“Ҳадяи Сулаймонӣ”. РӮНАМОИ КИТОБИ ОЛИМИ ВАРЗИДА
Имрӯз (27.02.2025) дар факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки садорат ва ҳайати устодону донишҷӯёни факултети мазкур, инчунин, меҳмонон аз сохторҳои мухталифи ҷумҳурӣ рӯнамои китоби олими варзида, шахсияти барҷаста ва донишманди пуркори соҳаи арабшиносӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи филологияи араби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Саидраҳмон Сулаймонов зери унвони “Ҳадяи Сулаймонӣ” баргузор гардид.
Нахуст, декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо, номзади илмҳои филологӣ Сайдализода Ш.А. маҳфилро ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмонон ва аҳли нишастро барои иштирокашон хайрамақдам гуфт ва маърӯзаеро оид ба фаъолияти эҷодии профессор Сулаймонов С. ба самъи ҳозирин расонид. Сипас, устод Сулаймонов Саидраҳмон дар бораи таҳияи китоби луғат ва илми луғатнигорӣ маълумот дод. Баъдан д.и.ф., профессор Мамадназаров А., д.и.ф., профессор Раҷабов Ҳ., д.и.ф., профессор Сафаров У. ва узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ф., профессор Султонов М. ва дигарон роҷеъ ба заҳмат ва хизматҳои шоёни устод Сулаймонов С. дар роҳи илми луғатнигорӣ суханронӣ намуданд.
Китоби “Ҳадяи Сулаймонӣ” луғати сезабонаи арабӣ-тоҷикӣ-русӣ буда, шомили 250 000 калимаву иборот мебошад. Дар таҳияи китоби мазкур устод тули 33 соли умри худро бахшида, барои насли имрӯзу фардо чун ҳадяи бемислу камназир эҳдо намуданд.
Устод Саидраҳмон Сулаймонов дар рушду такомули илми ховаршиносии тоҷик саҳми бориз гузошта, фаъолияти эҷодии пурсамар ва осори арзишманди худро ҳамчун пули устувор, миёни имрӯзу фардо барои ҷамъи нафароне, ки дар соҳаи арабшиносии тоҷик таҳқиқу омӯзиш анҷом медиҳанд, боҳӣ гузоштааст. Қобили тазаккур аст, ки маҳз ба шарофати хидматҳои шоёни ин устоди забардаст мактаби шарқшиносии тоҷик густариши тамом пайдо карда, шогирдони зиёде дар ин ҷода ба камол расидаанд.