Мавлоно Ҷомии Сонӣ

Мавлоно Ҷомии Сонии Қаротегинӣ.
Ба  шарофати  касби  истиқлол Тоҷикистон на танҳо аз  лиҳози  сиёсӣ  чун  давлат соҳибистиқлол зуҳур кард,балки  дар ҳаёти  иқтисодӣ ва фарҳангии  он  низ  дигаргуниҳои  бунёди  падид  омаданд.Паёмади исиқлоли  фарҳангӣ  дар  он  аст,ки мероси гуногунпаҳлӯи халқи  тоҷик,ки  бо  ғаразҳои сиёсӣ  ва сабабҳои  дигари  ба  истиқлоли  сиёсии Тоҷикистон  бастагӣ  дошта,имкони  дастраси омаи васеи  хонандагон  ва муҳақиқон гаштанро   надошт, имрӯз  метавонад,мавриди истифода  доираи васеи  хонандагон  гардад.
Ногуфта намонад,ки доирам адабии  Ғарм(Рашт) дар тӯли чандин  асрҳои гузашта  намояндагони фаровони илму  адаб ва дину фарҳангро тарбия намуда, асарҳои  зиёди илмӣ,адабӣ ва динӣ  аз  онҳо боқи мондааст. Дар исботи ин ақида метавон  номҳои Мавлаӣ Қосимӣ, Мавлавӣ  Шоҳидӣ,  Мавлавӣ Ҷомии Сонӣ, Гулханӣ, Ғармӣ(Абдураҳим), Хазонӣ(Мирзо Сафармуҳаммад), Ҳаҷрӣ(Азизбек), Ғабро, Бухорӣ(Муҳиддин), Обиддини Муҳаммадзода, Зайниддин, Ранҷа(Сафо Ошурзода), Сайфуллоҳи писари Хазонӣ, Абӯсаид Насимӣ, Хундил, Валеӣ, Раҳмат, Абдуразоқ, Абдуваҳҳоб, Шайх Абдулҳай, Мавлавӣ Одинамуҳаммад ибни  Мироқили Қаротегинӣ, Мулло Давлат, Додӣ(халифа Худойдод) ва  дигаронро дар ин доираи  адабӣ  зикр кард.
Мавлавӣ Ҷомии Сонӣ яке  аз  ҳамин  донишмандони  доираи  адабӣ  мебошад,ки дар нимаи дуввуми  асри 16  дар деҳаи  Сафедтундаки  ноҳияи Рашт(Ғарм)  ба дунё  омадааст. Соли Таваллуд вв  вафоти ӯ  дар даст нест.
Вале чунончи   аз  гуфтаи худи муллиф  дар охири китобаш”Мазҳари кул(л)” берун меояд:”аз  ҳиҷрати  ҳазрати Муҳаммад(с.а.с) 1013 сол гузашта буд”Агар  ин  санаи ҳиҷрии қамариро бо солшумории мелодӣ  бозгардон намоем,ба соли 1592  рост меояд.Аз  ин сана  чунин  берун  меояд,ки  агар  муаллиф  ин асарро  дар соли 1592  ба итмом расониа бошад,пас  гумони ғолиб  он аст,ки Мавлавӣ Ҷомии Сонӣ  дар  охирҳои асри XVI ва  аввалҳои асри  XVII умр ба сар бурдааст.
Дар ин замина,агар  водии Қаротегин  ва  махсусан,собиқ вилояти Ғарм   дар асрҳои  16  дорои чунин  доираи адаби будаст,пас  ақидаи он  ки  мардуми  ин вилоят  300 сол пеш  ба ин мавзеъҳо  омаданд,таҷдиди назари илмӣ  ва  таҳқиқи  таърихро  тақозо дорад,зеро,ки имкон надорад,ки 300 сол пеш  халқ  ба қое кӯч баста,400 сол  пеш  доираи адабӣ,фарҳангӣ  ва динӣ  дошта  бошад.
Аз  осори  нопурра  ва  номукаммал ба даст омадаи Мавлоно Ҷомии Сонӣ  чунин  бар меояд,ки  ӯ  шоир, олим ва фақеҳи барҷастаи  замони худ будааст,ки  намунаи равшани ин асари фалсафӣ  ва динни ӯ “ Мазҳари кул(л)” мебошад.
Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти  шоири Мавлоно Ҷомии Сонӣ  дар адабиётшиносии тоҷик  бори  аввал  донишмандон  Амирбек Ҳабибзода  ва Аълохон  Афсаҳзод(равонашон  шод бод) маълумот додаанд. Амирбек  Ҳабибзода  дар  монграфияи худ “ Доираҳои  аддабии Бухорои Шарқӣ”(Душанбе.1984)  дар бораи  доираи  адабии Қаротегин  сухан гуфта,намояндагони  онро номбар карда,  аз эҷодиёти  онҳо  намунаҳои шеърӣ  овардааст.Аз  ҷумла  ӯ  менависад,ки “шоир  ва олими дигари ин вилоят(Қаротегин-С.С) Ҷомӣ ибни Камолиддини Қаротегиӣ  буда,баъдҳо бо лақаби “Мавлавӣ Ҷомии Сонӣ” шӯҳрат ёфтааст.Ин шоир  ва  олим  низ  дар асри  XVII  зиндагӣ карда,асаре бо унвони”Мазҳари кул(л)” ба шакли  маснавӣ   аз худ  мерос мондааст.
