воскресенье, 2 марта 2025 г.

 “Ҳадяи Сулаймонӣ”. РӮНАМОИ КИТОБИ ОЛИМИ ВАРЗИДА

Имрӯз (27.02.2025) дар факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки садорат ва ҳайати устодону донишҷӯёни факултети мазкур, инчунин, меҳмонон аз сохторҳои мухталифи ҷумҳурӣ рӯнамои китоби олими варзида, шахсияти барҷаста ва донишманди пуркори соҳаи арабшиносӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи филологияи араби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Саидраҳмон Сулаймонов зери унвони “Ҳадяи Сулаймонӣ” баргузор гардид.

Нахуст, декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо, номзади илмҳои филологӣ Сайдализода Ш.А. маҳфилро ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмонон ва аҳли нишастро барои иштирокашон хайрамақдам гуфт ва маърӯзаеро оид ба фаъолияти эҷодии профессор Сулаймонов С. ба самъи ҳозирин расонид. Сипас, устод Сулаймонов Саидраҳмон дар бораи таҳияи китоби луғат ва илми луғатнигорӣ маълумот дод. Баъдан д.и.ф., профессор Мамадназаров А., д.и.ф., профессор Раҷабов Ҳ., д.и.ф., профессор Сафаров У. ва узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ф., профессор Султонов М. ва дигарон роҷеъ ба заҳмат ва хизматҳои шоёни устод Сулаймонов С. дар роҳи илми луғатнигорӣ суханронӣ намуданд.

Китоби “Ҳадяи Сулаймонӣ” луғати сезабонаи арабӣ-тоҷикӣ-русӣ буда, шомили 250 000 калимаву иборот мебошад. Дар таҳияи китоби мазкур устод тули 33 соли умри худро бахшида, барои насли имрӯзу фардо чун ҳадяи бемислу камназир эҳдо намуданд.

Устод Саидраҳмон Сулаймонов дар рушду такомули илми ховаршиносии тоҷик саҳми бориз гузошта, фаъолияти эҷодии пурсамар ва осори арзишманди худро ҳамчун пули устувор, миёни имрӯзу фардо барои ҷамъи нафароне, ки дар соҳаи арабшиносии тоҷик таҳқиқу омӯзиш анҷом медиҳанд, боҳӣ гузоштааст. Қобили тазаккур аст, ки маҳз ба шарофати хидматҳои шоёни ин устоди забардаст мактаби шарқшиносии тоҷик густариши тамом пайдо карда, шогирдони зиёде дар ин ҷода ба камол расидаанд.


среда, 11 января 2023 г.

Сайдраҳмон Сулаймони


 Муҳаққиқ, мубаллиғ ва мутарҷими осори илмии Шайхурраис Ибни Сино

Сухан гуфтан дар бораи яке аз арабшиносони маъруфу ангуштшумор, доктори илмҳои филологӣ, профессор, арбоби шоистаи илмии Тоҷикистон Сайидраҳмон Сулаймонов бароям осон ва дар айни замон душвор аст. 

Осон аз он нигоҳ, ки ӯро беш аз 50 сол мешиносам ва беш аз 15 сол дар факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло мусаммо ба “забонҳои Осиё ва Аврупо”-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ҳамкор будам. Мо ҳар ду парвардаи ҳамин факултаем-эшон як курс пеш аз банда дар шӯъбаи арабӣ ва ман як курс пас дар шӯъбаи форсӣ таҳсил мекардем. Чун теъдоди донишҷӯ дар шӯъбаи шарқшиносии факултаи филология кам буд мо ҳама якдигарро мешинохтем. Махсусан, дар айёми пахтачинӣ шиносоӣ ва дӯстӣ қавитар мешуд. Аммо дар бораи фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва педагогии ин дӯсти фозилу заҳматкашу хоксор дар ин мухтасар сухан гуфтан душвор аст, зеро фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, эҷодӣ, педагогӣ ва мутарҷимии ӯ хело серпаҳлӯ ва густарда аст. Дар баробари педагоги мумтоз будан, забоншиноси нуктасанҷу борикбин ва мутарҷими забардасти забонҳои арабӣ-русӣ ва тоҷикӣ, муҳаққиқу мубаллиғи осори илмӣ ва фалсафии Шайхурраис Ибни Сино мебошад.

Аз ин рӯ, банда ба таври иҷмол танҳо ба ду ҷанбаи фаъолияти дӯстам, профессор Сайидраҳмон Сулаймонов: таҳқиқу тарҷимаву тавзеҳи осори илмии Ибни Сино ва фаъолияти фарҳангнигориву забоншиносиаш таваққуф хоҳам кард.

Қабл аз ҳама бояд ёдовар шуд, ки Сайидраҳмон Сулаймонов рисолаи номзадии хешро соли 1979 дар мавзӯи “Лингвистические основы топонимики в сочинении “Маджма-ал-булдан” Йакути Хамави (Асосҳои забоншинохтии топонимикаи асари “Маҷмаъ-ал-булдан”-и Ёқути Ҳамавӣ (асри Х111)” дар Шӯрои дифои рисолаҳои илмии Институти шарқшиносии Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Москав бо муваффақият дифоъ карда, мавриди қабули арабшиносони маъруфи шӯравӣ қарор гирифта, рисолааш ҳамчун сухани тоза дар арабшиносӣ шинохта шудааст.

Соли 1985 дар фаъолияти илмӣ-педагогии Сулаймонов Сайидраҳмон чархиши куллие рух дод. Маҳорати забондонӣ (сафарҳои хидматии чандинсолааш дар Яману Ироқ), заковати фитрӣ ва илмӣ-таҳқиқотиашро ба назар гирифта раёсати Академияи илмҳои ҶТ ӯро ба ҳайси корманди калони илмӣ ба шӯъбаи навтаъсиси тарҷума ва нашри мероси фалсафии файласуфони асримиёнагии форсу тоҷик (шӯъба дар Институти фалсафа ва ҳуқуқи АИ доир шуда буд) даъват мекунанд. Кору фаъолият дар ин шӯъба маҳорати тарҷумонӣ ва муҳаққиқии Сайидраҳмон Сулаймоновро хело барҷаста бармало сохт. Фаъолияти ӯ дар ин шӯъба то соли 2005 давом кард, ки беш аз 13 сол (аз с. 1992 то 2005) сарварии онро ба ӯҳда дошт. (Аз соли 2005 то 2012 дар асоси озмун мудири кафедраи филологияи арабии ДМТ интихоб мешавад ва дар айни замон профессори кафедраи мазкур мебошад)

Ин давра барои Сайидраҳмон Сулаймонов пурмаҳсултарин даврони фаъолияти илмӣ ва тарҷумониаш маҳсуб мешавад ва ҳамчун муҳаққиқу мутарҷими осори Ибни Сино ва Умари Хайёму Носири Хусрав, Садриддини Шерозӣ ва амсоли он шинохта мешавад.

Танҳо феҳриствор номбар кардани таҳқиқоту тарҷумаҳои аз забони арабӣ ба тоҷикиву русӣ бо шарҳу тавзеҳоту дебоча ба нашр расондаи эшон чанд дафтар мешавад, ки бархе аз онҳоро поинтар зикр хоҳам кард.

