СОЛШУМОРќ (ТАЅВИМ)
Истилоњи
«таќвим», ки аз решаи феъли навъи дуввуми арабии قَوَّمَ ва
масдари он تَقْوِيمٌ ба
маъноњои «барпо кардан, барафроштан»; «бањо (ќимат)-гузорї
кардан»; «росту дуруст (ислоњ) намудан»
гирифта шудааст, дар истилоњи ахтаршиносї (нуљумї) ба маъноњои «солшуморї»,
«гоњшуморї», «таърихнигорї», «солнома», «гоњнома»,
«календар» (ба маънои дафтари ќайди ќарзњо), ки дар истилоњи
имрўза ба њамон маънии «солшуморї» меояд, истифода мегардад.
Дар кишварњои араб солшуморињои гуногун истифода мешаванд. Вале солшумории њиљрии ќамарї таърихи тўлонитар дошта, он њанўз аз оѓози ислом истифода мегардад. Солшумории њиљрии ќамарї дар њоли
њозир дар бисёр кишварњои љањон аз љумла дар Яман, Урдун, Кувайт, Либия,
Лубнон, Индонезия, Покистон, Умон, Арабистони Саудї, Алљазоир, Сурия, Судон,
Мавритания, Миср, Тунис ва ѓ. истифода бурда мешавад.
Ѓайр
аз солшумории њиљрии ќамарї дар бархе аз кишварњои исломї (Эрон, Афѓонистон,
Туркия ва ѓ.) солшумории њиљрии шамсї низ мавриди истифода ќарор дорад.
Солшумории њиљрии шамсї на аз 16 июл, чуноне дар таќвими њиљрии ќамарї маъмул
аст ва на аз 1 январ, чуноне дар солшумории мелодї одат шудааст, балки аз 21
март, яъне аз ваќти баробаршавии шабу рўз оѓоз меёбад.
Солшумории
њиљрии ќамарї аз солшумории њиљрии шамсї, ки бар асоси њаракати Замин дар гирди
Офтоб мураттаб гардидааст, ќадимтар аст.
Дарозии моњи ќамарї ба 29 шабонарўзу 12 соату 44 даќиќа
3,8 сония баробар аст. Дарози соли њиљрии ќамарї тахминан 354 шабонарўз аст.
Моњи ќамарї иборат аз 29-30 рўз аст, яъне њафтаи моњ ба чањор њолати Моњтоб
вобаста мебошад:
1) њилол (моњи нопурра) (ду њафта)
2) бадр (моњи пурра) (ду њафта)
3) бозгашт аз бадр то њилол
Соли
638 халифа Умар ибни Хаттоб (раз) солшумории њиљрии ќамариро дар
дастгоњи давлат ва умури давлатдорї љорї намуд, ки оѓози он ба 16 июли соли 622, яъне рўзи
њиљрати пайѓамбари ислом - Муњаммад (с) аз Макка ба Мадина рост меояд.
Моњњои њиљрии ќамарї аз ин ќароранд:
1. اَلْمُحَرَّمُ -
муњаррам (30 рўз). Дар ин моњ ва моњњои 7-ум, 11-ум ва 12-ум аз рўйи одати
динии арабњо њаргуна шабехун ва љангу лашкаркашињо манъ будааст. Ин моњ ба моњи
январ рост меояд.
2. الصَفَرُ -
сафар (29 рўз). Бисёр ваќт арабњо дар ин моњ дучори бемории тоун гардида, рангу
рўяшон дар асари он беморї зард мегардид. Ба моњи феврал рост меояд.
3. رَبِيعُ اَلأَوَّلِ -
рабиъ-ул-аввал (30 рўз) буда, ба моњи март рост меояд.
4. رَبِيعُ الثَّانِي -
рабиъ-ус-сонї (29 рўз) буда, ба моњи апрел рост меояд.
«Р
а б и ъ» дар арабї бањорро гўянд, вале арабњо то ислом дар маънои он ду
моњи тирамоњро дар назар доштанд, зеро онњо ба фасли тирамоњ рост меомаданд.
5. جُمَادَى الأُوْلَى - љумод-ал-уло (30 рўз) буда, ба моњи май
рост меояд.
6. جُمَادَى الآخرة - љумод-ал-охира (29 рўз) буда, ба моњи июн
рост меояд.
«Љ
у м о д» аз феъли جَمَدَ - «ях к.», «карахт ш.» гирифта
шудааст. Ин моњњо ба мавсими сардињо ва яхбандии об, яъне зимистон рост
меомаданд.
7.
رَجَبٌ
– раљаб (30 рўз), аз феъли амри шакли љамъ اِرْجَبُوا - яъне «аз љангу ѓорат даст кашед» гирифта шудааст. Ба моњи июл
рост меояд.
8.