Ҷойи ёдоварист,ки  баҳри дастрас  кардани  яке аз  нусхаҳои  комили “ Маҳзари кул(л)” ва рубоёти Мавлоно Ҷомии Сонӣ  Махдуми Пӯлодхони Ғармӣ,ки  дар доираҳои  адабии  Тофикистон  чун  шоир,хаттоти моҳир  ва аҳнкунандаи мероси  ниёгон  машҳур аст,хизмати босазо кардаанд. Махдуми Пӯлодхони Ғармӣ  соли 2000 аз рӯи  нусхаҳои  нисбатан  боътимоди  ин асар  онро хаттотӣ карда,дар бораи донишмандон:Мавлавӣ Абдулҳай, Мирзо Яқуби Сайдунӣ,Мавлавӣ Ҷомии Сонӣ,Мавлавӣ Одинамуҳаммади Белгичӣ,ки ба “Мазҳари кул(л)” шарҳи бисёр  арзишманд навиштааст,Ранҷаи Нушорӣ,мулло Искандари Бедакӣ, Эшони Қорӣ, Ҳоҷи Шарофиддини Хаттот, Эшони Носеҳиддин  маълумоти мухтасар додааст.
Макази Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон  низ  соли 2001 “Маҳзари кул(л)” ро чоп кардааст,ки пажуҳиши илми он  аз ҳадафи ин муқаддима берун аст.
Ин китоб “Мазҳари кул(л)” дар замони худ  дар байни мардум бисёр хонандаи зиёде дошта  дар байни аҳли адаб машҳур будааст.
Тибқи маълумоте,ки аз  авлод, ҳамдиёрон   ва мухлисони эҷодиёти  ин шоир  ва донишманд  дастрас  гардид, аз  ва  асарҳои зерин  боқи мондаанд:
1.Маҳзари кул(л)
2.Музакий –ус саудур.
3.Эътиқоднома.
4.Фарзи айн(бо назм)
5.Аҳсан-ул-қисас.
6.Вақа  ва Гулшоҳ.
7.Девони ғазалиёт.
Валк гумон меравад,ки  номгӯй  ҳамнуз  рӯйхати урраи эҷодиёти  ин донишмандро  ташкил карда наметавонад.
Дар китобхонаи Фирдавсӣ  дастхатҳои  зеринм “Мазҳари кул(л)” мавҷуданд:
1.Дастхати №224.71 саҳифа  беунвон  ва  дар муқова чунин  навишта шудааст,Муаллиф;Ибни  Камол.Хатти он настаълиқ  буда  дар пояни ҳар як  мисраъи шеъри арабт тарҷумаи он оварда шудааст.
Дасхати мазкур  танҳо  матни “Мазҳари кул(л)” ро дар бар мегирад.Ин рубоии зерин дар ҳамин  дасхат омадааст:
Гар з-он  ки қалам  ба саҳв шуд ронанада,
Дорем умеди авф,”эй Донанда”.
Ё раб, ба камоли  кироматат  раҳмат кун,
Бар котибу  бар  шоиру  бар хонанда.
2.Дастхати №1718 ин дасхат бо хатти бисёр зебои настаълиқи навишта шуда,мавзуъҳо  ё худ ақидаҳо чуноне,ки  муаллиф  менависад, дар шакли  алоҳида  набуда, танҳо  калимаи “ақида”  дар  ҳар ҷое,ки   ақидаи нав  меояд бо ранги  сурх ҷудо карда шудааст. Носих  дар дастхат рубоии зеринро меоварад ва   хадс мезанад,ки  аз васфи дарё  чунрн бар меояд,ки муаллиф  дарёи Қаротегин (Сурхобро)  дар назар дорад  зеро,ки  вай сурхлибос талхмазза ва селоба  аст ва нозими асар қуддиса сирруҳу  аз  ҳамин  вилоят аст;
Баҳр  аз  ғами ту ҷомаи  мотам  пӯшид,
Талхӣ  зи ғам  ту, бетаамул нашуд.
Селоби ғами ту,чунки  мағлубаш кард,
Аз дасти  ғамони ту, дигар хун ҷушид.
Дар хотимаи  дастхат мехонем:” мин ҳмҷратиҳи кона салоса ъашара би-л-алф”, яъне ба соли 1592  92 мелодӣ рост меояд.Номи шореҳи китоби “Мазҳари кул(л)” Одина Муҳаммад ибни Миоқил рубои зерин оварда шудааст;
Ҳазорон шукр  мар Халлоқи акбар,
К-Ӯ намуд латиф  хеш  яксар.
Дар  ин асру  замон з-Ибни Оқил,
Шарҳ берун овард ба “Мазҳар”.
Рубоии  дигаре  дар ин бораи китоб;
Ба ҳукми Худованди қадиму самаду халлоқи акбар,
Гуфтем ҳамин нусхаи мамдӯҳаи машҳура бо “Мазҳар”.
Таърихи  маҳу соли  ҳамин шарҳ  бидон,
Бошад  бо яқин  нимаи ҳар шаҳри сафар.