Бо вуҷуди он ки доираи таҳқиқу тарҷумаи профессор Сулаймонов Сайидраҳмон густардаву гуногунпаҳлӯст, аммо ӯро метавон муҳаққиқ, мутарҷим ва мубаллиғи осори Ибни Сино номид. Зеро ағлаби таҳқиқоту тарҷумаҳои ин донишманди фурӯтану закӣ ба осори илмӣ, фалсафӣ ва табиатшиносии Шайхурраис иртибот дорад. Ӯ шефтаи осору шахсияти Синост. То ба имрӯз дӯсти гиромии ман ба танҳоӣ чунин асарҳои ин нобиғаи Шарқро аз арабӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ бо муқаддимаи муҳаққиқона, шарҳу тавзеҳи олимона барои хонандагону ҳаводорони Синои бузург тарҷума ва нашр кардааст: “Ҳикмати шарқия”, “ал-Ҳидоя”, “ал-Ибора”, “ал-Қиёс”, “ал-Муғолата”, “Осори ирфонӣ ва динии Ибни Сино” (20 рисола), рисолаҳои “Ҳудуд”, “Андар ахлоқ”, “Тафсири Ибни Сино ба бархе аз сураҳо ва оятҳои Қуръон”, “Андар ишқ”, “Саломон ва Абсол”, “Ҳай ибни Яқзон”, “Рисолаи тайр”, “Илми Ладунӣ”, “Андар салот”, “Фирдавс дар моҳияти инсон”, “Андар ҳузн” ва амсоли он. Ба тайиди арабшиноси шинохта, муҳаққиқи осори арабии адибони классикии форсу тоҷик, доктори илмҳои филологӣ Тоҷиддини Мардонӣ ин асарҳои дар боло номбурда “бори аввал аст, ки бевосита аз забони арабӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ бо шарҳу тавзеҳоти илмӣ аз тарафи Сайидраҳмон Сулаймонов тарҷума ва ба табъ расидаанд.”

Зимнан бояд, илова намуд, ки соли 2021 ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бузургдошти 1040 солагии Ибни Сино ду асари калонҳаҷми Ибни Сино аз бахши “Табииёт”-и “Китоб-уш-шифо”-аш, яъне “Китоб-ун-набот” ба номи “Гиёҳнома” ва “Китоб-ул-ҳайвон” зери унвони “Ҷонварнома” ҳар яке бо муқаддимаи муфассал ва шарҳу тавзеҳи илмӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ аз тарафи профессор Сайидраҳмон Сулаймонов тарҷума гардида, бо пешсухани ректори ДМТ, дар нашриёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба чоп расонидааст.

Аҳамияти ин ду тарҷумаи ахирии муҳаққиқ дар он аст, ки то ба имрӯз на танҳо дар арабшиносии тоҷик, балки дар ховаршиносии Шӯравии собиқ, ба вижа перомуни “Китоб-ул-ҳайвон”, ҳатто камтарин маълумоте ироа нашуда буд, чи расад ба тарҷумаи онҳо. Аз ин рӯ, профессор Сулаймонов Сайидраҳмон дар муқаддимаи муфасали хеш зимни шарҳу баёни вижагиҳои тарҷумаи матн, мазмуну мундариҷа ва аҳамияти илмии ин асарро дар раванди таърихи илми табиатшиносӣ нишон додааст.

Ба андешаи банда, тарҷумаи равону дақиқи ин ду асари Шайхурраис Ибни Сино ба забони тоҷикӣ барои донишмандони табиатшиноси ҷумҳурӣ маводи хуби таҳқиқӣ маҳсуб мешавад. Худо кунад, ки муҳаққиқони осори улуми табии Ибни Сино дар Тоҷикистон ба камол расанд.

Дар шинохти комили чеҳраи илмии профессор Сайидраҳмон Сулаймонов ишора ба як нукта зарур аст. Дар солҳои 90-уми қарни гузашта, бо вуҷуди он ки С. Сулаймонов мудирии шӯъбаи тарҷума ва нашри осори фалсафӣ буду корҳои нақшавии зиёде ба дӯш дошт, як лаҳза аз таҳқиқу тафаҳҳус ва мутолиа фориғ набудааст. Ва натиҷаи ин заҳматҳои шабонрӯзиаш рисолаи докториаш дар мавзӯи “Таҳаввули истилоҳи фалсафӣ дар забонҳои арабӣ ва тоҷикӣ (дар заминаи мероси фалсафии Ибни Сино” аст, ки онро соли 1997 бо муваффақият дифоъ мекунад. Ин таҳқиқоти бунёдӣ буда, ба масъалаи муҳимми истилоҳшиносии забони тоҷикӣ ихтисос дода шудааст ва дорои аҳамияти вижаи илмию амалист. Зеро дар ин пажӯҳиши хеш муҳаққиқ бо далоили қотеъи илмӣ собит намудааст, ки Ибни Сино на танҳо дар бунёди истилоҳоти фалсафӣ ба забонҳои арабӣ ва форсии тоҷикӣ нақши калидӣ бозидааст, балки дар ташаккули забони илмии форсии тоҷикӣ бо таълифи “Донишномаи Алоӣ”-аш саҳмгузор будааст.

Дигар аз фаъолияти муҳимми профессор Сайидраҳмон Сулаймонов, ки аз назари банда номи ӯро дар таърихи илми тоҷик мондагор месозад, фаъолияти фарҳангнигории эшон аст. Профессор зиёда аз сӣ сол аст, ки ба тадвини фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ ва арабӣ-тоҷикӣ-русӣ машғул аст. Ӯ аввалин фарҳангнигори тоҷик аст, ки бо назардошти таҷрубаву дастовардҳои фарҳангнигории муосир фарҳанги арабӣ-тоҷикии хешро соли 2005 зери унвони “Фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ” муштамил аз 70 000 калима мунташир кард, сипас бо такмилу тасҳеҳ соли 2010 ба номи “Фарҳанги шомили арабӣ-тоҷикӣ” (зиёда аз 100 000 калимаву ибора) ба чоп расонид. Нашри ин фарҳанг дар арабшиносии муосир, ба вижа дар кишварҳои арабӣ бо як таваҷҷӯҳи хосе истиқбол шуд. Соли 2012 донишмандони Донишгоҳи Қоҳира, Донишгоҳи Аҳзар ва Академияи забони арабии Миср барои тадвини чунон қомуси мунҳасир ба фард, профессор Сайидраҳмон Сулаймоновро ба узвияти вобастаи Академияи забони арабии Миср пазируфтанд. Ин иқдоми донишмандони Миср баёнгари қадрдонӣ ва эътирофи дастовардҳои илмии як муҳаққиқи тоҷик дар густариши арабшиносӣ маҳсуб мешавад, ки барои мо тоҷикон мояи ифтихор аст. (Аммо ҷои таассуф аст, ки бо вуҷуди он ки С. Сулаймонов аз соли 1985 то имрӯз бо АМИТ ҳамкорӣ дорад ва хадамоташ дар синошиносӣ хело назаррас аст, на узви вобастаи он, на бо ҷоизаи Сино муфтахар шудааст). Дар чанд соли ахир профессор Сайидраҳмон Сулаймонов фарҳанги алифбоии се забона: арабӣ-тоҷикӣ-русиро, ки беш аз 150 ҳазор калимаву ибораро дар бар мегирад тадвин кардааст, ки дар дасти чоп аст ва бояд мунташир шавад. Ин фарҳанг натанҳо дар арабшиносии тоҷик, балки дар шарқшиносии рус назир надорад. Ба қавли устоди ҳамаи фориғуттаҳсилони шӯъбаи арабии ДМТ, яке аз нахустин устодони забони арабии кафедраи филологияи араби он, донишманди хоксору устоди меҳрубону сахтгир, профессор Фия Абдулбариевна Исаева: “дар арабшиносии тоҷик Сулаймонов Сайидраҳмон бори нахуст фарҳанги арабӣ-тоҷикие, ки 100 ҳазор калима ва ибораро дарбар мегирад, таълиф кард. Танҳо бо ҳамин қомус номи худро дар арабшиносии тоҷик ҷовидон сохт.