شَعْبَانُ - шаъбон (29 рўз), аз феъли تَشَعَّبَ
«ба шоњањо таќсим ш.», «људо ш.» гирифта шуда, аъроби то ислом
дар ин моњ ба шабехун, ѓорат ва куштор даст мезадаанд. Ба моњи август рост
меояд.
9.
رَمَضَانُ - рамазон (30 рўз) аз феъли رَمَضَ
«гарм б.» ва «гарм ш.» берун шуда, маънияш моњи гарм аст. Ба моњи сентябр рост
меояд.
10.
شَوَّالٌ
– шаввол (29 рўз), аз феъли شَالَ «хест», «бархост», «бурд»
гирифта шуда, маънои «таваќќуф накун!»-ро дорад. Ба моњи октябр рост меояд.
11.
ذُو الْقَعْدَةِ
– зулќаъда (30 рўз), аз феъли قَعَدَ «дар хонањо бинишин!», «нишин!»
баромадааст. Ба моњи ноябр рост меояд.
12.
ذُو الْحِجَّةِ - зулњиљља (29/30 рўз), аз феъли حَجَّ
«њаљ к.», баромадааст. Ба моњи декабр рост меояд.
Ѓайр аз ин, њар як аз дувоздањ ќисми
доираи фалак, ки офтоб дар муддати як сол дар атрофи он мегардад, «бурљњои
фалак» номида мешаванд:
1.
جَدْىٌ
- љадй (бузѓола) 29 (30) буда, ба моњњои эронї ба дай ва моњњои аврупої
ба декабр-январ мувофиќ меояд.
2.
دَلْوٌ - далв (дўл) 29 (30) рўз буда, ба
моњњои эронї ба бањман ва ба моњњои аврупої ба январ-феврал мувофиќ меояд.
3.
حُوتٌ
- њут (моњї) 29 (30) рўз буда, ба моњњои эронї ба исфанд ва ба моњњои
Аврупої ба феврал – март мувофиќ меояд.
4.
مِيزَانٌ - мизон (тарозу) 30 (31) рўз буда, ба
моњњои эронї ба мењр ва ба моњњои аврупої ба сентябр – октябр мувофиќ меояд.
5.
عَقْرَبٌ - аќраб (каждум) 29 (30) рўз буда, ба
моњњои эронї ба обон ва ба моњњои аврупої ба октябр – ноябр мувофиќ меояд.
6.
قَوْسٌ - ќавс (камон) 29 (30) рўз буда, ба
моњњои эронї ба озар ва ба моњњои аврупої ба ноябр – декабр мувофиќ меояд.
7.
سَرَطَانٌ - саратон (харчанг) 31 (32) рўз буда,
ба моњњои эронї ба тир ва ба моњњои аврупої ба июн – июл мувофиќ меояд.
8.
أَسَدٌ - асад (шер) 31 (32) рўз буда, ба
моњњои эронї ба мурдод ва ба моњњои аврупої ба июл – август рост меояд.
9.
سُنْبُلَةٌ - сунбула (хўша) 30 (31) рўз буда, ба
моњњои эронї ба шањривар ва ба моњњои аврупої ба август – сентябр рост меояд.
10.
حَمَلٌ - њамал (барра) 30 (31) рўз буда, ба
моњњои эронї ба фарвардин ва ба моњњои аврупої ба март – апрел рост меояд.
11.
ثَوْرٌ - савр (барзагов) 31 (32) рўз буда, ба
моњњои эронї ба урдибињишт ва ба моњњои аврупої ба апрел – май рост меояд.
12.
جَوْزَاءُ - љавзо (дупайкар) 31 (32) рўз буда,
ба моњњои эронї ба хурдод ва ба моњњои аврупої ба май – июн рост меояд.
Соли 622 м. пайѓамбари ислом
Муњаммад (с) аз Макка ба Мадина њиљрат карданд. Муњољирати пайѓамбар ду њафта
аз 24 моњи сафар (рўзи баромадани ў аз Макка) то 8 рабиъ-ул-аввал (рўзи
наздикшавї ва ќарор гирифтанаш шаб дар атрофи Мадина) давом карда, 9
рабиъ-ул-аввал ба Мадина дохил гаштанд. (Њарчанд дар адабиёти илмї наздикшавии
Муњаммад (с) ба атрофи шањри Мадина 12 рабиъ-ул-аввал, яъне 1-24 сентябр нишон
дода шудааст). Аз рўйи солшумории онваќта рўзи 1 моњи Муњаррам ба рўзи
љумъа (одина)-и 16 июли 622 м.
рост омада буд. Аз ин рў, њиљрати пайѓамбар (с) дар муддати аз 8 то 21 сентябри
соли 622м. ба вуќўъ пайваст.