3. Дастхати№1065. Ин дастхат  бо хатти рези настаълиқ  навишта шуда, аз 138 саҳифа иборат аст. Матни асар нотамом ва танҳо 27 ақидаи он  аз 75 ақидаи китобро  дар бар мегирад.Худи матни шарҳи комил  аз Қуръону ҳадис дошта  вазнаш ахраби макфуф  фоилин,яъне фоъилоту  маъофилу фоъилин қалам дода шудааст.Яъне баҳри  ин китоб ва назми абёти он ахраби  макфуф аст,ки як мафъул ва як фоъилоту,як маъофилу ва фоъилин буда  бошад.Дар китоб аз  осори  бузургони аҳли тасаввуф Аттор,Саноӣ,Мавлонои Балхӣ ва Яқуби Чархӣ мисолҳо оварда шудааст.
Ҳадису Қуръон  дар ин нусха хеле хуб тарҷума  ва тавзеҳ дода шуда, хатти аввалин китоб  аз охири он фарқ дора,зеро  ояту ҳадисро  ба хатти руқия  ишора кардааст.
Дар оғози китоб баъди ҳамду ситоиши Худованд  навишта  шудааст:”Намуда   меояд,ки  ҳазрати шайху-л-муҳаққиқин  ва фозлу-л- мудаққиқин  ва бурҳону-л-мувфҳҳидин  Мавлавии Сонӣ Камолуддини Қаротегинӣ  бар  ҳардуи онҳо  раҳмат  аз Худои бениёз бод,дар илми калом китобе тасниф намуда  буд ба иборат хуш ва ишороти дилкаш,ки ҷавҳари арабӣ ва форсӣ  дар силки воҳид муназзам сохта ва ба аҳволи  ин ҷуҳҳоли  замона  пардохта  ба  муқтазои”каллиму-н-носа  ъало қадри яқулиҳим” (мардумро  бба  андозаи  ақлашлн  сӯхан гӯйед) аксари абёт онро  форсӣ  адо намуда  аз оёти  бобарокати каломи Субҳонӣ  ва  аз  суханони  анбиёи  ҳаққонӣ  истинботи  ин калима  карда   ва  ҳар оят ва аҳодисе,ки  маъхаз  аз   абёти ӯст  дар  зимни  байте  ё  мисрае  аз  он  ба тариқаи  рамз  ва имо ба он ишора  намуда  ва  ҳар ҷое,ки  холӣ  аз  ишкол  наом  буд,  дар  ҳалли  он эҳтимоми тамом намуда  дар  ҳошияи  баёзи  он китоб  мактуб сохта  ва  он  китобро  аз  ҷиҳати  он  ки  маҳалли баёни тамоми заруриёти ақоиди исломӣ  гашта  буд” Мазҳари кул(л) ном  ниҳоданд.
“Ҳал ҷазоу-л-эҳсони илла-л-эҳсона”(Сазои эҳсон танҳо эҳсон аст.)
Рубоӣ:
Ман муътарифам,ки кори ман ҷумла  хатост,
Маъзурам аз  он  ки  бар  башар  саҳв  равост.
Эй  нозир,агар тавонӣ  бо ислоҳ кӯш,
Бо айб  назар  макун,ки беайб Худост.
Рубоии дигар:
Хушрасидагони  асрори  қадам,
Чун  дар  назар  оваранд  ин тоза рақам.
Ҳар  ҳарфи  хато,ки ҷаста  бошад зи қалам,
Шӯянд  ба оби авф  ёрони карам.
Муноҷот:
Э раб! Ба  дилам  икром расон,
Нақде  ба  кафам  зи ганҷи асрор  расон.
Дар соҳати  умеди  ман  ин кохи  мурод,
Бунёд  ниҳонро  ба  итмом  расон.
Ибни Оқил умедвори дуост,
Баски ӯ  моили  гуноҳи  дуост.
Мӯъминоне  ин  китобро  хонанд,
Гар  ба  неки  дуо кунанд  сазозост.