Ман С. Сулаймоновро арабшиноси барҷастаи тоҷик меҳисобам, ки осораш дар бисёр кишварҳои арабӣ мавриди эътирофи воқеӣ қарор гирифтааст”. Ин баҳои устоди гаронқадр, профессор Ф.А.Исаева, ки ҳоло ҳам хастагинопазирона ба тадрису таҳқиқ машғуланд, хело арзиш дорад. Зеро эшон чунин суханони самимиро на ба ҳар шогирд гуфтаанд. Воқеан, дӯсти гиромиам, профессор Сайидраҳмон Сулаймонов арзандаи чунин баҳост, зеро дар синни мубораки 75, шукри худо, бо нерӯи тоза ба қуллаҳои нави илм бидуни ҳеҷ худситоиву дағдаға гом бармедорад ва пайваста дар пажӯҳишу тадрису дар ҳалқаи шогирдон аст.

Дӯсти азиз, бароят саломативу саодат, оромии хотиру сафои ботин таманно дорам ва ба қавли Ҳофизи бузург:

Ҷамоли сурату маънӣ зи амни сиҳҳати туст,

Ки зоҳират дижаму ботинат нажанд мабод.

Олимҷон Хоҷамуродов,

профессор


вторник, 25 октября 2022 г.

Аксҳо аз ёдҳо


 Ёде аз гузашта

Ин акс соли 1966 дар шаҳри Душанбе гирифта шудааст.

Аз тарафи чап раҳмати Падарам Маҳмуд Идиев донишҷӯи курси чорӯми донишгоҳи педагоги ва ҷиянашон устод Сайдраҳмон Сулаймони хонандагии синфи 11 

Падари бузургворам инсонҳои донишмандро бисёр дӯст медоштанд. Ҳамеша талқин мекунанд ба ҳама наздикон, ки илму дониш омӯзед. Чунки инсонҳои босаводро Худованд дӯст медорад.

Касе, к-ӯ ба дониш тавонгар бувад, Зи гуфтору кирдор беҳтар бувад.(Тӯсӣ).

Мавлуд муборак

Сирати олим

Имрӯз яке аз ахтарони шарқшиносии тоҷик олими шинохтаи илму фарҳанги тоҷик, устоди гиромиқадр, Падари бузургвор Саидраҳмон Сулаймонов ба сини мубораки 75 расидаанд.
Шахсан барои ман имрӯз рӯзи хурсанди аст, чунки устод Сайдраҳмон Сулаймони барои мо ҳаққи Падари доранд. Ҷияни дӯстдоштаи раҳмати Падарам буданд. Баъди даргузашти Падар то имрӯз ҳамеша барои мо ҳамчун Падар роҳнамою роҳбар ҳастанд. Дар симои ин марди бузург ва олими беназир ман як дунёи беканори илмро мебинам. Ифтихор дорам ва шукрона мекунам бо чунин Падар.
Падари гиромиқадр Шуморо бо фарорасии мавлуди хуҷастаатон самимона таҳният мегӯем. Бароятон, қабл аз ҳама умри дарози бехазон, толеи баланд ва хушбахтии ҷовидонаро таманно дорем. Мо ҳама шуморо дӯст медорам.

Илоҳо ҳарду хушбахти замину осмон бошед,

Ҳар он чи  дар ҷаҳон хуб асту зеботар ҳамон бошед.


 

четверг, 13 октября 2022 г.




АХТАРИ ШАРҚШИНОСОНИ ТОҶИК

Илм ояд ҷаҳлҳо расво шавад, офтоби илм чун тобон шавад, мушкили олам барот осон шавад. Ин мисраҳо аз «Асрор-уш-шуҳуд»-и мутафаккири машҳури ирфонии асрҳои ХУ-ХУ1-и тоҷик Шамсуддин Муҳаммад Лоҳиҷӣ мебошад, ки дар бораи мақоми илм дар ташаккули маърифатӣ-ахлоқӣ ва рушноии зиндагию аз ҷаҳлу гумроҳи наҷотёбии инсон фармудааст. Ин мисраҳои омӯзанда ба зиндагии олими тавоною заҳматкаши тоҷик, ки яке аз шарқшиносони номдори замони муосир ба ҳисоб меравад Саидраҳмон Сулаймонов рабт дорад. Олими шинохтаи илму фарҳанги тоҷик Саидраҳмон Сулаймонов мутаваллиди ноҳияи Тоҷикобод буда, пас аз хатми мактаби миёна таҳсилоти хешро дар факултети таърих ва филологияи тоҷик, шуъбаи арабии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон идома медиҳад. Устод С. Сулаймонов аз соли 1972 то соли 1985 ба сифати устод ва баъдан ба унвони дотсенти кафедраи филологияи арабии факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба кори таълимиву илмӣ ва мутарҷимӣ машѓул шудааст. Соли 1970-1971 дар Ҷумҳурии Арабии Яман ва соли 1980-1983 дар Ҷумҳурии Ироқ ба унвони мутарҷим кор кардаанд. Устод Саидраҳмон Сулаймонов солҳои 1985-1992 ба сифати ходими калони илмӣ ва соли 1992-2005 мудири «Шуъбаи тарҷума ва таҳияи мероси фалсафи»-и Пажуҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ шуда фаъолият намудаанд. Баъдан ба вазифаи мудири кафедраи филологияи арабии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2005-2012) интихоб шуданд.
  Дар баробари ин ӯ Узви ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, аъзои ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон ва Либиё (Ливия), аъзои Шурои дифои рисолаҳои номзадӣ ва доктории илмҳои филологӣ, Узви вобастаи Академияи забони арабӣ дар Қоҳира мебошад.  
 Профессор Сулаймонов Саидраҳмон дар соҳаи забон, забони фалсафаи тоҷик, фарҳанги арабӣ ва арабӣ-тоҷикӣ, адабиёти тоҷикӣ – арабӣ ва дастурҳои таълимӣ ва инчунин тарҷумаҳои илмӣ аз арабӣ ба тоҷикӣ корҳои зиёде анҷом додааст. Аз ҷумлаи «Фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ» дар ду ҷилд (2004-2005), «Фарҳанги васити арабӣ-тоҷикӣ» (2008), монографияи «Ташаккули забони фалсафаи тоҷик» (1997), дастури таълимии бо номи «Дастури мукотиботи бозаргонӣ ба забони арабӣ ва тоҷикӣ» (1999), «Очерки мухтасари сарф (морфология»-и забони арабӣ», 2005), таҳқиқу тарҷума аз арабӣ ба тоҷикии «Мавлоно Ҷомии Сонии Қаротегинӣ» (2005), «Фарҳанги шомили арабӣ-тоҷикӣ» (2011) ва ѓ.
   Профессор Сулаймонов Саидраҳмон як қатор тарҷумаҳои илмӣ аз арабӣ ба забони тоҷикӣ низ анҷом додаанд. Омар Хаййм: «Философские трактаты» (2002), Садруддин-аш-Ширази: трактат «Небесная мудрость» (Алмаата, 2004).
   Саҳми профессор Саидраҳмон Сулаймонов дар тарҷимаву таҳияи осори мутафаккири бузурги тоҷик Абуалӣ ибни Сино аз арабӣ ба тоҷикӣ ниҳоят арзанда аст. «Ҳикмати машриқия», «Ибора» ва «Ҳидоя» (аз «Китоб-уш-шифо», Осори ирфонӣ ва маънавии Ибни Сино, ки 20 рисоларо дар бар гирифта, солҳои 2005, 2006, 2008, 2009, 2010 ва 2011 таҳия ва нашр шудаанд.
   Ба таври мухтасар мо ҷавҳаре аз заҳматҳои ин шахсияти заҳматкашу бо лаёқатро баён намуда, гуфтанӣ ҳастем, ки маҳз саъю талош ва меҳнати ҳалолу омӯзиши фаъоли илму фарҳанг ӯро ҳамчун ахтари шарқшиносони тоҷик ба аҳли илму адаби ҷаҳони башар муаррифӣ менамояд, ки дар айни замон як намунаи дарси ибрат ба аҳли илму адаби ҷавони муосир ҳам шуда метавонад.
   Профессор Саидраҳмон Сулаймоновро ба рӯзи камолоташон табрик гуфта, ба Он кас ва аҳли байташон саломативу сарсабзӣ орзу менамоем ва умедворем, ки боз дар соҳаи илму фарҳанг ва шарқшиносии тоҷик бо осори минбаъдаи хеш мардуми тоҷикро сарбаланд мегардонад.
         