Дар њолати шуморидан ва бозгардон
кардани солшумории њиљрии ќамарї (الهِجْرَةُ шакли мухтасараш هـ ) ба солшумории њиљрии шамсї ё худ мелодї (مِيلاَدُ الْمَسِيحِ
шакли
мухтасараш م)
фарќиятњои зеринро ба назар бояд гирифт:
1)
солшумории њиљрии ќамарї аз шаби 15 июл ба 16 июли соли 622, яъне соли 621 ва 6
моњу 15 шабонарўз баъдтар аз солшумории мелодї оѓоз меёбад:
2)
соли њиљрии ќамарї, ки одатан иборат аз 354 шабонарўз ва соли кабисаи он
баробар ба 355 шабонарўз аст, таќрибан 11 шабонарўз кўтоњтар аз соли њиљрии
шамсї мебошад. Аз ин рў, солшумории њиљрии шамсї, ки њоло истифода мешавад, аз
њиљрии ќамарї аќиб монда, 33 соли њиљрии ќамарї ба 32 соли њиљрии шамсї баробар
аст.
Мутобиќи
ин солшуморї соли 2005 ба соли 1426 њиљрии ќамарї ва ба соли 1384 њиљрии шамсї
баробар аст.
Дарёфти
соли њиљрии шамсї осон буда, аз роњи кам кардани 622 аз соли мелодї њосил
мегардад, чунончи:
1990
- 622 = 1368 њ.ш.
Њарчанд роњи дарёфти солшумории
њиљрии ќамарї душвортар аст, вале роњи осони дарёфти он дар ќиёс бо солшумории
мелодї ба тариќи зайл аст. Чуноне ки маълум аст, солшумории њиљрии ќамарї дар
њар сад сол аз солшумории мелодї се сол пеш меравад. Аз он љо ки аз оѓози ислом
њазору чорсад сол сипарї шудааст, пас дар ин муддат солшумории њиљрии ќамарї аз
солшумории мелодї ба миќдори чилу ду сол пеш гузаштааст. Аз ин рў, аз
солшумории мелодї соли њиљрати пайѓамбари ислом (с) - соли 622 -ро тарњ намуда,
онро ба адади 42, ки пешравии солшумории њиљрии ќамариро аз солшумории шамсии
ќамарї дар давоми 1400 соли вуљуди ислом нишон медињад, љамъ менамоем ва соли
дилхоњи њиљрии ќамариро дарёфт мекунем.
Мисол: Пурсида мешавад, ки соли 1930 мелодї
ба кадом соли њиљрии ќамарї рост меояд. Барои ин аз соли мелодии 1930 шумораи
622-ро тарњ намуда, ба баќияи он адади 42-ро зам мекунем ва соли дилхоњи њиљрии
ќамариро натиљагирї мекунем. Яъне:
1930
- 622 =
1308 + 42 = 1348 њ.ќ.
ё ки:
1999
- 622 = 1378 + 42 = 1419 њ.ќ.
ё ки:
2008
- 622 = 1386 + 42 = 1428 њ.ќ.
Бозгардонидан
аз њисоби њиљрии ќамарї ба солшумории мелодї аз роњи акси тариќаи боло сурат
мепазирад. Яъне:
1419
- 42 = 1378 + 622 = 1999
Илова ба солшумории њиљрии ќамарї ва
шамсї дар кишварњои араб моњњои зерин мавриди истифода ќарор доранд:
كَانُونُ الثَّانِي январ - يَناَيِرُ
شُبَاطُ феврал - فِبْرَايِرُ
أَذَارُ март - ماَرْسُ
نِيسَانُ апрел - أَبْرِيلُ
أَيَّارُ май - ماَيُو
حَزِيرَانُ июн - يُونيُو
تَمُّوزُ июл - يُولِيوُ
آبُ август - أُغُسْطُسُ
أيْلُولُ сентябр - سِبْتَمْبِرْ
تِشْرِينُ الأَوَّلُ октябр - أُكْتُوبِرْ
تشرينُ الثَّانِى ноябр - نُوفِمْبِرُ
كانُونُ الأَوَّل декабр - دِسَمْبرُ
Солшуморї иборат аст аз рўз - يَوْمٌ; (љ. (أيَّامٌ; њафта - أُسْبُوعٌ
(љ. أَساَبِيعُ); моњ- شَهْرٌ (љ. (شُهُورٌ; сол – سَنَةٌ (љ.
(سَنَوَاتٌ; сада (ќарн) – قَرْنٌ (љ.
قُرُونٌ)
Фаслњои сол бо калимањои فَصْلٌ (љ. (فُصُولٌ ва مَوْسِمٌ (љ. (مَوَاسِمُ ифода шуда аз ин ќароранд:رَبِيعٌ бањор; خَرِيفٌ тирамоњ, пойиз; صَيْفٌ тобистон; شِتَاءٌ зимистон, дай. Одатан, пеш аз номи њар моњ
калимаи شَهْرٌ - «моњ» илова мегардад, мисли: فيِ شَهْرِ تَمُّوزَ
- дар моњи июл, فيِ شَهْرِ آبَ дар моњи август ва ѓ.