ин савол ба ду тан донишмандони адабиёти форсу тољик устодон Саъид Нафисї ва садриддин Айнї мурољиат менамоем. Устод С.Нафисї мегўяд: «барои забони форсї дар гўша ва канор садњо китоби луѓат навиштаанд ва таќрибан 80 дар сади онро дар Њиндустон таълиф кардаанд, зеро беш аз 700 сол забони форсї дар Њинд забони расмии дарборњои мухталиф ва ягона забони муштарак дар миёни тавоифи мухталифи он сарзамин буда, ки забони якдигарро намедонистанд, ночор мардуме, ки забони форсї забони модарии эшон набудааст, ниёзманд ба китобњое буданд, ки мо дар натиљаи ѓафлат хештанро аз онњо бениёз медонистаем. Ошкор аст, ки ин китобњо њољати мо форсизабонони Эронро таъмин намекунад, зеро ба дасти ашхоси муњаќќиќ ва донае, ки ба њамаи румуз ва печу хамњои забонї ошно  бошанд, фароњам нашудааст ва он гање дар миёни форсидонони Њинд бархе аз таъбирот ва таркибот ва талфифоти забони форсї роиљ шуда, ки дар Эрон маъмул набуда ва њамвора вањшї ва бегона будааст ва ин китобњо мамлўъ аз ин гунна таркиботи номаънўс аст». Устод Айнї дар муќаддимаи «Луѓатнома» - и  худ мегўяд: «Имрўз барои васеъ кардани забони илмї ва адабии тољик ва барои хондани оммаи босаводшудаи тољик ва љавонони тањсилдидаистодаи ў ба китобњои луѓати гуногун мўњтољем: Мо бояд дар њар фан луѓатњои алоњидаи илмї ва барои таъмин кардани талаби љавонони бедониш шудаистодаи тољик ќомусњо дошта бошем, ки хазинаи забони халќро дар бар гирифта бошад ва забони зиндаи халќро ба пеши коркунони илмї ва адабї мисли материал тайёр карда монад….
Аммо ба ин њама эњтиёљњои гуногун дар дасти худ як китоби луѓати тољикї њам надорем, аз китобњои луѓати кўњна  «Ѓиёсу – л – луѓот»,  «Бурњони ќотеъ» барин якчанд луѓат бо нусхањои бисёр кам дар байни мардум ё дар китобхонањо бошанд њам аз онњо фоида бурдани љавонон мумкин нест, зеро якум онњо бо алифбои арабї ва тартиботи алифбои арабї навишта шудаанд; дуввум, аз нима зиёд мундариљаи онњо он луѓатњоеанд, ки тамоман мурда ва аз истеъмол рафтаанд ва инчунин ќисме аз онњо маънињои аввалї ва дар он луѓатњо баёншудаи худро гум карда, дар адабиёти имрўзаи тољик ва забони зиндаи тољик маънињои дигар пайдо карданд; севвум, тартиби баёни онњо чунон бетартиб ва вайрон аст, ки барои касе, ки алифбои арабиро медонад, дарёфти дидани як луѓат аз онњо бояд як соат, њатто зиёдтар ваќт сарф кунад».(с.19).
Њар ин ду гуфтори донишмандони саршиноси адабиёти муосири форсу тољикро мавриди тањќиќ ќарор дињем, чунин натиљагирї пеш меояд, ки махсусан дар забони муосири тољикї њаллу фасли корњои мушаххас ва чорабинињои зарурї анљом наёфтаанд. Аз ин рў, ба назари мо, дар забоншиносии тољик, дар шароити кунунї аз тартиб ва њарчи зудтар дастраси оммаи васеи хонандагон ва муњаќќиќон гардонидани «Фарњанги муосири љомеъи тафсирї ва меъёрї» - и забони тољикї дида кори таъхирнопазиртаре нест. Ин иќдом, пеш аз њама, кўмаки љиддїи моли њукумат ва љидду љањди пайгиронаи донишмандони забоншинос ва муассисањои илмиро таќозо дорад, зеро банда аз таљрибаи худ дар муддати зиёда аз 15 соли тартиб додани «Фарњанги чомеъи арабї - тољикї» медонам, ки њар гуна иќдом ва њар кори бунёдї бе кўмаки њамаљонибаи њукумат ва љињатњои дахлдор ба љуз сухани хушку холї чизи дигаре нест. Бо назардошти ин, ки ба шарофати неъмати истиќлол забони тољикї забони давлатии Љумњурии Тољикистон гардида, онро бояд њамагон аз пиру барно ва сиёсатмадору соњибкор то муаллиму духтур чун гавњараки чашм нигоњ дошта, бањри неруманд ва фарогир шудани он бикўшанд, зеро Мавлоно дар росто хеле мушикофона мефармояд:
Њар касе шуд, аз забони худ људо,
Бенаво шуд, гарчи дорад сад наво.