Муродова Т.,
 
номзади илмҳои фалсафа,
ходими пешбари илмии
Шуъбаи таърихи фалсафаи
Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва
 ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови  АМИТ
(Мавод аз саҳифаи Машраби Абдулло аз Фейсбук гирифта шудааст )

 

ЭҲДО БА УСТОД САЙЙИДРАҲМОН СУЛАЙМОНӢ

 


ЭҲДО БА УСТОД САЙЙИДРАҲМОН СУЛАЙМОНӢ

Тавон дарёфт аз тафсири осори Сулаймонӣ:

Шукӯҳи илми тоҷик нест кам аз илми юнонӣ.

Чу андар муҳтавову ҳаҷми осораш биандешӣ,

Яқин донӣ, ки ҳаст аз дудаи рахшони Сомонӣ.

Гаҳе бо мантиқи Сино ба умқи илм раҳ ҷӯяд,

Гаҳе бо “Ибни Яқзон” аст дар ҳолоти ирфонӣ.

Ҳамеша дар хати пеши сухан буда ба чандин хат:

Хати бишкаставу кӯфиву настаълиқу райҳонӣ.

Аҷамро хатми даъвӣ шуд ба майдони сухансанҷӣ,

Арабро зеби дафтар шуд чу “Фарҳанги Сулаймонӣ”.1

Ба тавфиқи илоҳӣ шуд бурун аз чоҳи мушкилҳо,

Ба илми худ Азизи Миср шуд ин Юсуфи сонӣ.2

Чи гавҳарҳо бароварда зи баҳри “Ҳикмати Машриқ”,

“Ҳидоятҳо” фароз оварда бас аз илми раббонӣ.

“Махориҷ-ал-ҳуруф”-и Пури Синоро ба тоҷикӣ

Чунон орост, ки гӯйӣ чунин будаст бунёнӣ.

Забони ҷумла мурғонрову мӯронро ҳамедонад,

Ба аҳди худ Сулаймонест бо таҳзиби қуръонӣ.

Ало шоир, ба як умр он чи ӯ оварда дар дафтар,

Ду умрат гар диҳад Яздон, ту онро хонд натвонӣ.Намонда дар замони худ зи лутфи ҳодиён берун,

Расида ҳамчу Хизри раҳ ба нуристони раҳмонӣ.

Арабдон асту тоҷикзода дар илми ҷаҳон машҳур,

Ба мавлид Тоҷикободӣ, ба мавтин Тоҷикистонӣ.

Рустами Ваҳҳоб.

суббота, 15 декабря 2018 г.



Китоби "Фарҳанги арабию тоҷикӣ" -и Сарходими маркази "Синошиносӣ"-и Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор Саидраҳмон Сулаймонӣ дар бахши беҳтарин фаъолият дар соҳаи тарҷумонӣ ва фарҳангнигорӣ сазовори мақоми аввал гардид
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Олими тоҷик Саидраҳмон Сулаймонӣ барои таълифи "Фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ" дар Қатар ҷоиза гирифт, хабар медиҳад оҷонсии "Ховар".
Бино бар иттилои манбаъ, 11-12 декабр дар пойтахти Қатар- шаҳри Давҳа конфронси байналмилалии тарҷумонӣ ва тафоҳуми байналмилалӣ бо ҳузури олимону тарҷумонҳои варзида, намояндагони доираҳои илмии беш аз 20 кишвари ҷаҳон баргузор гардид.
"Бо қарори ҳайати доварони байналмилалӣ китоби "Фарҳанги арабию тоҷикӣ" -и Сарходими маркази "Синошиносӣ"-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор Саидраҳмон Сулаймонӣ дар бахши беҳтарин фаъолият дар соҳаи тарҷумонӣ ва фарҳангнигорӣ сазовори мақоми аввал эълон шуд", - менависад манбаъ.
Ҳамчунин 12 декабри соли равон дар шаҳри Давҳа маросими расмии супоридани ҷоизаи Шайх Ҳамад дар соҳаи тарҷумонӣ ва тафоҳуми байналмилалӣ баргузор гардид. Намояндаи шахсии Падарамири Давлати Қатар ҳамчун нишони қадрдонӣ аз рушди илму маърифат дар Тоҷикистон ва саҳми олимони тоҷик дар тақвияти робитаҳои байналмилалӣ ҷоизаи мазкурро ба профессор Саидраҳмон Сулаймонӣ барои таълифи "Фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ" тақдим намуд.

среда, 25 октября 2017 г.