3. Дастхати №1718. Иборат аз 472 варақ буда  бо  хатти  зебои  настаълиқ  навишта  шудааст.  Дар муқовимаи китоб мехонем:”Вазеҳу-л-баён» яъне  шарҳи “Мазҳари кул(л) Одинамуҳаммад   ибни Мироқили Қаротегинӣ
Навиштам  ман ба  тавфиқи Ягона,
Ки  монда  аз  мани мискин  нишона.
Ба  умеде,ки  ҳар мӯъмин  бихонад,
Дуо  созад  ба  рӯҳам  ғоибона,
Ба итмомаш  чу  шукру  ҷаҳж  гуфтам.
Мусоидат  кунад  ин умриёна.
Зи  умрам   рафта  чун   чиҳлу  се  сол,
Ки  рӯзона  навиштам оҷизона.

4.Дастхати№1162. Иборат  аз 352  варақ  буда,хатти  он  настаълиқ  аст. Матни  комили ин  асар  дар  зимаи 75 ақида  оаврад  шуда шудааст. Ин  дастхат  аз  дасти Махдуми  Абдуразоқ  ҳамдеҳа ва  мухлиси  Ҷомии  Сонӣ,ки дар деҳаи Сафедтундаки  ноҳияи  Рашт  зиндагӣ дорад  ба мо расид. Аз  Ривояти  махдум Абдуразоқ: “ Падари  ҳазрати  Мавлавӣ  охунди Мулло Хошок  ном  доштааст”
5.Дастхати  дигари бисёр  муҳими  ин асар  зери  рақами 589  дар  захираи  дастхатҳои Институти  шарқшиносӣ  ва  мероси  рӯи  ҳамин  дастхат  ба  анҷом  расидааст.
“Мазҳари кул(л)”-и Мавоно Ҷомии Сонӣ  бешубҳа  асарест,ки  фалсафаи калом  ва  ё  илми  калом,чуноне  худи  муаллиф  дар  асар  ишора  менамояд,башида  шудааст.Или  калом ки  яке  аз  бузургтарин  дастовардҳои   фарҳангу  волои ислом  аст  бунёдҳои  андешаи худро  аз  Қуръон  ва  ҳадису  суннат  гирифтааст.Чун  ки  илми  калон  яке  аз  панҷ  шохаи  фалсафаи  исломӣ:фалсафаи машшоъ, фалсафаи ишроқ,  тасаввуфу  ирфон,фалсафаи мутааллиҳа  мебошад,ки  усули  ҳадафи  он  ҳимояи  усулҳои бунёди дини  ислом  аст.
Ин  асар    дар дифоъ   ва  арзёӣ  аз  усулҳои  эҳтиқодии  дини  ислом  дар  пояи Қуръон  ва  ҳадис   навишта  шудааст.
“Мазҳари кул(л)”-и Мавоно Ҷомии Сонӣ    аз  лиҳози сохти  адабиии худ  ба  услуби  муламмаъот  иншо  гардидааст,ки  чанд  м
Исраъ  ё  байти  он  бо  араби оғоз ёфта,  давоми  он  бо форсӣ(тоҷикӣ)  идома  пайдо кардааст.
Бисми-л-Лоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим
Ҳамдан лизоти ақсадика  мин  нақойиса,
Шукран  лизоти  анзаҳиқа  мин  хасойиса.
Анта-л-Илоҳу  мин  азалин  ғайрука-л-ъабид.
Анта-л-Илоҳу   фӣ  абадин  фиълука-с-садид.