Ба аќидаи банда, дар шароити кунунї, ба назардошти имконоти муассисањои илмии Тољикистон ва махсусан, риштаи забоншиносии он мураттаб сохтани «Фарњанги љомеъи муосири тафсирї ва меъёрии забони тољикї» бо чунин роњ имконпазир ва амалї шуда метавонад, ки ин пешнињоди мушаххаси мо мебошад:
1). Аз он љо, ки  «Фарњанги љомеъи муосири тафсирї ва меъёрї» аз назари илми мантиќ як мафњуми умумї, куллї ва фарогир буда, шомили њамаи воњидњои луѓавї (аллбата ба сурати нисбї) мебошад ва ба њељ ваљњ лугатномаи истилоњї, илмї ва соњавї нест, месазад, ки эљодиёти 5 – 6 нависандаи бузург, 5 – 6 шоири шинохта, 3 – 4 публисист ва мунаќќиди тезќалам, 2 – 3 олими соњаи филология, ки нигориши онњо тољикї ва илмї аст, интихоб карда шавад. Табиист, ки аз назари илмї ва љисмонї барои гирд овардан, омўхтан, тасниф кардан ва љобаљо кардани ин мавод бояд гурўњи на камтар аз 20 нафарї, ки бо васоили хуби техникї аз лињози компютер, олотњои чопї, кормандони салоњиятдор дар чопи маводи гирдомада созмон дода шуда, ба онњо роњбари салоњиятдор ва таљрибадор дар соњаи илми фарњангнигорї ё худ лексикография таъйин гардад.
2). Ба назари мо, манбаи гирдоварии маводи воњидњои луѓавї интихоб кардани як ќарн, яъне оѓози асри ХХ ва анљоми он судмандтар аст, зеро мањз дар њамин даврон тољикон чун давлат дар дохили Иттињоди Шўравї зуњур карданд ва забони тољикї сурат ва сирати худро ташаккул дод. Гузашта аз ин мањз дар њамин марњилаи таърихи миллатамон арбобони бузурги адабиёти тољик чун: устод Айнї, Лоњутї, Улуѓзода, Турсунзода, Икромї, Ф.Муњаммадиев, М.Ќаноат, Лоиќ, Б.Собир ва дигарон пояњои насру назми тољикро пурќувват сохтанд. Албатта, дар ин љода истифодаи адабиёти классикї низ зарур аст.
3). Аз он љо, ки њар фарњанги тафсирї ва меъёрии муосир њадаф дорад, хонанда ва муњаќќиќро на танњо ба воњидњои умумии забонї ошно созад, балки аз вољиботи он огоњ сохтани хонанда ба умумитарин истилоњоти илмии забон мебошад, дар тартиб додани «Фарњанг» љалб кардани истилоњоти умумии фанњое чун риёзиёт, табиатшиносї, равоншиносї, љуѓрофия, таърих, ситорашиносї, тиб ва ѓайра зарур аст, зеро мо дар ќарни XXI ќарни кашфиётњо ва пешрафти илмї ќарор дорем, ки донистани истилоњоти рўзмарра ва умумии онњо ва махсусан, сабти онњо дар  «Фарњанг» зарурист.
4). Маводи   «Фарњанг» аз лињози тарзи гирдоварї бояд, ки комилан, дар картатекањо њар як воњиди луѓавї гирифта шуда, ба сурати мухтасар дар дохили љумла муайян карда шавад. Овардан ва бо рамзи ишорањои махсус љо додани иборањои рехта ва шарњњои мухтасари грамматикї аз вољиботи чунин Фарњанг бояд бошад.
5). Њангоми љамъоварї ва љобаљосозии мавод масъалањои зиёди дигаре пайдо мегарданд, ки њаллу фасли онњо дар рафти кор ба маќсад мувофиќ аст.
Чунинанд баъзе мушоњидањо доир ба вазъи фарњангнигорї дар забоншиносии тољик. Албатта, банда дур аз ин эътиќод аст, ки гуфтањо ва пешнињодоти мо сурати нињої ва мутлаќ дар ин соњаи муњимтарини фарњангу забони миллатамон бошанд, вале ин нукта дар илм боз њам пазируфта шудааст, ки илм як падидаи иќтисодї ва таљрибавї аст ва истифода кардани он таљриба њамеша омили пешрафти он соња хоњад буд.

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Сайдраҳмон Сулаймони

 Муҳаққиқ, мубаллиғ ва мутарҷими осори илмии Шайхурраис Ибни Сино Сухан гуфтан дар бораи яке аз арабшиносони маъруфу ангуштшумор, доктори ил...