Мавлуд муборак







Устоди азиз, ! Шуморо бо ҷашни «70» -солагии зодрӯзатон  аз номи кулли хонандагони торнома табрику таҳният гуфта, аз даргоҳи Яздони пок бароятон тансиҳатӣ, умри бардавом, сари баланд, тани нерӯманд ва дар кору фаъолиятатон комёбиҳои беназирро таманно дорам. Бигузор ҳамеша чун кӯҳҳои помир сарбаланд, чун Рӯдакӣ хушбаён, чун Саъдӣ дарозумр, чун Ҳофиз шӯҳратманд ва чун Ҷомӣ хоксор бошед! Ҳеҷ гоҳ Бахт ва Хизр кошонаи Шуморо тарк насозанд!
Хоҳам аз номи Худо баҳри ту умри безавол,
Шӯҳрати Фирдавсиву ширинии шеъри Камол.
Ҳар чи мақсуди дилат бошад диҳад парвардигор,
Гар ту як бошӣ Худо бидиҳад ҳазору сад ҳазор.
Муборак ҷашни иқболат,
Туро  70- умин солат.
Ба сад рафтан таманноро,
Бидидем дар хати фолат.
 · 
ЭҲДО БА УСТОД САЙЙИДРАҲМОН СУЛАЙМОНӢ
(Ба ифтихори 70-солагии он бузургвор)
Тавон дарёфт аз тафсири осори Сулаймонӣ:
Шукӯҳи илми тоҷик нест кам аз илми юнонӣ.
Чу андар муҳтавову ҳаҷми осораш биандешӣ,
Яқин донӣ, ки ҳаст аз дудаи рахшони Сомонӣ.
Гаҳе бо мантиқи Сино ба умқи илм раҳ ҷӯяд,
Гаҳе бо “Ибни Яқзон” аст дар ҳолоти ирфонӣ.
Ҳамеша дар хати пеши сухан буда ба чандин хат:
Хати бишкаставу кӯфиву настаълиқу райҳонӣ.
Аҷамро хатми даъвӣ шуд ба майдони сухансанҷӣ,
Арабро зеби дафтар шуд чу “Фарҳанги Сулаймонӣ”.1
Ба тавфиқи илоҳӣ шуд бурун аз чоҳи мушкилҳо,
Ба илми худ Азизи Миср шуд ин Юсуфи сонӣ.2
Чи гавҳарҳо бароварда зи баҳри “Ҳикмати Машриқ”,
“Ҳидоятҳо” фароз оварда бас аз илми раббонӣ.
“Махориҷ-ал-ҳуруф”-и Пури Синоро ба тоҷикӣ
Чунон орост, ки гӯйӣ чунин будаст бунёнӣ.
Забони ҷумла мурғонрову мӯронро ҳамедонад,
Ба аҳди худ Сулаймонест бо таҳзиби қуръонӣ.
Ало шоир, ба як умр он чи ӯ оварда дар дафтар,
Ду умрат гар диҳад Яздон, ту онро хонд натвонӣ.
Намонда дар замони худ зи лутфи ҳодиён берун,
Расида ҳамчу Хизри раҳ ба нуристони раҳмонӣ.
Арабдон асту тоҷикзода дар илми ҷаҳон машҳур,
Ба мавлид Тоҷикободӣ, ба мавтин Тоҷикистонӣ.
-----------
1 Ин ҷо ва мавридҳои дигар ишора ба бархе аз осори таълиф ва тарҷумаву тафсири мавсуф.
2 Ишора ба он, ки профессор Сулаймонӣ узви Фарҳангистони Миср интихоб шудааст.
Рустам Ваххоб
x

суббота, 26 октября 2013 г.

Устод профессор Сайидраҳмон Сулаймонӣ

Ҳ О Л Н О М А

(муфассал)