Мувофиқи  маъулумоти  сарчашмаҳо  Мавлоно Ҷомии Сонӣ  шоири  соҳибдевон  аст,аз  ин ҷо  таҳлили  мақому  мартабаи шеъру  шоирӣ  дар  назди  ӯ  ҳамчунин  аз  воҷиботи  ояндаи  донишмандони соҳаи  адабиётшиносӣ  мебошад.
Тазйини  само  ба  Зуҳраву  Парвин  кард,
Дар  гӯши фалак  ду  ҳалқаи  заррин  кард.
Эҳёи  замин  ба лолаву  насрин  кард,
Иблис  ба  доғи  лаъни  худ  нафрин  кард.
Ё  ки:
Хун  шуд  ҷигари  лаъли Бадахшон  аз  ҳаҷр,
Зар  шуд  рухи  хуршеди дурахшон  аз  ҳаҷр.
Садпора  дил  ғунчаи  хандон  аз  ҳаҷр,
Андар  ҷарас  аст  нола, афғон  аз  ҳаҷр.
Ё Ки:
Донӣ,ки  либоси фалак  аз  чист кабуд?
Мотамзада гашта  ӯ  зи ҳиҷрони Вадуд.
Чандон,ки  шавад  зоҳир  аз  ӯ  обилаҳо,
Дар  рӯз  бипӯшад  ӯ   алорағми ҳасуд.

Баъди  ҳамди Худо ва  наъти Расул,
Бишнав  ин нкқторо  ба  сами  қабул.
Ки  нахустин  фариз  бар  оқил,
Оқилӣ,к-аз  булӯғ  шуд  комил.

Сайдраҳмон  Сулаймонӣ.

Душанбе,2004с.

2 комментария:

  1. Фӣ вуҷудиҳи Субҳонаҳу ва Таъоло

    Ҳар киро ақли хӯрдабин бошад,
    Пеши вай ин сухан яқин бошад.
    К -осмону замину ҳаҷри дар –ӯ,
    Бошад аз ҷисму ҷон чи кӯҳна чи нав(ну).
    Нести онро зи сонеъе чора,
    Ки бувад файзбахш ҳамвора.
    Хона бе сунъи хонасоз кӣ шунид.
    Ҳарчи овард сӯйи ҳастӣ пай,
    Ёфта ҳастиву бақо аз вай.
    Ҳама мӯҳтоҷи Ӯ,нишебу фароз,
    В-Ӯ муббаро аз эҳтиёҷу ниёз.
    На араз зоти Ӯву на ҷавҳар,
    Ҳарчи банди хаёл аз он бартар.
    Аввал Ӯ буду койинот набуд,
    Ёфт з-Ӯ ҷумла койинот вуҷуд.
    Охир Ӯ монаду намонад кас,
    Кунҳи Ӯро ҷуз Ӯ надонад кас.
    Аз ҳама дар сифоту зот ҷудо,
    Лайса шайъунка ун мислиҳи абадо

    ОтветитьУдалить
  2. Ишора ба илм
    Ҳаст баъд аз ҳаёт илму шуур,
    Илме аз сабқи ҷаҳлу фикр дур.
    Мутааллиҷ ба ҷумла куллиёт,
    Мутаҷовиз аз он ба ҷузъиёт.
    Заррае нест дар макину макон,
    Ки на илмаш бувад муҳит ба он.
    Адади рег дар биёбонҳо,
    Адади баргҳо ба бустонҳо.
    Ҳама наздики Ӯ бувад зоҳираш,
    Ҳама дар илми Ӯ бувад ҳозир.

    ОтветитьУдалить

Сайдраҳмон Сулаймони

 Муҳаққиқ, мубаллиғ ва мутарҷими осори илмии Шайхурраис Ибни Сино Сухан гуфтан дар бораи яке аз арабшиносони маъруфу ангуштшумор, доктори ил...