Доктори илми филология, профессор Сайидраҳмон Сулаймонї 26-уми октябри соли 1947 дар ноҳияи Тоҷикободи Љумњурии Тољикистон таваллуд шудааст.
Баъди хатми мактаби миёна соли 1964 ба шуъбаи арабии факултети таърих ва филологияи Донишгоњи давлатии Тољикистон ба номи В.И Ленин дохил гардида, соли 1969 онро ба итмом расонидааст.
Баъд аз хатми Донишгоњ соли 1969 то 1970 ба сафи Армияи Советї ба њайси тарљумон-афсари њарбї даъват гардида, аз соли 1970 то соли 1971 дар Љумњурии Арабии Яман ба сифати тарљумони њарбї аз забони арабї ба забони русї кор кардааст. Баъди бозгашт аз сафи Армияи Советї солњои 1971-1972 ба њайси муаллими забони арабї дар мактаби миёнаи №53-и шањри Душанбе ифои вазифа намудааст.
Аз соли 1972 то соли 1974 дар кафедраи филологияи араби Донишгоњи давлатии Тољикистон ба њайси лаборанти кафедраи мазкур кору фаъолият кардааст. Њамзамон дар соли 1974 ба шуъбаи аспирантураи назди кафедра дохил гардида, соли 1979 онро бомуваффаќият ба итмом расонида, дар њамин сол дар мавзўи «Асосњои лингвистии топонимика дар асари «Мўъљаму-л-булдон»-и Ёќути Њамавї (XIII)» дар Пажўњишгоњи ховаршиносии АИ Иттињоди Шўравї рисолаи номзадиро дифоъ намудааст.
Аз соли 1974 то соли 1979 дар кафедраи филологияи араби факултети шарќшиносии Донишгоњи мазкур ба њайси ассистенти кафедра кор кардааст. Баъди њимояи рисолаи номзадї аввал ба њайси муаллими калони кафедраи мазкур ва сипас ба сифати иљрокунандаи дотсенти њамин кафедра то соли 1980 фаъолияти илмї ва педагогї намудааст.
Аз соли 1980 то 1983 ба Љумњурии Ироќ сафари хидматї намуда, ба њайси тарљумон-референти Мушовир доир ба равобити иќтисодии сафорати Иттињоди Шўравї дар Љумњурии Ироќ кор кардааст.
Баъди бозгашт аз сафари хидматї солњои 1983-1985 дар кафедраи филологияи араби факултети шарќшиносии Донишгоњи давлатии Тољикистон ба њайси иљрокунандаи дотсенти кафедраи мазкур кор кардааст. Аз соли 1985 бо даъвати Раёсати Академияи Илмњои Љумњурии Тољикистон ба њайси корманди калони шуъбаи тарљума ва тањияи осори фалсафии мутафаккирони тољику форс ба Пажўњишгоњи фалсафа ва њуќуќи АИ ЉТ даъват гардида, аз соли 1992 то соли 2005 дар вазифаи мудири Шуъбаи тарљума ва тањияи осори фалсафии мутафаккирони тољику форс кору фаъолият намудааст.
Баъди њимояи рисолаи докторї дар мавзўи «Тањаввули истилоњи фалсафї дар забонњои арабї ва тољикї дар пояи мероси фалсафии Ибни Сино» дар соли 1997 ва идомаи фаъолият дар Шуъбаи тарљума ва тањияи осори фалсафии мутафаккирони тољику форс то соли 2005 дар њамин Шуъба иљрои вазифа намудааст.
Дар соли 2005 ба тариќи озмун ба њайси мудири кафедраи филологияи араби факултети шарќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон ба кор оѓоз намуда, то 2012 дар ин вазифа фаъолияти илмї-педагогии худро идома додааст.
Дар њоли њозир Сулаймонов С. ба њайси профессори кафедраи филологияи араби факултети забонњои Осиё ва Аврупои Донишгоњи миллии Тољикистон кор карда истодааст.
Фаъолияти илмї ва иљтимоии д.и.ф. Сулаймонов С. ба се соња таќсим кардан мумкин аст:
1). Номбурда аз соли 1972 то кунун бо фосилањои мухталиф дар кафедраи филологияи араб ба њайси муаллими забони арабї дарс гуфта, садњо шогирдонро дар ин давра тарбия намуда, аз фанњои муњими забоншиносии араб аз ќабили: «Забони арабї», «Мадхали тахассус», «Таърихи шарќшиносї», «Мулаххаси матбуоти даврии араб», «Матнњои махсуси фалсафї, забонї, таърихї, љуѓрофї», «Забоншиносии араб ва методологияи он» ва фанњои дигар дарс гуфтааст.
2). Соњаи дуюми фаъолияти доктори илми филология Сулаймонов С. тарљума ва тањияи осори фалсафии мутафаккирони тољику форс аз забони арабї ба забонњои тољикї ва русї ва аз забони форсї ба забони русї мебошад. Љойи тазаккур аст, ки Сулаймонов С. дар солњои фаъолияти кории худ дар Пажўњишгоњи фалсафа ва њуќуќи АИ ЉТ дар байни солњои 1985-2005 ва баъд аз он то њол асарњои зерини Ибни Сино: «Њикмати машриќия», «Њидоя», «Ибора» аз «Китобу-ш-шифо», маљмўи «Осори ирфонї ва динии Ибни Сино» (20 рисола), аз љумла рисолањои: «Њудуд», «Андар ахлоќ», «Тафсири Ибни Сино ба бархе аз сурањо ва оятњои Ќуръон», «Андар ишќ», «Саломон ва Абсол», «Њай ибни Яќзон», «Рисолаи тайр», «Илми ладунї», «Андар салот», «Фирдавс дар моњияти инсон», «Андар њузн», «Аршия дар сифоти Аллоњтаоло» ва ѓайраро ба забони тољикї тарљума намуда, дастраси муњаќќиќон ва хонандагон гардонидааст. Њамчунин мавриди ишора аст, ки асари «Њикмати машриќия»-и Ибни Синоро, ки дар байни доирањои илм доир ба пайдоиш ва интишори он дар фалсафаи исломї гуфтугузорњои мухталиф ва мутаноќиз вуљуд дошт, аз нусхаи факсмиллии дастхатї бори аввал дар таърихи фалсафаи тољик ба забонњои  тољикї ва русї тарљума намуда, дастраси олимону хонандагон гардонидааст. Љойи ишорат аст, ки доктори илми филология Сулаймонов С. дар тарљумаи осори мутафаккирони тољику форс сањми барљаста дошта, бо ќалами ў чунин осори машњури Ибни Сино бори аввал ба забони русї тарљума гардидаанд: «Восточная философия», «Руководство по философии», «Книга спасения», «Родники мудрости», «Книга спасения», «Об остолковании» из «Книги исцеления», «Силлогизм» из «Книги исцеления», «О софистических опровержениях» из «Книги исцеления», трактаты: «Об определениях», «Комментарии к некоторым сурам Корана», «Об этике», «О любви», «Живой сын Бодрствующего», «Саламан и Абсал», «О птицах», «Касыда о душе», ки дар солњои 2005, 2006, 2008, 2009, 2010, 2011 дар нашриёти «Дониш»-и АИ ЉТ ба чоп расидаанд. Ѓайр аз ин осор Сулаймонов С. маљмўаи осори фалсафии Умари Хайёмро, ки аз љониби Юшкевич ба забони русї тарљума гардида буданд, тарљумањои тољикии онњоро илова намуда, матни асили осори фалсафии Умари Хайёмро ба забонњои тољикї-форсї ва арабї дар зимни тарљумањо замима намуда, соли 2003 дар нашриёти «Ирфон» онро ба чоп расонидааст. Ѓайр аз ин аз љониби Сулаймонов С. рисолаи «Аршия»-и Садриддини Шерозї ба забони русї тарљума гардида, дар соли 2004 бо номи «Небесная мудрость» дар шањри Алмаато ба чоп расидааст. Њамчунин дар њамин шањр дар солњои 1997, 2002, 2004 китобњои зерин бо таќризњои олимони шинохтаи Љумњурии Ќазоќистон ба чоп расидаданд: «Житие Имама Хусейна» (Сайидљаъфар Шахиди), «Подобный весенним цветам. Новый взгляд на жизнь и личность великого пророка ислама», «Бог в исламской философии» (Мухаммад Таки Месбах-и Йезди). Дар соли 2003 бошад, асарњои зерини Ибни Сино: «Восточная философия», «Руководство по философии», трактаты «Об определениях» ва «Об этике» дар шањри Ашќободи Љумњурии Туркманистон ба чоп расидаанд. Њамчунин Сулаймонов С. дар тањияи осори фалсафии мутафаккирони тољику форс фаъолона иштирок намуда, асари «Зоду-л-мусофирин» ва «Рисолаи њикматї»-и Њаким Носири Хусрави Ќубодиёниро омода намуда, ба муносибати љашнвораи 900-солагии зодрўзи мутафаккир ба чоп расонидааст ва аксари рисолањои фалсафии Афзалиддини Кошониро барои чоп тањия кардааст, ки њанўз ба чоп нарасидаанд. Њамчунин рисолаи «Аќидату-л-аќоид»-и Насираддини Тўсиро ба забони русї тарљума кардааст, ки њанўз ба табъ нарасидааст. Аз корњои љолиби дигаре, ки Сулаймонов С. ба анљом расонидааст, тарљума аз забони арабї ба забони тољикї ва тањияи яке аз асарњои мутафаккирони каломии фалсафаи тољик Мавлоно Љомии Сонии Ќаротегинї «Мазњари кул», «Эътиќоднома», «Фарзи айн», «Ќитъа, байт, шеърпорањо»-ро дар зимни осори мунтахаби вай омода намуда, соли 2005 ба чоп расонидааст.
Љойи ишорат аст, ки дар њоли њозир д.и.ф. Сулаймонов С. яке аз тарљумонњои фаъол ва ташвиќгарони осори фалсафии Ибни Сино буда, ба тарљумаи осори њанўз тарљуманашудаи Шайхурраис машѓул мебошад ва то њол бо ќалами ў панљ љилди осори мутафаккир ба забонњои тољикї ва русї, ки зикри онњо дар боло гузашт, чоп гардида, дастраси пажўњишгарон ва њаводорон гардидааст.
3). Самти сеюми фаъолияти Сулаймонов С. тањќиќ ва пажўњиш дар соњаи забоншиносии араб ва тољик, фарњангнигорї, фарњанги исломї ва фарњанги арабї мебошад. Аз мавзўъњои аввалини тањќиќот, ки Сулаймонов С. дар ибтидои фаъолияти илмии худ машѓул гардид, омўзиши осори љуѓрофияшиносони араб ва арабизабон аз нигоњи забоншиносии араб мебошад. Номбурда дар пояи мероси љуѓрофии яке аз саромадони љуѓрофияи араб, яке аз асосгузорони илми топонимика ё худ илм дар бораи номњои љуѓрофї Ёќути Њамавї дар асоси маводи асари бисёрљилда ва бисёр муњими ў «Муъљаму-л-булдон» («Луѓати алифбоии кишварњо») бори аввал дар шарќшиносии Шўравї ва шарќшиносии Тољикистон дар мавзўи «Асосњои лингвистии топонимика дар асари «Муъљаму-л-булдон»-и Ёќути Њамавї (XIII)» дар соли 1979 дар Институти ховаршиносии АИ Иттињоди Шўравї дар шањри Маскав аз миёни кадрњои мањаллї дар соњаи забоншиносии араб рисолаи номзадї њимоя кард. Баъдтар Сулаймонов С. доираи тањќиќоти илмии худро васеъ намуда, дар самтњои мухталифи забоншиносии араб ва тољик тањќиќот бурда, махсусан самти тањќиќоти худро ба забони илм ва фалсафаи арабу тољик равона кард. Дар натиљаи тарљумаи адади зиёди осори фалсафии мутафаккирони араб ва арабизабони тољику форс ва махсусан Шайхурраис Ибни Сино ба забонњои тољикї ва русї ба тањќиќи таърихи пайдоиш, такомул ва истиќрори истилоњи фалсафї дар забонњои арабї ва тољикї машѓул гардид. Натиљаи тањќиќи чандинсолаи осори фалсафии Ибни Сино ба забонњои арабї ва тољикї сабабгори он гардид, ки Сулаймонов С. дар соли 1997 дар мавзўи «Тањаввули истилоњи фалсафї дар забонњои арабї ва тољикї дар пояи мероси фалсафии Ибни Сино» бори аввал дар арабшиносии тољик рисолаи докторї омода карда, дар њамин сол онро дифоъ намуд. Ѓайр аз ин, номбурда баъди њимояи рисолаи докторї теъдоди зиёди маќолањо, гузоришњо ва маърўзањо омода намуда, онњоро дар маљаллањои илмї, конфронсњои байналмилалї ва мањаллї пешкаш кардааст. Сулаймонов С. барои таълими забони арабї як дастури таълимї бо номи «Очерки мухтасари сарф (морфология)-и забони арабї (2006)», «Китоби хониш (2006)» ва «Матнњои баргузида барои ќироат (2013)»-ро омода карда, ба чоп расондааст.
Аз корњои бисёр муњим ва замонавии д.и.ф Сулаймонов С. омода кардани аввалин фарњанги шомили муосири забони арабї мебошад, ки чопи аввали он бо номи «Фарњанги арабї – тољикї (2005) (беш аз 70 000 калима)» ва чопи дуввуми он «Фарњанги шомили арабї – тољикї (2010) (зиёда аз 100 000 калима)» аз чоп баромада, дастраси оммаи хонандагон гардид. Њамчунин, шакли мухтасари фарњанги мазкур бо номи «Фарњанги васити арабї – тољикї (30 000 калима)» дар соли 2008 аз чоп баромад, ки ин фарњанг чи аз љињати сохтор ва чи аз љињати мавод камназир буда, бо назардошти бозёфтњои забоншиносии муосир ва фарњангнигории арабї тартиб дода шудааст. Љойи тазаккур аст, ки дар њоли њозир д.и.ф. Сулаймонов С. ба тартиб додани «Фарњанги шомили алифбоии арабї – тољикї – русї (зиёда аз 120 000 калима)» машѓул мебошад, ки он на танњо дар арабшиносии тољик, балки дар ховаршиносии рус низ њамто надорад. Ѓайр аз ин, д.и.ф. Сулаймонов С. барои тартиб додани «Фарњанги муосири тољикї – арабї (40 000 калима)» машѓул буда, як бахше аз он ба сомон расидааст ва умед њаст, ки дар солњои наздик ба чоп расида, дастраси њаводорон гардад.
Њамзамон д.и.ф. Сулаймонов С. дар соли 2011 барои таълифи «Фарњанги шомили арабї – тољикї» ва баъди муњокимаи он бо иштироки гурўњи мутахассисон аз Донишгоњи Ќоњира, Донишгоњи ал-Азњар, Маркази забонњо ва Академияи забони арабї, дар соли 2012 ба њайси узви вобастаи Академияи забони арабї дар Ќоњира интихоб гардид.
Хизматњои д.и.ф. Сулаймонов С. дар тарљума ва тањќиќи осори мутафаккирони арабизабони форсу тољик ба назар гирифта шуда, соли 2003 бо медали "Хизмати шоиста" ва соли 2011 барои омода кардани "Фарњанги шомили арабї – тољикї" ва њамчунин фаъолияти илмї – педагогї ба муносибати 20-солагии истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон бо унвони "Арбоби илм ва техника" сазовор гардидааст.
   

المؤلف
1) ولد المؤلف الدكتور سيدرحمن سليماني يوم 10\5\1947 في ناحية تاجيك آباد في جمهورية تاجيكستان.
2) تخرج في كلية الاستشراق ق فى سطور
سم اللغة العربية وحصل على شهادة التخصص فى اللغة العربية وآدابها من جامعة دوشنبهِ في عام 1969.
3) حصل على شهادة الماجستير في اللغة العربية و آدابها من معهد الاستشراق أكاديمية العلوم السوفياتية عام 1979.
4) حصل على شهادة الدكتوراه في اللغة و آدابها من جامعة دوشنبه سنة 1997.
5) هو حالياً مدير قسم اللغة العربية في جامعة دوشنبه الحكومية القومية.
أهم البحوث والمؤلفات:
- ياقوت الحموي أول مؤسس لعلم التسميات الجغرافية وذلك أطروحة لنيل شهادة الماجستير. مسكو، عام 1979.
- استقرار المصطلح الفلسفي في اللغة العربية والتاجيكية استناداً إلى مؤلفات لابن سينا الفلسفية وذلك أطروحة لنيل شهادة الدكتوراه في العلوم الأدبية واللغوية. دوشنبه، عام 1997.
- تشكل اللغة الفلسفية التاجيكية، رسالة علمية، دوشنبه، 1997. 
- مجموعة من المقالات في علم اللغة العربية والتاجيكية والحضارة الاسلامية.
- دستور المكاتبات التجارية في اللغة العربية، كتاب صدر باللغتين العربية والتاجيكية في دوشنبه، عام 1999.
- نبذة موجزة عن الصرف العربي. دوشنبِه. 2005.
- المعجم العربي – التاجيكي. في مجلّدين، دوشنبِه. 2005.
- معجم سليماني الوسيط. دوشنبِه. 2008.
- قواعد الصرف و النحو العربين في أوجز أشكالهما. دوشنبِه. 2008.

نشاط الترجمة

- عمر خيام. الرسائل الفلسفية. الترجمة و تحضير إلى اللغتين التاجيكية والروسية. دوشنبه. 2002.
- ترجمة الرسالة العرشية ملا صدر الدين الشيرازى الى اللغة الروسية، أَلْمَا أَتَا 2003.
- ترجمة مجموعة آثار ابن سينا الفلسفية من العربية الى اللغة التاجيكية وهى: الحكمة المشرقية، الهداية، كتاب النجاة، الآثار الدينية والعرفانية، كتاب العبارات من كتاب الشفاء، رسالة الحدود، تفاسير ابن سينا القرآنية، رسالة الأخلاق، كتاب عيون الحكمة، حي بن يقظان، سلامان و ابسال، قصيدة العينية. دوشنبه، 2005.
- ترجمة مجموعة آثار ابن سينا الفلسفية من العربية الى اللغة الروسية وهى: الحكمة المشرقية، الهداية، كتاب النجاة، الآثار الدينية والعرفانية، كتاب العبارات من كتاب الشفاء، رسالة الحدود، تفاسير ابن سينا القرآنية، رسالة الأخلاق، كتاب عيون الحكمة، حي بن يقظان، سلامان و ابسال، قصيدة العينية. دوشنبه، 2005.
- ترجمة رسالة قواعد العقائد لنصيرالدين الطوسي الى اللغة الروسية.
- مولانا جامي الثاني القراتيكيني وكتابه مظهر الكل. تحقيق وترجمة، دوشنبه. 2005.
- مجموعة مقالات عن الفلسفة الاسلامية الى اللغة الروسية.

الأنشطة الثقافية

- عضو اتحاد المستشرقين.
- عضو جمعية الصداقة الليبيّة والتاجيكستانية.

Корҳои таҳқиқшуда


§  Ёќути Њамавї асосгузори илми топонимика. (Рисолаи номзадї, М., 1979).
§  Ташаккули истилоњи фалсафї дар забонњои тољикї ва арабї дар пояи мероси фалсафии Ибни Сино. (Рисолаи докторї. Душанбе, 1997).
§  Ташаккули забони фалсафаи тољик. Душанбе, (монография) 1997.
§  Маљмўаи маќолањо доир ба забоншиносии арабу тољик ва фарњанги исломї.
§  Дастури мукотиботи бозаргонї ба забони арабї ва тољикї. (Дастури таълимї), Душанбе, 1999.
§  Мавлоно Љомии Сонии Ќаротегинї. (Тањќиќ ва тарљума аз арабї ба тољикї). Душанбе, 2005.
§  Очерки мухтасари сарф (морфология)-и забони арабї. Душанбе, 2005.

 Тарљумањои илмї аз арабї ба забони тољикї


§  Омар Хаййам: «Философские трактаты» (комментария и подготовка текста к издании). Душанбе, 2002.
§  Садруддин аш-Ширази: трактат «Небесная мудрость». Алмаата, 2004.
§  Осори Ибни Сино: «Њикмати машриќия», «Њидоя», «Ибора»  аз «Китобушшифо», маљмўи «Осори ирфонї ва динии Ибни Сино» (20 рисола), аз љумла рисолањои: «Њудуд», «Андар ахлоќ», «Тафсири Ибни Сино ба бархе аз сурањо ва оятњои Ќуръон», «Андар ишќ», «Саломон ва Абсол», «Њай ибни Яќзон», «Рисолаи тайр», «Илми ладунї», «Андар салот», «Фирдавс дар моњияти инсон», «Андар њузн», «Аршия дар сифоти Аллоњтаоло» ва ѓ. Душанбе, 2005, 2006, 2008, 2009, 2010, 2011.

Фарњангномањо

§  Сулаймонї. С. Фарњанги арабї – тољикї (70 000 калима). Душанбе, «Эр-Граф», 2- љилд, 2004-2005.
§  Сулаймонї. С. Фарњанги васити арабї – тољикї (30 000 калима). Душанбе, «Нур», 2008.
§  Сулаймонї. С. Фарњанги шомили арабї – тољикї (100 000 калима). Душанбе, «Эр-Граф», 2011.
§  Сулаймонї. С. Фарњанги шомили алифбоии арабї – тољикї – русї (120 000 калима). (зери табъ)

Фаъолияти илмї ва фарњангї

§   Аъзои љамъияти дўстии Тољикистон – Шоњигарии Арабистони Саудї.
§   Аъзои љамъияти дўстии Тољикистон – Либия.
§   Аъзои Шўрои дифои рисолањои номзадї ва докторї доир ба илми филология.
§   Узви вобастаи Академияи забони арабї дар Ќоњира. (Љумњурии Мисри Араб).




Донишманди тоҷик Саидраҳмон Сулаймонов ба узвияти Академияи забони арабӣ дар 
Қоҳираи Мисри Араб пазируфта шуд.

Заҳмати 22 сола дар таҳия ва таълифи «Фарҳанги арабӣ - тоҷикӣ», доктор Сайидраҳмон Сулаймонов, мудири кафедраи забони арабии факултаи шарқшиносии ДМТ-ро узви Академияи забони арабӣ гардонид.

Ба ин тартиб арабшиноси тоҷик Сайидраҳмон Сулаймонов, нахустин донишманди забони арабӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, ки ба узвияти Академияи забони арабӣ, ки мақараш дар Қоҳираи Мисри Араб аст, пазируфта шуд.

Маҳз хадамоти шоёни ин донишманди то
ҷик дар рушди илми шарқшиносии тоҷик 
боиси он шуд, ки Фарҳангистони бонуфуз ва мӯътабари ҷаҳони ислом аз вай қадршиносӣ кунад ва ӯро дар қатори беҳтарин арабшиносони ҷаҳон ворид созад.
Сайидраҳмон Сулаймонов,  дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, ки «мояи ифтихорам аст, ки заҳматҳои чандинсолаам барабас нарафт ва дар ниҳоят аз сӯи як муассисаи илмии ҷаҳонӣ қадр шуд. Минбаъд низ талош хоҳам кард, то саҳми худро дар рушди улуми шарқшиносӣ, ба хусус фарҳанги забони арабӣ бигзорам.»
  
Ин ҳам дар ҳоле, ки ба таъкиди доктор Сулаймонов, таҳия ва таълифи «Фарҳанги арабӣ -тоҷикӣ» дар ҳаҷми 2, 5 ҳазор саҳифа, ки муддати 22 сол болои он кор кардааст, ӯро ба узвият дар Акадлемияи забони арабӣ мушарраф гардонид.
Афзун бар ин, ин донишманди то
ҷик дар муддати беш аз 40 соли фаъолияти илмӣ, беш аз 100 асар, рисолаву мақола ва дигар осори адабиро таълиф кардааст.

Пас аз «Фарҳанги араб
ӣ-тоҷикӣ», тарҷумаи 5 ҷилди осори Абуалӣ ибни Сино аз дигар корҳои шоёни ин арабшиноси тоҷик ба шумор меравад. Ин аст, ки Сайидраҳмон Сулаймонов рисолаи доктории худро дар соли 1999 дар мавзӯи «Таҳаввули истилоҳи фалсафӣ дар забонҳои арабӣ ва тоҷикӣ дар пояи мероси фалсафии Абу Алӣ Ибни Сино» ҳимоя кардааст.

Доктор Сайидраҳмонов аз соли 1972 то 1985 дар Донишгоҳи Миллии То
ҷикистон ва баъдан то соли 2004 дар Академияи Улуми Тоҷикистон фаъолияти илмӣ-пажӯҳишӣ кардааст. Аз соли 2005 то кунун фаъолияти худро дар факултаи шарқшиносии ДМТ давом дода ва ҳоло дар мақоми мудири кафедраи забони арабӣ ифои вазифа дорад.

Доктор Сулаймонов, ният дорад, то «Фарҳанги нави араб
ӣ-тоҷикӣ
» -ро дар шаклу мазмуни тоза таълиф намояд.

 “Ҳадяи Сулаймонӣ”. РӮНАМОИ КИТОБИ ОЛИМИ ВАРЗИДА Имрӯз (27.02.2025) дар факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо и...